Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ дар мусоҳибаи худ ба сомонаи “Eurasia Daily” бори дигар даст ба иғвоангезиву буҳтон зада, аз ҷумла гуфтааст, ки Тоҷикистон дар зарфи ду соли охир самти асосии тавсеаи кишварро тағйир додаст ва ба гуфтаи ӯ акнун авлавияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон на пешрафти иқтисодӣ, балки таъмини амният ва субот аст.
Бояд гуфт, ки дар воқеъ таъмини амният ва субот ва ҳифзи сулҳу оромӣ аз муҳимтарин самтҳои сиёсат ва барномаи давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро ҳама гуна барномаи тавсеа ва пешрафт, дар ҳар соҳа ва самте, ки набошад, танҳо дар бистари сулҳу субот ва амнияту оромиш қобили иҷро мебошад. Ҷомеаи Тоҷикистон, ки як давраи ҷанги дохилии панҷсоларо пушти сар гузоштааст, ба сулҳу субот ва амнияту оромиш арҷ мегузорад ва бо ҳар василае талош мекунад, то сулҳу суботи барқароргаштаро ҳифзу ҳаросат кунад. Вале новобаста аз ин бояд гуфт, ки самт ва авлавиятҳои асосии сиёсати давлатии Тоҷикистон тағйир накарда ва намекунад. Балки ин сиёсат бар меҳвари сулҳу субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва густариши робита бо ҷомеаи байналмилалӣ устувор мебошад. Гузашта аз он фақат барои нотавонбинон пешрафтҳо ва тавсеаи Тоҷикистон дар зарфи ин ду соли охир қобили дидан намебошад. Вагарна тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон дар самти сохту сози шаҳрҳо, муассисаҳои илму тандурустӣ, мактаб ва шифохонаҳо, роҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ боиси таҳсин аст. Назари М. Кабирӣ дар мавриди фаъолияти ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аҷиб аст. Аз як тараф ӯ таъкид мекунад, ки мо ба хотири ҳифзи амнияти аъзо ва ҷонибдорони ҳизб фаъолияти ҲНИТ-ро баъди экстремистӣ ва террористӣ эълон шуданаш қатъ кардем, яъне қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро қабул дорад. Аммо аз ҷониби дигар эълон медорад, ки ташкилотҳои ҳизбашро, ҳамин ҳизби мамнуи наҳзати исломиро дар шаҳрҳои Аврупо, назири Варшава, Вена, Берлин созмондиҳӣ кунад ва қароргоҳҳои онро фаъол намояд. Пас кӣ итминон медиҳад, ки фаъолиятҳои пинҳонии онҳо дар дохили Тоҷикистон низ сурат намегирад? Зеро рӯи сиёсати онҳо ба Тоҷикистон мебошад, на кишварҳои аврупоӣ. Ин ҷо суолеро, ки хабарнигор низ матраҳ намудааст, ҳамин аст. Аз ин ки дар дохил фаъолиятро қатъ кардаед ва дар хориҷ айни ҳамон фаъолиятро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳед, инро чӣ гуна метавон фаҳмид? М. Кабирӣ аз ҷумла таъкид мекунад, ки кившарҳои Аврупо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ба хусус дар Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие вуҷуд доштааст, ба ин далел аъзои ҳизби мамнуи наҳзати исломиро акнун бе мушкилӣ қабул мекунанд. Ин ҷо аз кадом мушкилӣ дар Тоҷикистон сухан меравад? Мушкилоти аъзои собиқи ҳизби шумо? М. Кабирӣ аз фишор ба аъзои собиқи ҳизбаш шикоят кардааст. Аммо бояд гуфт, ки мушкиле вуҷуд надорад. ҲНИТ даъво дошт, ки ҳудуди 40 ҳазор аъзо дорад. Агар ба ҷурми ҳамдастӣ дар кушиши табадуллот 100 нафар аъзои он боздошт шуда бошад ва ҳамин теъдод дигар агар ба хориҷ рафта ва бар ивази пули хоҷагонашон ҳамроҳи М. Кабирӣ шаҳр ба шаҳри Аврупо мегарданд, боқӣ 39 ҳазор нафари дигари фиребхурдаи онҳо, ки дар ҳеҷ коре даст надоштанд, дар Тоҷикистон ба кору фаъолияти осоишта машғуланд ва касе ҳам ба онҳо кор надорад. Иттифоқан бояд гуфт, ки мушоҳидаҳои ду соли охир нишон медиҳад, ки як Тоҷикистони бе ҲНИТ оромтар, беҳтар ва пешрафтатар аст. М. Кабирӣ ба масъалаи рақобати Эрон ва Арабистони Саудӣ дар минтақа пардохта ва фурсат ёфтааст аз Маҳмуди Аҳмаднинажод, раиси ҷумҳурии собиқи Эрон интиқод кунад. ӯ гуфтааст, ки Аҳмадинажод ба кишварҳои мухталифе пул медод, аммо раиси ҷумҳури кунунии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ба гуфтаи Кабирӣ “комилан амалгарост”, ба ҳалли мушкилоти дохилӣ тамаркуз дорад. Дар воқеъ дар замони ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод муносибатҳои Эрон бо Тоҷикистон давлатмеҳвар буд. Аммо бо омадани Ҳ. Рӯҳонӣ Эрон аз гуруҳҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷудогона, мисли ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст, ҳимоят бештар карда шуд. Шояд ин ҳимояти М. Кабирӣ аз Ҳасани Рӯҳонӣ низ ба поси ҳимоят ва ҳамкориҳои мақомоти Эрон аз ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бошад. Ва шояд ҳам ба умеди боз дар оянда дарёфт кардани кумаку пуштибонии онҳо.
Ба дил гуфтам, кадомин шевадушвор аст дар олам?
Нафас дар хун тапиду гуфт, поси ошноиҳо.
Одил САМАД.