Сада ҷашни қадима буда, ба халқиятҳои ориёинажод мансуб аст. Тибқи солшумории мелодӣ ҷашнгириаш ба охири моҳи январ рост меояд. Аз рӯи солшумории шамсӣ бошад, Садаро 10-уми моҳи Баҳман таҷлил менамуданд. Сада аслан аз шумораи сад гирифта шудааст ва аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Аз рӯи гуфти Абурайҳони Берунӣ аҷдодони мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки дар якҷоягӣ расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд.
Агар одитар карда гӯем, Иди Сада дар поёни чилаи зимистон ҷашн гирифта мешуд ва рамзи гузаштани сардиҳои зимистон буду аз наздик шудани фасли баҳор мужда мерасонд. Ва дар хусуси пайдо шудани Сада ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Масалан, Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ – Ҳушанг нисбат медиҳад. Аз рӯи ақидаи ӯ, Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзондааст ва ин ҷашнро бунёд гузоштааст. Ва ҳикояте ҳаст дар ин хусус. Ҳушанг ҳангоми шикор бо мори азимҷуссае дучор шуд ва санги калонро гирифта ба сӯяш андохт. Санг ба санг бархӯрд, шарора афканд. Аз шарора баровардани ду санг ба ҳайрат монд, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Фирдавсӣ Садаро ёдгорӣ аз Ҳушанг медонад:
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун дигар шаҳриёр.
Абурайҳони Берунӣ бошад, дар “Китоб-ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок дониста, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии оини Сада нисбат медиҳад.
Мухтасар бигӯем, барои бузургдошти Митра (Меҳр) – худои гармию фурӯғи минои кишоварзон дар шаби ҷашни Сада гулханҳои бузург афрӯхта, хурсандӣ мекарданд. Сада пирӯзии рӯшноиро ба торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳор ва муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. Воқеан ҷашни Сада ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо шукуҳу шаҳомат истиқбол мегардид.
Мавриди қайд аст, ки дар кишварамон, дар даврони шӯравӣ ҷашни миллии мардуми мо аз байн рафт. Баъди Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан дар Тоҷикистон чанд ҷашн-ҳои миллии ниёгонамон аз нав эҳё шуданд. Сада низ. Албатта, бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони фарзонаи миллат.
Айни ҳол ба истиқболи ҷашни Садаи бос-тонӣ дар саросари кишвар омодагӣ мебинанд. Ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангию ҳунармандӣ гузаронида мешаванд. Иди Сада – нахустин муждаи Баҳор фараҳ мебахшад ба дили пиру барнои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол…
Сайёра ҚОБИЛОВА, омӯзгор.