Хабарҳо

МАҚСАД: ПЕШГИРӢ АЗ  КОРРУПСИЯ

print

  

Санаи 14 декабри соли равон бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода П. А. маҷлиси  Комиссияи шаҳрӣ доир ба муқовимат бо корррупсия баргузор шуд.  

П. Акрамзода қайд кард, ки ҳар як аъзои комиссия Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба хубӣ аз худ намуда, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба татбиқи минбаъдаи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2015-2020», ҳамчунин нақшаи кории комиссия дар соли равонро таъмин ва ба ин васила алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон барад. Номбурда аз ҷумла таъкид дошт, ки баҳри пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатқои ногувори он, масъалаи иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани Стратегия аъзои комиссияро мебояд, ки дар маҳалҳо суҳбату корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд. 

 Аъзои комиссия М. Азизова, К. Бобоев ва Р. Турсунзода гуфтаҳои раиси комиссияро  ҷонибдорӣ намуданд, Қайд бояд кард, ки муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъона буда, дар раванди он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва болоравии коррупсияро коҳиш диҳад. Аз ин хотир, ҳар як аъзои комиссияро мебояд  ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо амал намуда, баҳри пешгирии он бетарафӣ зоҳир накунад.

Зиёев Зиёратшоҳ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *