Хабарҳо

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

print
Имрӯз зимни баргузории маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд, аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам муаррифӣ карда шуданд
Аз ҷумла, дар асоси фармоиши вазорату кумитаҳои дахлдор ва дар мувофиқа бо раиси шаҳри Турсунзода кадрҳои зерин: -Умарова Саодат ба вазифаи мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр, Абдуллозода Сафаралӣ ба вазифаи директори ҶСНК “Шабакаҳои барқи шаҳри Турсунзода ”, Маҳмадализода Шарофиддин ба вазифаи мудири шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода ва Сафарзода Хуршед ба вазифаи директори МДТ Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода таъин гардиданд.
Зимни муаррифӣ раиси шаҳр кадрҳои тозатаъинро шодбошӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ки хизмати софдилонаю содиқонаро ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат адо намуда, фаъолияти роҳбариро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *