Хабарҳо Экология

ТОЗАГИИ МАҲАЛ ВА  РОҲ

print
Дар доираи  нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар шаҳри Турсунзода рӯзҳои истироҳатӣ бо иштироки  1300 нафар  намояндагони корхонаву ташктилот  ва аҳолӣ дар  маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳот аксияи тозагии маҳал ва роҳ баргузор гардид.

Дар ин замина корҳои ободонӣ ва тозакориҳои муҳити зист сурат гирифта, бехи гулу дарахтони ороишиву сояафкан нарм ва аз алафҳои бегона тоза карда шуд.

Сокинони шаҳр дар шафати шоҳроҳ тозакорӣ ва ҷамъоварии партовҳои маишиву зарфҳои пластикиро амалӣ намуда, ба ин васила ҷиҳати беҳтар намудани вазъи санитарию гигиенӣ ва беҳбуди вазъи экологии муҳити зист саҳмгузорӣ намуданд.

Дар натиҷа беш аз 10м3  партовҳои гуногун ба партовгоҳи асосии шаҳр бароварда шуда, зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷараён гирифт

ЛОИҚ РАҲМОНОВ,

Сардори шуъби ҳифзи муҳити зисти

Шаҳри Турсунзода

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *