Нуқтаи назар Фарҳанг

ТААССУРОТ АЗ САФАРИ ВИЛОЯТИ СУҒД

print

Дар арафаи Соли нави 2018 тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзши назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Президенти футболи ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 40 нафар ҷавонони фаъол аз шаҳру навоҳии кишварамон озимӣ лагери «Уқобча», воқеъ дар ноҳияи ҷаббор Расулови вилояти Суғд шуданд. Хушбахтона ман ҳам  ба ин гуруҳ шомил будам. Мақсади сафари мо асосан вусъати сайёҳати дохилӣ, густариши дӯстию рафоқати ҷавонон ва муттаҳид намудани ин қишри бунёдсоз буд.

Моро хуш истиқбол гирифтанд. Пас аз пешвозгирӣ ва истироҳати наонқадар тӯлонӣ, бо сардории роҳбалад  Самандар Абдуллоев «Шоми дӯстӣ» – ро ташкил кардем. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронидем. Пагоҳирӯзӣ ба бозиҳои гуногуни варзишӣ – волейбол, футбол, тенниси рӯйи миз ва ғайра машғул шудем. Баъдан бо сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон Алиҷон вохӯрӣ, ҳамчунин дар мавзуи «Соли ҷавонон ба мо чӣ дод?» мусобиқаи «Иншои беҳтарин» дар байни гуруҳҳо гузаронида шуд.

Сипас мо ба қасри Арбоб, ки дар ин ҷо Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум шуда гузашта буд, омадем. Дар бораи қасри Арбоб маълумот гирифтем. Осорхонаашро низ тамошо кардем.

Баъдан ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон,  ки дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст, меҳмон шуда бо равиши дарс, кабинетҳои омӯзишӣ ва лабораторӣ, ҷойи расмкашӣ ва рассомӣ ва ҳунарҳои миллӣ шинос шудем…  Сафарамонро давом дода ба қалъаи Темурмалик, пас-он ба боғи Камоли Хуҷандӣ рафтем. Бади сайругашт ба лагер баргаштем. Шомгоҳон дар гирди гулхан сафарамонро ҷамъбаст кардем… Зимни сафар мо дӯстони нав пайдо кардем. Аз урфу одат ва таъриху тамаддуни мардуми инҷо огаҳӣ ёфтем. Умуман ин сафари сайёҳӣ ба мо таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт. Ва ҳар яки мо фахр аз он доштем, ки чунин Ватани зебо дорему Пешвои миллати ғамхору дилсӯз. Зери шиори «ҷавонон – пайравӣ Пешвои миллат» аъло таҳсил мекунем ва ба гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон аҳми арзанда мегузорем. 

Фатона ҲАСАНОВА,

хонандаи синфи 11 «А» МТМУ №59-и шаҳри Турсунузода, барандаи стипендияи раиси шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *