Нуқтаи назар

ПАЁМ – ДАСТУРИ ПУРАРЗИШ

print

Паёми навини Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли мардуми шарифи мамлакат рӯҳбаландиву нерӯ бахшид. Ва он фарогири тамоми соҳаву қишрҳои ҳаёт буда, моро ба омӯзиш даъват мекунад.

Пешвои миллат зимни Паёмашон ба соҳаи маориф низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд: «Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда – дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд».

Ин дастоварди хуб буда, мо кормандони соҳаи маорифро хушнуд ва дар донишомӯзии амиқу таълими шогирдон бештар даъват месозад. Ва тавре муҳтарам Пешвои миллат иброз доштанд: «… Аммо мо набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем».

Пас мо омӯзгоронро лозим меояд, ки баҳри ба Паём ҷавобгӯӣ намудан сатҳу сифати хониши хонандагонро баланд бардорем, нишондиҳадаҳои сифати таҳсилотро бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем. Ва ба ин, ҳангоми заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшидан муваффақ мешавем. ҳамчунин моро зарур аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас таваҷҷуҳи хоса диҳем. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин масъала бошад, таълиму тарбияро дар сатҳи паст қарор медиҳад, садди роҳи пешравӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгор фидокори пешаи худ бошаду таълиму тарбияи хубаш ба шогирдон самара бахшад.

ҳамчунин муҳтарам Президенти кишварамон дар ироаи Паёмашон афзуданд, ки соли 2017 аз ҳисоби сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Албатта ин нишондод аз ғамхориҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари давлат шаҳодат медиҳанд.

Боиси  хурсандӣ боз он аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018 – 2020» қабул гардид ва он ба беҳдошти таълиму тарбияи хонандагон ва фаъолияти омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.

Инак, дар назди мо омӯзгорон вазифа гузош- та шудааст, ки дар роҳи таълиму тарбияи нас-ли наврасу ояндасоз бо заҳмати беш кӯшида, рисолати омӯзгории хешро исбот карда тавонем ва онҳоро чунон илму дониш омӯзонем, ки оянда соҳибмаърифату соҳибкасб шуда, бо лаёқати баланди касбиашон дар рушди кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд ва бо дониши хубу ихтироъкориашон Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ созанд. Ба ин эътимодамон комил аст.

Муътабар Раҳимова,

муовини директор оид ба корҳои тарбияи МТМУ №94-и шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *