Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии оиладоршавоии бармаҳал ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила ва ташвиқу, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, ҳамчунин муаррифӣ намудани беҳтарини оилаҳои ҷавон бахшида ба Соли ҷавонон Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон» ба тасвиб расид.
Озмун дар се давр – даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар доираи вилоятҳо ва даври ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки дар он, оилаи беҳтарин аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, ҳисор, Варзоб, Файзобод, Роғун, Рашт ва Тоҷикобод ширкат намуданд.
Дар даври шаҳрӣ оилаи ҷавони сокинони деҳаи Деҳвак, ҷамоати деҳоти Работ – Набиҷон ҳалимов ва Гулрӯ Забирова ғолиб гардида, дар озмуни ҷамъбастӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирок намуда бо дипломи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
МАДИНА ҚУРБОНОВА,
мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода