«Манфиатҳои идеологӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ якдигарро иваз кардаанд, вале манфиатҳои миллӣ ва халқу Ватан ҷовидонаанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Таърихи халқи тоҷик пур аз корнамоиҳои бузурги фарзандони асили миллат аст, ки барои имрӯзиён намунаи ибрат мебошад. Дар ин хусус фанни таърих мисолҳои зиёдеро ба ихтиёри омӯзгор вогузор намуда, дар тарбияи ватандӯстии шогирдони мактаб саҳми босазо мегузорад.
Дар ин раванд Спитамени бузургро ба хотир меоварем, ки бо сарсупурдагии беамсол алайҳи истилогарони мақдунӣ сина сипар карда ба мубориза бархост ва ҷони худ фидои озодиву истиқлоли кишвар кард ва ҷовидона номашро дар сафҳаи таърихи Ватан бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.
Ғосибони юнонитабор дар кишвари мо бедодгариҳои зиёде ба амал оварда, ҷабру ситами азимеро ба сари халқи мо бор карданд. Вале корномаи Спитамен, чунон ки маънии номи ӯ – «андешаи пок» беасар намонд, ифтихори Ватану ватандориро дар мағз андар мағзи наслҳои минбаъда бедор карда, руҳияи озодманиширо дар миёни табақаҳои гуногуни мардуми озодидӯст афзун мегардонид. Ҳамин буд, ки сарвари ғосибон-Искандари Мақдунӣ дере нагузашта, баъди як муддати дар Курушкада (Истаравшан) захм бардоштан, дар нимароҳи ватани хеш ҷон дод. Империяи таъсисдодаи ӯ бошад, пароканда шуд.
Фарзандони фарзонаи халқи тоҷик дар давраҳои минбаъдаи таърихи миллат низ баҳри озодӣ аз юғи истисмори аҷнабиён сар бардошта, ҷоннисориҳо кардаанд. Як ба ёд биорем, ки Абумуслими Хуросонӣ ё Муқаннаъ бо истилогарони араб чӣ гуна муборизаи беамон бурда буданд, ҳарчанд ки ғалабаи комил ба даст наоварданд, вале пояҳои давлатдории онҳоро ба ларза оварданд ва номи абад ёфтанд.
Аммо хизмати бузурге, ки аввалин шоҳи давлати Саффориён-Яъқуби Лайси Саффорӣ анҷом додааст, бояд мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошад. Ӯ буд, ки аввалин шуда ба забони тоҷикӣ-форсӣ мақоми давлатӣ дод ва ба дарбориёни худ аз ҷумлаи шоирон фармуд, ки ба тоҷикӣ асар эҷод кунанд. Аз ин фармойиши шоҳ илҳом гирифта шоири дарбори вай Муҳаммад Васиф ба гуфтани шеъри форсӣ-тоҷикӣ оғоз кард.
Аз таърих маълум аст, ки бунёдгузори аввалин давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошад. Мақбараи ӯ дар Бухорост. Бухоро пойтахти нахустин давлати тоҷикон буд. Гузаштаи пурифтихори мо бо ному корнамоии Исмоили Сомонӣ сахт тавъам аст. Исмоили Сомонӣ давлатдории навини тоҷиконро поягузорӣ карда, мақоми забони тоҷикиро дар сатҳи давлатӣ устувор гардонид. Сулолаҳои дигаре, ки пас аз хонадони Сомониён дар сарзамини мо ба сари қудрат омаданд, бо вуҷуди турк будани амирон, анъанаҳои давлатдории Сомониёнро идома медоданд ва забони тоҷикиро дар сатҳи давлатӣ нигоҳ медоштанд. Ин анъана то замони Манғитиён давом кардааст.
Таърихи навтарини халқи тоҷикро фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоиву варақгардонӣ мекунад. Пешвои миллат дар мақоми арҷманди хеш тайи беш аз бисту панҷ соли фаъолият мамлакати ғарқи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба хоку хун оғӯштаро бо амалҳои созандаю бунёдкорона ва ободгариҳои бемисл ба як гӯшаи афсонавии рӯйи ол ам табдил додааст.
Месазад, ки бо маншаъ гирифтан аз таҷрибаи таърихи куҳан ва навини тоҷик суботу ободгариҳои имрӯзаро таҳки
м бахшида, бо шукргузорӣ ба ояндаи нек замина гузорем.