Хабарҳо

ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА КОХИ ШОҲМОТ БУНЁД МЕГАРДАД

print
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзодаро бо рафти корҳои созанда дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Турсунзода шинос намуд.
Таъкид шуд, ки масоҳати боғ аз 3 га иборат буда, ба куллӣ таҷдид ва азнавсозӣ мегардад. Дар боғ бунёди фаввораҳо, шаҳраки афсонавӣ бо аттраксионҳо, гулгашту суҳбаткадаҳо, амфитеатр, мактаби мусиқӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандон дар муддати 3 моҳ як қатор корҳои созанда амалӣ гардид.
– Иншооти мазкур бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзод дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, иброз дошт раиси шаҳр.
Соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Мадраҳимов, ки ҳамзамон аз ҳавзаи интихоботии “Саркор-30” вакили Маҷлиси вакилони халқ интихоб шудааст, иброз дошт, ки бо мақсади рушди варзиши зеҳнӣ, аз ҷумла рушди шоҳмот дар шаҳр омода аст аз ҳисоби даромадҳои ҶДММ “Сардор 2008” дар боғи фарҳангӣ “Кохи шоҳмот”-ро бо 2 синфхонаи омӯзиши шоҳмот сохта, ба сокинони шаҳр тӯҳфа намояд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *