Паём ва суханрониҳои Президент

Суханронӣ дар зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ, Муҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл, Хонумон ва ҷанобон, Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем. Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ширкаткунандагон нишон медиҳад, ки мо бояд саъйю талошамонро дар самтҳои гуногун […]

Нуқтаи назар

Вокуниши тунди шабакаҳои иҷтимои ба озод шудани Кузови хиёнаткор

Таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои тавсеаталаб барои густариши қаламрави нуфузи сиёсиву маъмурии худ бо баҳонаҳои мухталиф ба умури дохилии кишварҳои дигар дахолат мекарданд ва яке аз шеваҳои маъмулии чунин амали онҳо ин дарёфти нуқтаҳои заъф ва дастгирии афроду ниҳодҳои эътирозгару исёнкоре буд, ки дар ҳамон давлатҳо ва ҷомеаҳо нуфуз доштанд. Давлатҳои тавсеаталаб бо дастгирии чунин […]

Хабарҳо

МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
хабар медиҳад:

2-юми декабри соли 2017, соати 19-у 10-дақиқа, дар минтақаи  дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид.  Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд  полковник Аҳтамов […]

Таҷлил

Тантанаҳои идона ба ифтихори рӯзи парчами давлатӣ

Субҳи 24 ноябри соли ҷорӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аскарону афсарони қисмҳои низомии шаҳр, донишҷӯён ва ҷавонони фаъол, намояндагони сершумори муассисаҳои тиббӣ, таълимиву фарҳангӣ аз назди наврӯзгоҳи «Баҳори Истиқол то майдони Исмоили Сомонӣ бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва шиорҳои […]

Хабарҳо

Тантанаи ҷашни 25-солагии иҷлосияи 16-уми шӯрои олии Тоҷикистон ва Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷикистон» баргузор шуд, ки дар он  кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилот, иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз, намояндагони муассисаву корхонаҳо, пешқадамони истеҳсолот собиқадорони меҳнат, ҷавонони фаъол ва намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявию маҳаллӣ […]

Хабарҳо

Конфронси аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI шӯрои олии Тоҷикистон

Санаи  14 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти унвони «Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» конфронс баргузор шуд, ки дар рафти он иштирокчиёни Иҷлосияи сарнавиштсоз аз шаҳри Турсунзода  кормандони мақомоти иҷроия, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеа ва кормандони ВАО ҳузур доштанд. Дар оғоз Раиси шаҳри […]

Хабарҳо

ҲНИТ ва ДОИШ:

 исботи амалии як будани таълимот, фаъолият ва мақсади ин ду ташкилоти экстремистӣ Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшигиҳои гурӯҳи ифротию террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ё ҳамон ДОИШ ба ҳайрат омадааст. Бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол […]

Хабарҳо

Пайвандони Ҳайдар Қосимов:

“ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”   Пайвандон ва дӯстони Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон Ҳайдар Қосимов, иддао доранд, ки ҳодисаи қатли ваҳшиёнаи ӯ ҳалқае аз занҷираи кушторҳои силсилавии чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби ҲНИТ дар солҳои 90-уми асри гузашта аст. Онҳо мегӯянд, ки Ҳайдар Қосимовро низ дар қатори Сафаралӣ […]

Хабарҳо

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

Сӯҳбати ихтисосӣ бо Сияҳаков С.Ш. – яке аз раҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаъолиятҳои муғризона ва тахрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он Муҳтарам акои Сайҷалол, лутфан дар бораи шахсияти худ чанд ҷумла барои хонандаи мо бигӯед. Чӣ шуд, ки Шумо- ходими КГБ-и […]

Хабарҳо

Номаи кушод ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ

“Пешгуфтор: Ҳамагон медонанд, ки имрӯзҳо зодаи Истаравшани бостонӣ Бурҳонов Юнус Аббосович дар қаламрави Ҷумхурии Исломии Эрон қарор дорад ва пайваста тавассути маводи иғвоангезона бар сари мардуму миллати хеш борони тухмату бухтон мерезад. Албатта, амалҳои моҷароҷӯёнааш сари хасе таъсир надоранд, вале моро ин далел норохат намудааст, ки  ӯ  бо интихоби  лақаби «Истаравшанӣ»  ба номи шахри бостонии […]