Комиссияи шаҳрии интихобот маълум менамояд, ки дар асоси қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 4 октябри соли 2017 таҳти №126 дар таърихи 10 декабри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии «Эфиронос» №15 ва «Лоҳутӣ» №17 бар ивази вакилони хориҷшуда интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум таъин гардида, баргузор шуд.
Барои вакилӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии Неъматуллоева Умеда Ҳикматовна аз ҳавзаи интихоботии «Эфиронос» №15 ва Ятимов Тоҷиддин Ҳокимович аз ҳавзаи интихоботии «Лоҳутӣ» №17 пешбарӣ гардиданд.
Дар ҳавзаи интихоботии «Эфиронос» №15 аз 1999 нафар интихобкунанда дар овоздиҳӣ 1819 нафар, ки ин 90,9%-ро ташкил медиҳад ва дар ҳавзаи интихоботии «Лоҳутӣ» №17 аз 5099 нафар интихобкунанда дар овоздиҳӣ 4834 нафар, ки ин 94,8 % – ро ташкил менамояд иштирок карданд. Аз ҳамин миқдор дар ҳавзаи интихоботии «Эфиронос» №15 ба тарафдории номзад Негматуллоева Умеда Ҳикматовна 1719 нафар ё 94,5% ва дар ҳавзаи интихоботии «Лоҳутӣ» №17 ба тарафдории Ятимов Тоҷиддин Ҳокимович 4639 нафар ё 95,9 % овоз доданд.
Ҳамин тариқ аз ҳавзаи интихоботии «Эфиронос» №15, Негматуллоева Умеда Ҳикматовна узви ҲХДТ, раиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пахтаобод, деҳаи Анҷибар, кӯчаи ба номи М. Юсупов ва аз ҳавзаи интихоботии «Лоҳутӣ» №17 Ятимов Тоҷиддин Ҳокимович, узви ҲХДТ, сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, микроноҳияи 2, хонаи 6, ҳуҷраи 37 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум интихоб гардиданд.
Комиссияи шаҳрии интихобот