Хабарҳо

Изҳороти Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

print

ИЗҲОРОТИ

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

          Мо, аъзоёни Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, баргузории ба ном “мизи гирд”-ро, ки 2 ноябри соли ҷорӣ дар  ҳошияи конференсия  Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо ташаббуси якчанд нафар фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва созмони ғайридавлатии “Евразиян Диалог” дар пойтахти Австрия – шаҳри Вена баргузор шуд, шадидан маҳкум карда, онро ҳамчун амали ифротӣ, муғризона ва ҳангомаҷӯёна арзёбӣ менамоем.

          Рисолати касбӣ ва масъулияти ҳамешагии  журналистон дар ҷомеа – инъикоси воқеият ва интишори иттилооти саҳеҳ мебошад. Журналист муваззаф аст, ки новобаста аз мавқеи сиёсиву дидгоҳи шахсӣ ва аҳдофу манофеаш ҳақиқатро инъикос намояд. Ахбороту матлабҳои  интишоркардаи журналист бояд дар заминаи манбаъҳо ва маъхазҳои эътимодноки иттилоотӣ таҳия гардад. Танҳо дар ин сурат ӯ метавонад масъулияти касбиашро дар назди ҷомеа ва халқ адо карда тавонад.

           Мутаассифона, аъзоёну тарафдорони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсади  амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладонихориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ғаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили Ватану миллат ва халқи худ баромад менамоянд. Амалҳои таҳрикдиҳандаи муноқишаҳо ва моҷароҳоро роҳандозӣ мекунанд. Чунончӣ, баргузоркунандагони “мизи гирд” дар шаҳри Вена, ки худ журналист нестанд ва аз кӯчаи хабарнигорӣ ҳам нагузаштаанд иддао пеш овардаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон 60 нафар журналист кушта ва 30 расонаи иттилоотӣ баста шуда бошад.

Акнун бояд дурӯғу бӯҳтонҳои онҳоро исбот намоем. Аввал ин ки дар Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳудуди 10 нафар рӯзноманигорро куштаанд, ки қотилони онҳоро мақомоти қудратӣ пурра тафтишу таҳқиқ ва муайян кардаанд. Шоҳидони воқеаҳо ва далелҳои шайъии дар нашрияҳои даврӣ чопшуда, филмҳои таҳиянамудаи ВКД ҶТ, инчунин тафтиши парвандаҳои ҷиноятии солҳои 90-ум исботи пурраи ин гуфтаҳо мебошанд.

Масалан, аввалин маротиба 5 майи соли 1992, дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ рӯзноманигори варзида Муродулло Шерализода, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, вакили Шӯрои Олӣ,  дорандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон,  бо мақсади ноором гардонидани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, тарсонидани намояндагони мардум ва аҳли зиё, ки ба муқобили ҲНИТ ва душманони сохти конститутсионӣ бархоста буданд, аз тарафи аъзои ХНИТ кушта шуд.   Дастури нобуд кардани М. Шерализодаро яке аз роҳбарони ҲНИТ Худойдодов Абдуғаффор (“мулло Абдуғаффор”) додааст.

Айнан ҳамин гуна амали террористӣ нисбат ба котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) Хушбахти Ҳайдаршо, субҳи 19 майи соли 1994 содир гардид.

Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев, 18 августи соли 1994 ба қатл расонида шуд. Бино ба далелҳои муътамади тафтишотӣ, амали террористиро нисбат ба Д. Раҳмоналиевбо дастури собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ Назарзода А. (яке аз роҳбарони ҲНИТ), дастпарварони марказҳои террористии баъзе аз кишварҳои хориҷӣ бо номҳои “Садир” ва “Муслиҳиддин” содир намудаанд.

Мудири бахши форсии радиои “Би-Би-Си” дар Тоҷикистон, Муҳиддин Олимпур, 12-уми декабри соли 1995 дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҷониби узви фаъоли ҲНИТ Аҳтам Тоиров бо супориши бевоситаи Назарзода А. бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шуд.

Корманди Радиои Тоҷикистон Саидшо Саидов, 4 феврали соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара аз тарафи ҷангиёни қумондони ИНОТ, яке аз аъзои фаъоли ҲНИТ М.Зиёев (“Мирзо Ҷага”) ба ҳалокат расид.

Мухбири телевизиони ҷамъиятии Россия (ОРТ) Виктор Никулин,  28 марти соли 1996 дар дафтари кории шабакаи мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе, бо дастури бевоситаи Назарзода А. аз ҷониби узви фаъоли ҲНИТ Аҳтам Тоиров кушта шуд.

Журналисти варзида, мухбири махсуси рӯзномаи машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон “Правда”, Раиси зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ, 22 сентябри соли 1998 дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд. Аз рӯи тафтишоти пешакӣ, дар қатли номбурда размандагони ҲНИТ, ки аз мавқеъгирии номбурда нисбат ба ҳукумат ва фаъолияти КОМ изҳори норозигӣ мекарданд, даст доштанд.

Куштори роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷумъахон Ҳотамӣ ва корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумрук Сергей Ситковский, ки дар соли 1999 содир гардид, ба фаъолияти касбии онҳо алоқамандӣ дошт.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Раҳимов Сайф Абдуевич (“Сайф Раҳимзоди Афардӣ”), 20 майи соли 2000 ба қатл расонида шуд. Тафтишот пурра собит кардааст, ки куштори ӯ бо дастури бевоситаи Назарзода А. сурат гирифтааст.

Бе ягон шакку шубҳа, дар асоси далелҳои муътамади тафтишотӣ метавон хулоса кард, ки ҳамаи ҳодисаҳои куштори рӯзноманигорон бо супориши роҳбарону фаъолони ҲНИТ ва бо дасти ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳи “Наҷоти Ватан”амалӣ гардидааст. Гурӯҳи “Наҷоти Ватан” бахши низомии ҲНИТ буда, ибтидои солҳои 90-ум таъсис ёфтааст. Аъзоёни он пурра мусаллаҳ буданд ва вазифаи онҳо аз қатли зиёиён, рӯзноманигорон ва шахсиятҳои маъруф, ки ақидаҳою идеяҳои ифротиро маҳкум намуда, аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ барои пешрафти ҷомеаи муосир талош меварзиданд, иборат буд. Дар он солҳо ва то имрӯз ҲНИТ аз мақсадҳои зишти худ оид ба барҳам додани сохти конститутсионӣ ва давлатдории дунявӣ даст накашидааст. Вобаста ба ин масъала, давлатҳои алоҳидаи минтақа бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои геополитикии хеш, ҲНИТ-ро сарпарастӣ менамоянд, барои роҳандозии фаъолияти он маблағҳои заруриро ҷудо мекунанд. Ҳамзамон, ҷиҳати дар хориҷи кишвар будубош намудани аъзои ин ҳизби террористию экстремистӣ ва ба роҳ мондани ҳамин гуна чорабиниҳои иғвоангезу тахрибӣ (ба монанди “мизи гирд”-и дар боло зикргардида) ба муқобили истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва миллати тоҷикиқдом мегиранд.

Новобаста аз далелҳои раднопазир, Темур Варқӣ, Алим Шерзамонов, Амруллоҳи Низом, Маҳмуд Файзраҳмонов, Ҷаннатуллоҳи Комил бо истифода аз иттилооти ғайривоқеӣ, беасос ва бардурӯғ ҷомеаро гумроҳ сохта, таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалиро, махсусан дар Аврупо, ба худ кашида истодаанд. Ҳақиқат ҳарчанд талх аст, вале мардона бояд онро эътироф кард!

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар асоси якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои дуҷониба ҳамкориро ба роҳ мондааст. Мувофиқи Ёддошти тафоҳум миёни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва САҲА, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, таҳти №682 аз 08-уми феврали соли 2012, тасдиқ гардидааст, намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.  Пас сабаб дар чи бошад, ки САҲА бо дастгирӣ намудани роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ ва экстремистии ҲНИТ дар қаламрави баъзе аз кишварҳои Аврупо, талаботҳои созишномаҳои номбаршударо риоя намекунад? Дар сурати идома ёфтани ҳолати мазкур, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба таври якҷониба ҳамкориро бо САҲА аз нав баррасӣнамояд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои амну осоиш ва сулҳу суботи комил ҳукмфармост. Барои  кулли журналистон новобаста аз шакли идории онҳо, шароити муътадили касбият фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти озодонаи зиёда аз 600 нашрияву маҷалла, 260 матбаа ва 11 оҷонсии иттилоотӣ дар кишвари мо далели равшани ин гуфтаҳост.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки мардуми шарифи кишвар аз ҳадафҳои аслии роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИТ бохабаранд, бинобар ин ба дасисаҳои иғвогаронаи онҳо дигар бовар нахоҳанд кард. Мутмаинем, ки ҳамкасбони мо дар Точикистон, аз рӯи виҷдон ва муқаррароти касбӣ амал карда, даъватҳои муғризонаи гурӯҳҳои манфиатҷӯй, моҷароангез ва хиёнаткорро сарфи назар менамоянд ва ба номуси баланди ватандориву ватанпарастӣ иснод намеоваранд.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Руйхати рӯзноманигорон, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИТ ба қатл расонида шудаанд

Сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, дорандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Муродалӣ Шерализода, соли таваллудаш 1945, санаи 5-уми майи соли 1992 дар саҳни ҳавлии бинои Шӯрои Олӣ кушта шуд.

Котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) Хушбахти Ҳайдаршо, соли таваллудаш 1959, субҳи 19-уми майи соли 1994 кушта шуд.

Директори барномаҳои телевизиони Тоҷикистон Давлаталӣ Раҳмоналиев, соли таваллудаш 1953, субҳи 18-уми августи соли 1994 дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расид.

Мудири бахши форсии радиои “Би-Би-Си” дар Тоҷикистон Муҳиддин Олимпур, соли таваллудаш 1946, 12-уми декабри соли 1995 дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе аз силоҳи оташфишон кушта шуд.

Корманди Радиои Тоҷикистон Саидшо Саидов, соли таваллудаш 1967, 4-уми феврали соли 1996 дар ноҳияи Тавилдара ба ҳалокат расид.

Мухбири телевизиони ҷамъиятии Россия (ОРТ) Виктор Никулин, соли таваллудаш 1968, 28-уми марти соли 1996 дар дафтари кории шабакаи мазкур, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе кушта шуд.

Журналисти варзида, Раиси зеркомиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Комиссияи оштии миллӣ Отахон Латифӣ, соли таваллудаш 1936, 22-юми сентябри соли 1998 дар маркази шаҳри Душанбе кушта шуд.

Роҳбари Маркази матбуоти ВКД ҶТ Ҷумъахон Ҳотамӣ 5-уми июни соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.

Корманди Маркази матбуоти Хадамоти гумрук Сергей Сидковский 5-уми сентябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Раҳимов Сайф Абдуевич (“Сайф Раҳимзоди Афардӣ”), соли таваллудаш 1953, 20-уми майи соли 2000 дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш ҳадафи тири қотилон қарор гирифт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *