Бо фаро расидани фасли сармо мардум ба истеъмоли маҳсулоти консервагӣ оғоз менамоянд. Маҳз дар ҳамин давра хатари ба бемории ботулизм гирифтор шудани одамон ба вуҷуд меояд. Дар урфият “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Бинобар ин дар мақолаи зер дар бораи чигунагии ин беморӣ, роҳҳои пешгирии он, дуруст таҳия кардани маҳсулоти захиравӣ маълумот медиҳем.
Ботулизм –муродиф, ихтилизм- бемории вазнини сироятии саммӣ буда, бо ботулотоксин системаҳои асаб, бештар майнаи да- розрӯя ва ҳароммағз иллатнок мешаванд ва бо бартарии аломатҳои фалаҷи мушакҳои чашм ва майнаи дарозрӯя ҷорӣ мегардад.
Ботулизм ин аз калимаи Botulis- ҳасиб ба вуҷуд омадааст.
Ботулотоксин ба таъсири туршии муҳтавии меъда ва ферментҳои протеолитикӣ хеле устувораст. Вайро маҳлули намаки оши дараҷаи ғилзатиаш баланд ё ҳарорати паст нофаъол карда наметавонад. Дар ҳолати дигаргуншуда, ботулотоксин ҳангоми якҷоя таъсир кардани ҳарорати баланд ва муҳити ишқорӣ нобуд мешавад, масалан, дар вақти дар давоми 15 дақиқа ҷӯшонидан. Вале ин ҳолат маънои онро надорад, ки дар асоси он маҳсулотро маротибаи дуюм бо ҳарорати баланд коркард намудан мумкин аст. Маҳсулоти дорои ботулотоксин бояд ҳатман нобуд карда шавад. Ботулотоксин заҳри хеле қаттол мебошад. Ба ҳисоби миёна 35-50 мгк ин модда барои одам марговар аст.
Ҳангоми истеъмоли маҳсулоти бо буғ сироятшудаи хӯрокворӣ инсон ба ин касалӣ гирифтор мешавад. Аксари мутлақи бемории ботулизм бо истеъмол намудани консерваҳо ва ё маҳсулоти дудпази хонагӣ: консерваҳои гӯштӣ, моҳигӣ, сабзавотӣ хусусан боимҷон, инчунин ҳасибҳо, моҳии дудпаз ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Давраи ниҳонии ин беморӣ аз 4 соат то 2-5 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Саршавии беморӣ одатан шадид аст. Беморро дарди фавқи шикам, дилбеҳузурӣ, қайъ ва баъзан исҳоли кӯтоҳмуддат нороҳат мекунанд. Аввалин аломатҳои хоси ботулизм дар бисёр вақт даҳонхушкӣ ва аломатҳои фалаҷи мушакҳои чашм мебошанд. Беморон аз заъфи биноӣ, хира шудани чашм, «тӯрча» ё «торикӣ»-и пеши чашм шикоят мекунанд.
Шахси ба касалии ботулизм гирифторшуда бояд ҳатман дар беморхона бистарӣ шавад.
Бояд гуфт, ки ҳангоми коркард, интиқол, нигоҳдошт ва тайёр кардани маҳсулоти хӯроквории консервагӣ риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҳатмист, зеро ин амал ба ҷамъшавии ботулотоксинҳо имконият намедиҳад. Вақти стериализатсия ва нигоҳдошти маҳсулоти консервашуда назорати хеле ҷиддӣ зарур аст. донистан ва риояи ҳатмии қоидаҳои захиракунӣ ва дар шароити хона консерв кардани маҳсулот, хусусан маҳсулоти гӯштӣ, моҳигӣ, занбӯруғӣ, сабзавотӣ хеле муҳим аст. Пеш аз истеъмоли чунин маҳсулот онҳоро дар муддати 30 дақиқа дар ҳарорати 1000 ҷӯшонидан ба пурра безарар шудани ботулотоксин имконият медиҳад.
В. УСМОНОВ,
директори МТТҲС-и
шаҳри Турсунзода.