Сиёсат

МУҲОФИЗИ АСОСӢ: АЗ ҚУМОНДОНӢ БА ОБОДГАРӢ

print

(Суҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров)

Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватан­дорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаланда­ров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипа­варӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастархо­ни пурнозу неъмат пайдо кар­дем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастархони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯд­хонаи Панҷи ғарқи гирдоби ота­ши ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад.

Аз ӯ мепурсам:

– Ин хона хонаи Шумост?

Ӯ табассум мекунад, ба аҳли гирди дастархон менигарад ва мегӯяд:

-Тамоми Тоҷикистон хонаи ман аст.

Суҳбати мо аз ободкориҳои Ҳаким Қа­ландаров то ба домони сарнавишти талхи дирӯзи тоҷикон мекашад.

– Чӣ гуна муяссар гашт, ки Шумо си­лоҳи марг гӯшае гузореду даст ба обод­корӣ бизанед?

– Оини ватандорӣ инро тақозо дорад, – мегӯяд ӯ ва идома медиҳад: – Оқибати ҷанг сулҳ аст, агар сад сол ҳам давом ку­над. Ман дар миёни неруҳои мухолифини тоҷик қумондони бонуфуз, одами наздики устод Нурӣ будам. Он чизе, ки ман медо­нам шояд кам касе донад. Агар он ҷанг идо­ма меёфт на тоҷик мемонду на Тоҷикистон, Ироқу Сурия мешудем. Инро устод Нурӣ, ки ҳамеша бо ман машварат мекард ва дар рӯзҳои сахт барояш мутакко будам, борҳо гуфта буд.

– Пас Шумо шоҳиди бастани сулҳ аз рӯзҳои аввал будед?

– Бале. Рӯзе, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин Са­идабдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Фархори Афғонистон гуфтушунид до­штанд, ман аз ҷумлаи муҳофизони онҳо будам.

Асрори муллоҳо ва 4 миллион доллари ҲНИТ дар Покистон

– Мегӯянд, ки бисёре аз қумондонҳо мухолифи сулҳ буданд, магар шумо аз он ҷумла набудед?

– Ман дар мавқеи устод Нурӣ қарор дош- там. Вай моил ба сулҳ буд. Аммо касоне буданд, ки сулҳ бар манфиаташон набуд. Албатта, ин кор бе мудохилаи кишварҳои хориҷӣ намешуд. Аммо дар мулоқоти Теҳрон Нурӣ ба ин масъала нуқта гузошт. Он рӯзҳо нияти ҳаҷ рафтан доштам. Бо ҳа­вопаймои ҳарбии Эрон аз Қундуз ба Эрон парвоз кардам. Дар ҳавопаймо ман ва сафири Эрон будем. Он вақт Эрон ягона кишваре буд, ки дар Тахор намояндагии расмӣ дошт, Кобул дар дасти толибон буд. Дар Теҳрон ҳуҷҷатҳоямро барои ҳаҷ кар­дан омода сохтам. То сафар ду рӯз монда буд, ки Нурӣ маро наздаш даъват кард.

– Ҳаҷ намеравӣ, -гуфт.

– Барои чи? – пурсидам.

– Инҳо маро барои «разбор» даъват карданд, ту бояд дар паҳлуи ман бошӣ ва баъзе гапҳое ҳаст, ки бояд ошкор намоӣ. Тоҷикистон, ки рафтем, баъд ба ҳаҷ ме­равӣ.

Ман розӣ шудам. Устод маро ба маҷ­лис омода сохт, баъзе сирру асрори мул­лоҳоро гуфт. Аммо таъкид кард, ки онҳо дипломат ҳастанд, дағал гап назанам. Мулоқот шом дар хонаи устод Тӯраҷонзо­да баргузор гашт. Муллоҳо – Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, раиси «Расто­хез» Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон», як намояндаи Ҳизби демократ, раиси муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, журналист Олег Панфилов, Мулло Амриддин ва дигарон ҳузур до­штанд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон халос кардааст, неруҳои оппозитсия дар ҷабҳа муваффақ мебошанд. Пешниҳод карданд, ки ҳамаро ба ҷиҳод даъват кунем. Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд. Устод Нурӣ гуфт, ки «мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид меша­вем?»

Ман чанд бор даст бардоштам, ки гап занам, аммо сухан надоданд. Насиҳа­ти устод Нурӣ аз гӯшам рафт, бо ғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бо­раи кадом ҷиҳод гап мезанед, ҳама мусулмон, ҳама намозхон, шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлӯ зада роҳат доред. Ба ҳамагон рӯй овардам, ки «4 миллион доллари ги­рифтаатонро чӣ кардед?», «Дар По­кистон, дар «оборот» – гуфтанд.

«Дар дасти кӣ» – боз пурсидам. Ҷавоб хомӯшӣ буд. Ин ғазаби маро зиёдтар кард. Аз онҳо пурсидам, ки фарзанд, наздикони кадомат дар ҷабҳаанд? Агар ҷиҳод мехоҳед, би­ёед, граната ба миёнатон бандед, худатонро бо танк тарконед. Хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Олег Панфилов бо қаҳр аз маҷлис баромад. Ниҳоят сухан ба устод Нурӣ расид. Вай гуфт, ки ҷиҳод ҷойи худро дорад, халқро гирифта, ба Тоҷикистон мебарем, тоҷиккушӣ бас аст, мусулмонҳоро муттаҳид месозем.

Эрон Нуриро барои пулҳои гирифташуда ба «разбор» даъват карда буд

– Кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг пул ҷудо мекарданд, аммо мухо­лифати тоҷикон ниҳоят ба сулҳ анҷомид. Магар ин оқибат надошт?

– Оқибат дошт. Пули суруна гириф­тан ҷавоб ҳам дорад. Як вақт устод Нурӣ пинҳонӣ ба ман гуфт, ки Эрон ӯро ба «разбор» даъват кардааст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабаб он пулҳое, ки дар вақташ ба мо ҷудо карда буданд. Ман гуфтам, ки ту пулҳоро ба гурезаҳою мо муҷоҳидон додӣ, барояшон ҳамин хел ҷавоб гӯй. Дигар бечора касал шуду ман ҳам дида натавонистам пурсам, ки ҳамон «разбор» чӣ шуд.

– Шумо муҷоҳид, қумондон бу­дед. Магар ин мушкилот назди Шумо пеш наомад?

– Мо мустақим бо пул кор на- доштем. Халта-халта, ошкору ниҳон долларҳоро роҳбарони мо мегириф­танд ва баъд қисман ба мо медоданд. Агар пурсише буд, онҳо ҷавоб до­данд. Вале мо сулҳ кардем, ин бурди калон буд. Боре Кабирӣ назди ман омад, пул овард – се ҳазор дол­лар. Гуфтам, ки ба пули шумо, ҳа­ромхӯрҳо эҳтиёҷ надорам. Ман кор мекунам, заҳмат мекашам, пул меё­бам. Аммо шумо фикри онҳоеро, ки барои шумо шуда ҷон доданд, накардед. Занҳошон бева, фарзан­донашон ятим монданд, метавони­стед 50-100 долларӣ ба онҳо диҳед, ки рӯзгузарониашон шавад. Ин пули туро ман ба кадом яки онҳо диҳам? Ҳоло пул меорӣ, пулат ба ман лозим нест. Равед, ман бо шумо нестам, бу­дан ҳам намехоҳам. Ин сун, ун сун гуфт. Гуфтам, ин сун, ун сун, нест. Ту мехоҳӣ ки муттаҳид бошем? Аввал, биё, аз рӯзи аввал ин ноҳақиҳо, но­баробариҳоро баробар кунем, баъд он сунаша мебинем. Агар ту мегӯӣ ки пагоҳ хезем ҷанг кунем, ҷанг барои чи мекунем? Ҷиҳод мегуӣ? Ҷиҳод барои чӣ мешавад? Ҳама тинҷ, масҷидҳо обод, дар ноҳияи Панҷ панҷ масҷиди ҷуъмахонӣ, ҳар деҳа масҷиди худа дорад. Охири гап хестам, рафтам. Гуфтам, ки бачаҳои мо дар ин ҷо, дар Русия ҳастанд. Касе, ки гапи маро мегирад, намегузорам, ки бо шумо бошад. Худо аз дасти беадолатии шумо баракатро гирифт. Ҳама дар ба дар шуданд. Ман шахсан Кабириро тарафдорӣ ҳам намекунам, ба гапаш ҳам гӯш намекунам. Аз ҳама коман­дирҳои бонуфузу ҷанг кардагӣ мо ба­чаҳои Панҷ ҳастем. Вақте ки роҳбар шуд, баъзе беадолатиҳои кардаи ӯро дида, аз вай дур шудем.

Агар Кабирӣ ақл медошт, дар ба дар намешуд

– Шумо дар бораи кадом беадо­латиҳо мегӯед?

– Магар фаромӯш кардани зану фарзандони муҷоҳидине, ки ба гапи онҳо бовар карда, қурбон шуданд, маҷруҳанд, беадолатӣ нест? Замоне буд, ки онҳо ба як бурида нон зор шу­данд, аммо роҳбарони ҲНИТ танҳо дар ғами худ буданд. Худованд ҳа­мин Ҷаноби Олиро дар паноҳаш ни­гоҳ дорад, ҳама бечораю сағераю бе­парасторро нон медиҳад. Ба мардум замин додааст, як бурида нонашонро ёфта мехӯранд. Дуои ҳамин сағераю кабера ба кораш баракат медиҳад. Кабирию ҳаммаслаконаш баръакс ба корҳои дигар машғуланд. Агар Ка­бирӣ боақл, бофарҳанг мебуд, ҳизб пароканда намешуд. Баъд, дар дои­раи давлатдорӣ натавонист худро қа­пидану кор кардан. Дар ба дар шуд, дигаронро ҳам дар ба дар кард. Оқи­бати кори ноҳақ ҳамин аст.

– Шумо гумон мекунед, ки ӯ ва ҲНИТ танҳоянд, пушту паноҳ надо­ранд, дастгирӣ намеёбанд?

– Не. Дигар кӣ ҳаст?

– Масалан, Шумо.

– Онҳоро Худованд шарманда сохт. Онҳо дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад. Ҳеҷ кас. Агар ман онҳоро дастгирӣ мекардам, ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷӣ Ҳалим такя намекар­данд, маро даъват мекарданд. Чунки ман қумондони разманда будам. Дар ҷанг на ҳоҷӣ Ҳалим буд, на Кабирӣ. Бо онҳо будан намехоҳам, наме­хоҳам, ки дубора ватанам ба хоку хун олуда шавад.

Тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз ба манфиати Эрон нест

Аввал миллат баъд

дину мазҳаб

– ҲНИТ, тарзе ки расонаҳо мена­висанд, аз пуштибонии Эрон бар­хурдор аст.

– Шояд. Аммо тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз бар манфиати Эрон нест.

Ин ҷанге, ки меравад, ҷанги мазҳа­бӣ, ҷанги Эрону Араб аст. Вақто ки мавзӯи интихоби арабу форс меояд, дар рӯзи сахти араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддам Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби доро он замон мепур­санд, ки дар ин ҷанг чаро Садами кофирро пуштибонӣ мекунию ши­аҳои эрониро не. Медонед, дар ҷа­воб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки «Сад­дам араб асту шиа эронӣ». Хулоса, ман араб ҳастам арабро дастгирӣ мекунам. Бубин, аввал миллатро мегузорад, баъд дину мазҳабро. Мо бо мардуми Эрон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.

Ман дипломат нестам. Ман қумон­доне ҳастам, шоҳиди ин ҳама бад­бахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омада ва намехоҳам, ки онҳо дубора такрор ёбанд. Дар Тоҷикистон такя ба мазҳаб кардан оқибатҳои ногу­вор дорад. Мардуме, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд инро ҳаргиз қа­бул надоранд. Роҳбарияти Эрон ҳам шояд асли воқеиятро надонад. Шояд қувваҳое бошанд, ки ба хотири ман­фиатҳо ва фош нашудани ҳисоботи беасосашон ба роҳбари аввал маъ­лумоти нодуруст диҳанд.

– Пас Эрон метавонад аз пушти­бонии ҲНИТ даст кашад?

– Албатта метавонад. Агар хоҳад, ки муносибаташ бо Тоҷикистон нағз шавад, дар ин минтақа такягоҳе дош- та бошад, ин корро мекунад. Барои ин бояд аз самти мазҳабӣ даст кашад ва рӯй ба забону фарҳанги муштарак орад. Мардуми Тоҷикистон Эронро форсзабон гуфта, эътироф мекунад. Аммо дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас эъ­тирофашон намекунад. Эрон чораи дигар надорад. Ман мактаби Аҳмад­шоҳи Масъудро гузаштаам ва вазъ­иятро хуб медонам. Агар дар Афғо­нистон Эрон такя ба забону фарҳанг мекард, вазъи тоҷикон, вазъ дар ин кишвар ба ин ҳолат намерасид. Эрон­ро танҳо тоҷикон метавонанд даст­гирӣ кунанд. Ҳеҷ арабе дар ҳолати сахтӣ Эронро дастгирӣ намекунад.

Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, чун дар Афғонистон даҳҳо ҳизбҳои ди­гари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нест кардани ҳам­дигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану куштани му­сулмонҳост. Ҳизби исломиро бо ҳизби исломӣ ҷанг меандозанд, бо пули му­сулмон мусулмонкушӣ мекунанд.

Эрон як кишвари бузург аст ва бояд дарк кунад, ки дар Тоҷикистон дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас онро эътироф намекунад. Ягона воситаи боэътимо­ди ба ҳам омадан забону фарҳанг аст.

Ду эронӣ дар хонаи Нурӣ гуф­танд, ки ба ҳоҷӣ Ҳалим як миллион доллар додем.

– Чаро шумо инро ба дӯстони эронӣ намегӯед?

– Як ҳодисаро мегӯям. Боре устод Нурӣ гуфт, ки Эрон қарзи бефоиз ме­диҳад. Ба ӯ гуфтам, ки намешавад бигӯӣ, ки ба ман 200-300 ҳазор қарз диҳад, ки соҳибкорӣ кунам. Устод гуфт, ки пулро биёранд, туро даъват мекунам. Як вақт ба хонааш даъват кард. Ба хонаи Нурӣ ду эронӣ ома­данд. Чой хӯрдем. Устод гуфт, ки камтар пул барои тиҷорати ман диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки устод, агар ду рӯз пеш мегуфтӣ, медодем. Ҳамаи пулҳоро додем. Пурсид, ки ба кӣ додед? Як миллион доллар ба ҳоҷӣ Ҳалим додем, гуфтанд. Устод нороҳат шуд ва пурсид, ки чаро ба ҳоҷӣ Ҳалим додед, маслиҳат шуда буд, ки 50 – 100 ҳазор долларӣ ба командирҳо тақсим мекунем, ки дар тиҷорату деҳқонӣ истифода ку­нанд. Ман қаҳр карда, аз Душанбе ба Панҷ омада будам. Нурӣ одам фиристод, нарафтам. Худаш омад. Маро, гуфт, Президент фиристод, ки туро командир монем. Назди Ҷаноби Олӣ рафтем. Гуфт, ки туро командир мондем. Маро дар қувваҳои сарҳадӣ муовин монданд. Баъди ҳамин муно­сибати ман бо эрониҳо канда шуд.

Эрон кишвари бузург аст, бояд чуқур таҳлил мекард, аз кори ҳоҷӣ Ҳалим хулоса мебаровард. Ӯ дар ҳав­лии корхонаи нонпазиаш 400-500 на­фарро ҷамъ оварда, мусаллаҳ карда буд. Онҳо, вақте ки мақсад ҷанг бу­данро фаҳмиданд, раҳораҳ то Ромит силоҳҳоро партофта, ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ 14 нафар монд. Мардум бо Ҳукумат, мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ карданд, ҷои пинҳоншудаи ҳоҷӣ Ҳалимро ха­бар доданд. Мардуми моро акнун фиреб кардан душвор аст.

Роҳи ягонаи таъмини оромӣ муттаҳидист

– Шумо вазъи сарҳадро хуб ме­донед, хатар аз ҷониби ДИИШ ба Тоҷикистон ҷой дорад?

– Хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо бовар дорам, ки чунин намешавад. Зеро Тоҷикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як Афғонистони дигар шавад. Мақ­сади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Ру­сия аст. Онҳо мехоҳанд, ки нооромӣ то сарҳади Русия равад. Дар Афғо­нистон ӯзбекҳои муҷоҳид ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҷумъабою, Қори Тоҳи­ру дигарон аз 10 ҳазор зиёд қувва доштанд. Кӯдаки ҳамон вақт тавал­лудшуда имрӯз 17-сола шуд. Фаҳми­дам, ки аз бачаҳои Ҷумъабой ҳам аз зани ӯзбакаш, ҳам аз зани язғуломи­аш қумондон шудаанд. Барои ҳамин давлатҳои ҳамсояи мо дар ин мубо­риза бояд бо ҳам муттаҳид бошанд. Ин роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар минтақа аст.

Бознашр аз ҳафтаномаи

“Фараж”.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *