Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ТУРСУНЗОДА

Дар шаҳри Турсунзода ҷашни Сада бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А, инчунин кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеъи сокинон бо шукуҳу шаҳомат ва мутантан, бо шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат таҷлил гардид. Ҷашни Сада ҳамчун мероси бостон бо нигоҳ ба талаботи замон, пайванд ба ниёгон дар сартосари мулки номдори тоҷикон, бо […]

Хабарҳо

БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ БУДУ БОШИ САРБОЗОН

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 27 ноябри соли 2020 баён доштанд, имрӯз гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон аз қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳри Турсунзода […]

Аҳолӣ

ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ШАҲР ДАР ДЕҲАИ ДАҲБЕД

Тибқи нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо мақсади расидан ба арзу дархости сокинон қабули навбатии сайёри раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. бо сокинони Ҷамоати деҳоти Қаратоғ дар деҳаи Даҳбед баргузор шуд. Сокинони деҳот вобаста ба ҳалли як қатор масъалаҳо, аз қабили ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзишӣ, таъмини аҳолӣ бо […]

Маориф

БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. зимни баргузории қабули сайёри шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Қатароғ, инчунин бо рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ ва фаъолияти Маркази инкишофи кӯдак дар назди МТМУ№37 шинс шуд. Тибқи маълумоти директори муассиса Раҷабов Ашуралӣ 70 фоизи корҳои сохтмонӣ дар толори варзишӣ ба анҷом расида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии […]

Экология

СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ – МОҲИПАРВАРӢ ВА РУШДИ АГРОТУРИЗМ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хоҷагии моҳипарварии “Парвиз” дар соҳили дарёи Қаратоғ ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд. Зимни суҳбат сардори хоҷагӣ Ҳабибов Убайдулло иброз дошт, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, хоҷагии мо ба бунёди кӯлҳои моҳипарварӣ оғоз намуд, ки ҳаҷман дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ аз […]