Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дипломи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ТОЗАГИИ МАНБАЪҲОИ ОБӢ – ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ» озмуни ҷумҳуриявиро миёни хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд. Озмун дар байни хонандагони синфҳои 1-4,5-8, дар 6 номинатсия- расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, мақолаи беҳтарин, […]
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти […]
Ҳамдиёрони азиз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо қабул гардида, ба рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Дар асоси моддаи якуми Конститутсия – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон […]