Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – ИФТИХОРИ  МИЛЛАТ!

print

      Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода  чорабинии ботантана баргузор шуд. Дар чорабинӣ афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, собиқадорони интернатсионалист, намояндагони ташкилоту корхонаҳо ҷавонон ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

      Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Вализода Абдуқодири Исуф ҳозиринро ба муносибати  ҷашни фархунда табрик намуда, афзуд, ки  “Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи мушкили иҷтимоию иқтисодӣ таъсис гардида, бо шарофати заҳмати шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ташаккул ёфта, қавию устувор гардид. Дар муддати бисту панҷ соли сипаригардида дар баробари пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар Қувваҳои Мусаллаҳ низ ба пешравиҳои назаррас ноил ва бо техникаву таҷҳизоти муосир ва мутахассисони касбӣ таъмин гардид.                     Ҳамзамон А. Вализода  таъкин намуд, ки дар муддати бисту панҷ соли сипаригардида дар баробари пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар

 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил ва бо техникаву таҷҳизоти муосир ва мутахассисони касбӣ таъмин гардида, дар қатори дигар ҷавонмардони Ватан садҳо нафар фарзандони бонангу номуси шаҳри Турсунзода низ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо карда истодаанд.

  

 Зикр гардид, ки дар  қаламрави шаҳр ҷyзъy томҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшyнҳои сарҳадии Кyмитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагии кишвар хизматро сарбаландона ба ҷо меоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои фаъолияти мунтазами кисмҳои низомӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, ин иқдомро минбаъд низ идома медиҳад.         

    Зимни суханронӣ А.Вализода вазъи тағйирёбандаи сиёсии сайёраро мавриди шарҳ қарор дода, изҳор дошт, ки зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои 

 

хатарнок, аз қабили терроризми байналмилалӣ аз ҳар яки мо  талаб менамояд, ки дар ҳифзи марзу буми кишварамон боз ҳам муттаҳид гашта, иқтидори мудофиавии Ватанамонро аз ҳарвақта дида пурзӯр намоем. Абдуқодир Вализода илова намуд, ки пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз суботу оромӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизамон вобаста буда, хусусан ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ вогузор гардидааст.  

       -Эътимоди комил дорем, ки афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии шаҳр ба оиннома, савганди худ боварии мардуми кишвар ва муҳтарам Пешвои миллат содиқ буда, барои ҳимояи Тоҷикистони озоду сулҳпарвар вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро  сарбаландона иҷро менамоянд,- таъкид дошт А. Вализода.

      Дар идома ба як қатор сарбозону афсарон, собиқадорони интернатсионалист, соҳибкорон ва  намояндагони маорифу фарҳанг  барои хизмати содиқона ба Ватан, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва  саҳми арзанда дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ  ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

        Шеъру таронаҳои ватандӯстонаи сарбозони қисмҳои ҳарбии шаҳр, саҳнаҳои ҷолиб ва рақсу сурудҳои ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ба тантанаи рӯзи ҳомиёни Ватан шукӯҳи тозаи идона бахшид.

  МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *