Нуқтаи назар Сиёсат

АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ

print

Амали ваҳшиёнае, ки чанде пеш дар яке аз масҷидҳои Мисри Араб рух дода  чанд касро қурбон кард ва дар байни қурбониён ноболиғон низ мавҷуд буданд, дунёро ба ларза овард.

Ҳамлагарон баъзеҳояш дар рӯй ниқоб ва дигарҳояш бо ришу мӯисари дароз 25-30 сола будаанд. Дар ин амалиёт 305 нафар кушта шудаанд, аз ҷумла 27 нафар ноболиғон, инчунин 125 нафар захмию маҷруҳ гардиданд. Баъд аз ин воқеа дар кишвар 3 рӯз мотам эълон шуд.

Оё шумо дарк кардед, ки ин амалро ягон дастаи яҳудӣ ё насронӣ накардааст. Албатта не, онро яке аз аъзоёни гуруҳҳои ба ном «Давлати Исломии Ироқу Шом» ва ё ба ном «Ансоруллоҳ», ё «Ал-қоида», ё «Таҳрир» ё дигару дигар иҷро  карданд. Дар натиҷа мусалмон бо дасти 

 

мусалмон кушта мешавад ё хонавайрону сарсону саргардону ватангадо. Аз ин амали бехирад бармеояд, ки онҳо ҷуз аъзои худ дигар шахсонро мусалмон намедонанд. Барои ҳамин онҳо то дами охир бо ақидаи вайрони худ муборизаи хешро бо дасти ҷавонони бесаводу дунёдӯсту дунёпараст ва бо дастгирии ашхоси мухолифини ислому мусалмонон идома медиҳанд.

Аъмоли ин гуруҳи террористон ва исломгароёнро аз лиҳози дини мубини ислом ва қуръон чӣ  гуна метавон арзёбӣ кард? Дар солҳои охир воқеаҳое дар давлатҳои исломӣ ба назар мерасанд, ки на аз лиҳози дину шариат ва на аз лиҳози ақли солим қобили қабул аст. Зеро қуръону суннат ба куштору даҳшат ва ба вайрониву хонахаробӣ амр накардааст.

Худованд мефармояд: Ба номи Худованди бахшандаю меҳрубон  ба сабаби ин ҳодиса бар бани Исроил ҳукм кардем, ки ҳар касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад. Ва ҳар кӣ сабаби зиндагонии касе шавад пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо зинда сохта бошад. (Сураи  Моида, ояти 32).

Дар ҳадиси қудсӣ Худованд фармудааст: Эй бандагонам, ҳамоно ман зулмро бар худ ҳаром кардаам ва онро дар байни шумо ҳаром гардонидаам, пас ба ҳамдигар зулму ситам накунед. (саҳеҳ Муслим 8-16). Ва дар ҳадиси Пайғамбар (с.а.в.) аз Абу Зар (р.а.) ривоят карда шудааст, ки Пайғамбар (с.а.в.)  фармудаанд: ҳар касе аз ҷамъоат як ваҷаб ҷудо шавад, бас ба таҳқиқ гарданбанди исломро аз гарданаш берун кашидааст. (Ин ҳадисро Байҳақӣ ривоят кардааст).

ҳамаи қонунҳои илоҳӣ ба хотири ҷалби манфиат ва дафъи вайронӣ омадааст. Ва дар ин маврид иқтибос аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меорем, ки мефармоянд: «Расолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусалмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ ба ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавононамон нишон диҳем. Ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Мо дар ин амал аз Пешвои миллати худ, ки аз минбари Созмони Миллати Муттаҳид тамоми инсониятро аз мушкилӣ ва норасоии об огаҳ сохта, диққати аҳли башарро ба проблемаҳои глобалӣ ҷалб намудаанд, бояд ибрат гирем.

Ҳар яки мо, аз ҷумла ходимони дин ва махсусан имомхатибонро зарур аст, ки дар якдиливу ҳамбастагӣ ва ваҳдати том ниқоби рӯйи ин гуруҳҳоро гирифта, симои аслии манфури онҳоро ба мардум намоиш диҳем. Бифаҳмонем, ки ягон хату ҳаракати онҳо ба дини поки ислом ба ҷуз номи онҳо ҳеҷ гуна робитае надорад, мақсад ва ҳадафи онҳо фақат ва фақат ба даст овардани пулу моли дунё ва айшу ишрат аст. Ва мо аз ин кирдорҳои манфури онҳо норизо ҳастем ва вокуниши худамонро изҳор менамоем.

Ва ба қадри имкон тариқи фармудаи Аллоҳу таъоло, ки дар қуръон мефармояд, Ба номи Худованди бахшандаю меҳрубон: «Ва дар накӯкориву тақво ҳамкорӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз ҳамкорӣ накунед»,  амал намоем.

 Ва охиру даъвона анилҳамду лиллоҳи рабил оламин.

А.  ҲАҚНАЗАРОВ,сархатиби шаҳри Турсунзода.

One Reply to “АМНУ ОРОМӢ ДАР КУРАИ ЗАМИН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМАГОН АСТ

  1. Мутаассифона, имрузҳо дар кадом як кунҷи дунё як сару садо ва ҷангу низоъ аст, мусалмон онҷост. Эй бародарон, чашми хирад бикшоед, аз гуфтаи Худованд амал кунед… Худо нагуфтааст, ки мардумкушӣ кунед. То ба кай ин ҷангу ҷидол. То бакай ин қадар худкушиҳо,

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *