Иҷтимоиёт Хабарҳо

Дар партави сиёсати инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар самти кӯмак ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам маъюбони деҳоти Сешанберо аёдат ва аз лиҳози моддиву маънавӣ онҳоро дастгирӣ намуданд. Раиси шаҳр зимни суҳбат изҳор доштанд, ки ниёзмандону маъюбон зери парастории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, мунтазам ба ғамхориву кӯмак фаро гирифта мешаванд. Бо […]

Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА СУҲБАТ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СЕШАНБЕ

Қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам имрӯз дар деҳаи Самарқанди Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Аз ҷониби сокинони маҳал ба раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои таъмири пули байнидеҳавӣ, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, таъмини маъюбон бо аробачаи маъюбӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба оилаи ниёзманд,ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди манзили […]

Экология

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ БО МАҚСАДИ ТОЗАГӢ

Имрӯз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва дар амал табиқ намудани карори раиси шаҳри Турсунзода доир ба ташкил ва баргузор намудани аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” бо иштироки беш аз 1000 нафар сокинони маҳал, намояндагони ташкилоту корхона ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар қаламрави шаҳр шанбегӣ гузаронида шуд. Дар ин замина тозаву озода […]

Варзиш

ҒОЛИБ ДАСТАИ “БАҲОРИСОН”

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ инчунин бо мақсади тарғиби варзиш ва ҷалби насли ҷавон ба тарзи ҳаёти солими озмуни футболи байнидеҳавӣ гузаронида шуд. Дастаи” Баҳористон”-и деҳаи Баҳористон баъд аз ғалабаҳои пай дар пай бар ҳарифон сазовори […]