Экология

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ – МОҲИПАРВАРӢ ВА РУШДИ АГРОТУРИЗМ

print
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хоҷагии моҳипарварии “Парвиз” дар соҳили дарёи Қаратоғ ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд.
Зимни суҳбат сардори хоҷагӣ Ҳабибов Убайдулло иброз дошт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, хоҷагии мо ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд, ки ҳаҷман дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз калонтарин ба ҳисоб хоҳад рафт. Дар он моҳии навъи карп, сазан, амури сафед, пешонипаҳм ва ғайра парвариш карда мешаванд. Айни замон моҳичаҳо омода буда, бо пур шудани ҳавзҳои аввалин парвариши моҳӣ оғоз мегардад.
Хоҷагӣ корро аввал аз соҳилмустаҳмакунӣ оғоз намуд, ки дарозии он беш аз 1,5 км буда, ин амал барои самаранок истифода бурдани беш аз 7 га замнҳои соҳили дарё шароит муҳайё меоварад.
Тибқи нақша дар баробари парвариши моҳӣ, дар хоҷагӣ мавзеъҳои сайёҳӣ ва шикори моҳӣ бунёд мегардад, ки ба рушди агросайёҳӣ мусоидат хоҳад кард

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *