Тандурустӣ

МАҚСАД: ДАСТРАСӢ БА ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ

print
Дар доираи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат вобаста ба бунёди муассисаҳои тандурустӣ дар ҳар як деҳа ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар шаҳри Турсунзода бунёди силсилаи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ гардидааст.
Аз оғози соли ҷорӣ дар деҳот 3 муассисаи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯзҳо дар деҳоти Сешанбе, Регар, Т Тӯйчиев, Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ ва дигар манотиқи шаҳр корҳои созанда дар ин самт муташаккилона идома доранд.
Бунёдкориҳо бо мақсади рушди инфрасохтори деҳа, дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи балданди тиббӣ ва ба ин васила беҳтар намудани шароити зист дар деҳот арзёбӣ гардида, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд.
Вы, Парвиз Рузиев, Firuzi Rajabzoda и ещё 11
Поделились: 1
Просмотрено: 71
Нравится

 

Комментировать
Поделиться

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *