Хабарҳо

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

print
Имрӯз баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат роҳпаймоии ҷавонони шаҳр таҳти унвони “МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!” баргузор шуд.
Роҳпаймоӣ аз наврӯзгоҳи “Баҳори Истиқлол” то майдони Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифта, беш аз 4 ҳазор донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони каасбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ аз номи кулли ҷавонони шаҳр “Меҳрнома” ба муҳтарам Пешвои миллат ироа гардида, намоиши барномаи фарҳангии ҷавонон ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *