Аҳолӣ Хабарҳо

ИДОМАИ ЭҲСОНКОРИҲОИ ҲОҶӢ ҶӮРАБЕК МУҲИБОВ БА НИЁЗМАНДОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

print

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, соҳибкори муваффақ  Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муҳибов аз ҷумлаи ҷавонмардони саховатпешаи шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт фаъол буда, дар арафаи идҳо  пайваста ба ниёзмандон кумакҳои моддӣ мерасонад.

Дар арафаи иди саиди Фитр аз ҷониби соҳибкор ба 50 нафар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии деҳот ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ 300 либоси махсусти тиббӣ ва 15000 ниқоб омода гардид, ки ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳои гуногуни мамлакат ирсол мегардад.

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *