ДУШАНБЕ, 15.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. […]
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар арафаи Рӯзи Модар бо як қатор занҳои фаъоли шаҳр, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меҳнати пурсамар намуда, дар рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр саҳми муносиб доранд, ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯрӣ намуда, огҳоро ба ифтихори иди баҳору зебоӣ табрику муборакбод ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд. Зимни суҳбат […]
Бахшида ба 76 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Турсунзода ва ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қадрдонӣ шуданд. Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот […]