Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дурахшони рушди имрӯза ва минбаъдаи кишвари ҷоноҷонамон саҳифаи наверо кушод. Наврасону ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша рамзи матонату ҷасорат, қатъияту шуҷоат, омили пешравию шукуфоӣ, пойдории Ватану миллат буданд ва хоҳанд монд. Бешубҳа нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихори том таъкид сохтанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳиб- истиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Дар ҳақиқат, насли замони Истиқлол аз ҳамсолони пешина бо савияи илму дониш, ҷаҳонбиниву сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқияти куллӣ доранд, ки ин ҳама аз фурӯзонии ояндаи ҷавонони асили Ватани соҳибтамаддуни мо далолат медиҳад.
Агар ба маълумотҳои оморӣ назар афканем, ба рушди босуръати нишондодҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гувоҳ мегардем. Масалан, то замони Истиқлолият дар ҷумҳурии мо 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, имрӯз бошад муассисаҳои олии таълимӣ ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Ва боиси хушнудист, ки теъдоди зиёди ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои донишандӯзии ҷавонон ба тариқи мунтазам шароити мусоид фароҳам овардаанд, ки қобили шукргузорист. Дар навбати худ мо, омӯзгоронро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия сафарбар намоем, дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалӣ сохтани ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллатамон саҳмгузор бошем.
Д. ҶУМЪАЕВА,
омӯзгори МТМУ №20-и
шаҳри Турсунзода.