Нуқтаи назар Саноат

ҲАДАФ: ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

print

22 -юми декабри соли 2017  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.

Аз ҷумла Пешвои миллат дар Паёмашон ба соҳаи рушди энергетикаи ҷумҳурӣ баҳои мусбат дода, афзалияти «иқтисодиёти сабз»-ро яке аз соҳаҳои асосии стратегии давлат номиданд. қайд намуданд, ки «ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва тадбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст». 

Аз суханронии Президенти кишвар бармеояд, ки рушди соҳаи энергетика барои пешравии минбаъдаи самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад. Чунки обҳои дохили Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи умумии гидроэнергетикӣ, дорои 527 миллиард кВт/соат дар давоми сол мебошад. Бо захираи ин миқдори энергия ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 220 давлатҳои ҷаҳон бартарӣ дошта, пас аз Чин, Русия, ҳиндустон, ИМА, Канада, Бразилия ва Зоир ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Аз ҷиҳати захираи хоси неругоҳҳои обӣ бошад, нисбат ба шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюм ва аз ҷиҳати захираи хоси он нисбат ба масоҳати ҷумҳурӣ, дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекунад.

НБО-ҳои «Дӯстии халқҳо» дар дарёи Сир, «Варзоб» дар дарёи Варзоб, Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда – 2, Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ дар дарёи Вахш, инчунин дар дарёҳои Бартанг, Ванҷ ва ғунд (дар ВМБК) аз солҳои шастуми асри гузашта инҷониб амал мекунанд. Дар давраи истиқлолият бошад, НБО-и Сангтӯда – 1, Сангтӯда-2, Помир-1 ва даҳҳо НБО-ҳои хурд сохта ба истифода дода шуданд. Бо баробари ин сохтмони бузургтарин дар Осиёи Марказӣ НБО «Роғун» давом дорад, ки дар асоси нақша декабри соли ҷорӣ агрегати якум ва семоҳаи соли 2019 агрегати дуюми неругоҳ ба кор медарояд.

ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар болооби дарёи Вахш сохтмони НБО-ҳои Шӯроб, Сичароғ, Нуробод-1 ва Нуробод-2-ро ба нақша гирифтааст.

Дарёи Панҷ аз ҷиҳати захираи неруи барқ нисбат ба дарёи Вахш бартарӣ дош-та, дар маҷрои он бунёди 14 адад НБО бо иқтидори мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони онҳо пас аз анҷоми бунёди НБО «Роғун» оғоз меёбанд.

Сохтмони НБО дар дарёи Панҷ аз маҳаллаи Панҷи Поён оғоз ёфта, то ба маҳаллаи Рӯшон анҷом меёбад. Дар ин масофа маҳаллаҳои Панҷи Поён, Кӯкча, Маскав, Чумар, Даштиҷум, қалъаи Хумб, Туған ва Рӯшон ҷойгир шудаанд, ки дар ин ҷойҳо бунёди НБО пешбинӣ шудааст. ҷамъи неруҳои барқии дар боло номбурдашуда дар як сол зиёда аз 57 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад, ки ин миқдор неруи барқ нисбат ба неруи барқи дарёи Вахш ду маротиба зиёд аст. Фақат неруи барқи «Даштиҷум» 5,3 миллион кВт/соатро ташкил мекунад, ки миқдори солонаи он ба беш аз 19 миллиард кВт/соат мерасад.

Бояд қайд кард, ки дар шароити Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон бунёди обанборҳо, ки дар натиҷаи сохтмони НБО пайдо мешаванд, якчанд хусусиятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ доранд. Пеш аз ҳама дар обанборҳо оби ширин (нӯшокӣ) ҷамъ мешаванд. Дуюм, иқлими минтақа намнок мегардад. Сеюм, обанборҳо ба ҳусни манзараи атроф ҳусни нав зам мекунанд ва диққати сайёҳони дохилӣ ва хориҷи мамлакатро ба худ ҷалб менамоянд. Чорум, оби обанборҳо ба воситаи пойгоҳ ба каналу коллекторҳо ҷорӣ шуда, ба заминҳои ташналаб ҳаёт мебахшанд. Панҷум, дар обанборҳо парвариши қундузи обӣ, моҳӣ ва намудҳои дигар парвариш карда мешаванд.

ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 18 миллиард кВт/соат (дар як сол) неруи барқ истеҳсол карда мешавад. Барои қонеъ гардонидани соҳаҳои хоҷагии халқ ва талаботи аҳолӣ 23-25 миллиард кВт/соат дар як сол лозим аст. Баъде, ки сохтмони НБО-и дар лоиҳа буда ба анҷом мерасад, он на танҳо давлатҳои «CASA-1000», балки эҳтиёҷоти давлатҳои ҷИЭ, ҷМЧ, Русия ва давлатҳои Осиёи Марказиро бо неруи барқ таъмин мекунад.

Дар Паёмашон Президенти кишвар тамоми сохторҳои мамлакатро таъкид карданд, ки «…Барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз он ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияи каммасраф кӯшиш намоянд. Дар он сурат мо метавонем дар соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем».

Дар ҳақиқат бо роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва табдирҳои андешидаи ҳукумати мамлакат, акнун дар давоми фаслҳои тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои хоҷагии халқ бо неруи барқ бе маҳдудият таъмин гардида истодаанд. Ин иқдоми нек пояи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мардуми мамлакат чандин сол боз интизораш буд.

Саидқул

БОБОЗОДА,

Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *