Нуқтаи назар

ТАНЗИМ: РАҲОӢ АЗ МАЪРАКАҲОИ “МИЁНШИКАН”

print

Дар оғоз ёдовар мешавем аз маъракаҳое, ки пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мегузаштанд.

Яъне даҳ сол қабл. Шахсони доро ба хотири “обрӯ” гирифтан тӯю маъракаҳои дабдабанок ба ин ё он муносибат барпо менамуданд. Рӯзу шаб. Чанд дег хӯроки гуногун ва анвои дастархон ба мардуми зиёд пешкаш мегардид. Ва бо музди ночизу нокифоя ва бе даромади иловагӣ наметавон чунин маъракаҳои дабдабаноку серхароҷот барпо намуд. Яъне тавоноӣ доштанд шахсоне, ки бо пули бедарди миён маърака ороянд. Ин “амали” эшон дар оилаҳои камбизоат таъсири манфӣ мерасонд. Чӣ тавр? Байни зану шавҳар бо мақсади барои фарзандашон тӯйи калон барпо намудан баҳс бармехест. Яке мегуфт: “Оши тӯйи мардумро хӯрдем. Пас, бояд тӯйе барпо намоем аз дигарон боло, то раҳмате бишнавем…” Дигаре мегуфт: “Камбизоат ҳастем. Бояд “ба кӯрпаамон нигоҳ карда пой дароз кунем…”. Ва дар ин баҳс “миёнарав” – е ҳам пайдо мешуд: “Зӯрат нарасад, пул қарз бигир. Тӯйе барпо намо, ки мардум солҳо аз он ёдовар шавад. Ҳама чизатро ба тӯй сарф кун”.  Пас оилаи камбизоат бо қарзи калон маъракаи калону миёншикан”, бо хӯрду хӯроки фаровон ва забҳи чорвои калон, бо иштироки ҳофизони “номӣ” барпо менамуд. Баъд соҳибтӯй моҳҳо барои кандани қарзи гирифтааш “ҷон” меканд… Ин як шаммаест аз мушоҳидаҳои солҳои пешин. Дар маъракаҳои азодорӣ низ маблағи зиёд сарф мешуд, ҳангоми гузаронидани маросими “се”, “ҳафт”, “бист” “чил”, “сол” ва “душанбегӣ”-ву “ҷумъагӣ”. Ҳамаи ин маъракаҳо бори сангине буданд бар дӯши азодорон. Воқеан буданд ин маъракаҳои зиёди нодаркору серхароҷот… Ана, ҳамин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки даҳсолаи қабулашро истиқбол намудем, бо исрофкорию зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ ҳангоми тӯю маъракаҳо ва маросимҳои азодорӣ монеъ гардид. Ва ин қонун боз бо иловаю тағйиротҳо 28 августи соли 2017, таҳти №1461 ба тасвиб расид, инчунин он бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Аз қабули Қонуни мазкур мардум шод. Ва чӣ тавр шод нашавад?! Охир бо тақозои он дар тӯли даҳ сол баракати зиндагиашон бештар шудаасту исрофкориву зиёдаравиҳо қариб, ки аз байн рафтаанд. Акнун мардум бо риояи танзим ва талаботи қонун тӯю маъракаҳоро хеле камхарҷу одӣ барпо менамояд, ки  ин ба ғанӣ шудани буҷаи оилавӣ омил мегардад. Аммо ҳанӯз ашхосе пайдо мешаванд, ки ба қонуншиканӣ роҳ дода, худписандона ва бо намоиши дороиашон бо сарфи хараҷоти зиёд ва “обрӯ” гирифтан тӯю маъракаҳои дабдабанок барпо менамоянд. Ҳол он, ки ин ҳолат хилофи қонун буда, албатта, эшон қонунӣ ҷазо мегиранд… Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: “Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо пеш аз ҳама барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷро гирифтан савоб аст”. Афсӯс, ҳоло ҳам шахсони пулдору сарватмандеро мушоҳида кардан мумкин, ки хилофи қонун маъракаҳои серхароҷот мегузаронанд, аммо ба таълиму тарбияи фарзандонашон эътибор намедиҳанд, баҳри ба дармондаву муҳтоҷ дасти накӯкорӣ дароз кардан таваҷҷуҳе надоранд. Заррае ба хотир намеоранд, ки қонуншиканиро ҷазо дар пеш аст. Ва бояд сарватро ба накӯкорӣ сарф намуд, на ба маъракаҳои пурдабдаба. Чуноне ки Муҳаммад Ҳиҷозӣ фармуда: “Сарват агар сарфи накӯкорӣ нашавад, борест, ки бояд ба заҳмат бурду ба ҳасрат гузошт”…

А. ИКРОМӣ, рӯзноманигор.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *