Нуқтаи назар Таҷлил

СОЛИ ҶАВОНОН – СОЛИ БУРДБОРИҲО

print

Тӯли соли 2017 ҷавонони шаҳр, махсусан донишҷӯёни коллеҷҳо басо серташвишу серкор буданд. Чунки бахшида ба Соли ҷавонон барои онҳо имкониятҳои бештар барои рушди серҷониба ва дарёфти дастовардҳои беназир фароҳам оварда шуда буд.  Донишҷӯёни Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода аз он ҷумлаанд.

Муҳассилини ин даргоҳи касбу ҳунар дар давоми сол бар иловаи донишандӯзӣ ва омӯзиши касбҳои гуногун боз дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, ҷамъиятиву фароғатӣ ва ободониву кабудизоркунии сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, барои хотирмон ва   сермаҳсул гузаштани Соли ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд.

Иштирок дар ҳашарҳои умумишаҳрӣ, ободонӣ ва кабудизор кардани минтақаҳои атрофи хати санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», саҳм дар баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварданд, иштирок дар чорабинӣ бахшида ба ифтитоҳи Лоиҳаи CASA-1000, ки дар он Сарвари давлат ва сарони кишварҳои узви лоиҳаи мазкур ташриф оварданд ва ғайраҳо мисоли гуфтаҳои болоянд. 

Қайд кардан зарур аст, ки дар коллеҷ бештари ҳайати омӯзгорон низ ҷавон буда, дар ҳамдастӣ бо шогирдон аз эътибори Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо дарки масъулият пайи таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолиятанд.

Дар арафаи хотимаёбии Соли ҷавонон устодону шогирдони коллеҷ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода дар толори хонаи фарҳанги КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» як ҳамоиши ботантана доир намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумита ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр аз дастовардҳои ҷавонони коллеҷ дар Соли ҷавонон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи нақши Пешвои миллат дар рушди кишвари азизамон ва махсусан дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон маълумотҳои муфассал доданд.

Дар фароварди чорабинӣ ҷавонони фаъоли коллеҷ бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва маъмурияти муассиса қадрдонӣ гардиданд.

Боиси тазаккур аст, ки омӯзгорон ва муҳассилини коллеҷ минбаъд низ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар таҳкими дастовардҳои даврони истиқлолият  саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷангибек САИДАМИНОВ,

роҳбари ташкилоти  ибтидоии кор бо ҷавонон ва варзиши

Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *