Нуқтаи назар

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ВА ШОИСТА

print

Хабари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъин шудани Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро шунида, хеле болидахотир шудам ва ин марди фарзонаи дунёи сиёсатро ба ин ин муносибат муборакбод мегӯям.

Боиси тазаккур аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мақоми Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шахси арзанда буда, дар олами сиёсат кадамҳои устувор  мегузоранд. Дар тӯли фаъолияти кориашон дар вазифаҳои гуногун обу тоб ёфта, ҳар як масъулияти бар душашон вогузоштаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву мардумпарварӣ, кордониву ҷасорат, хирадмандиву адолатпешагӣ ва ободкориву созандагӣ иҷро намуда, то ба мақоми Раиси шаҳри Душанбе расиданд.

Дар ин симмат низ кордониии ин шахси наҷиб такмил ёфт. Маҳз дар натиҷаи серталабӣ нисбат ба вазифаи бар дӯшашон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат вогузошта ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ муяссар гардид, ки дар як муддати кӯтоҳ пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба як гӯшаи дурахшони биҳишти руйи Замин табдил диҳанд.

Бо ташаббус ва роҳбарии Рустами Эмомалӣ таъмини муназзами сокинони пойтахт бо барқу гармӣ, таъмини амният, таҳкими қонуният, танзими хадамоти мусофирбарии шаҳрӣ, шаффофият дар раванди иҷрои буҷет, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мубориза алайҳи фасод ва даҳҳо масоили дигар ҳалли худро ёфтанд. Кӯчаҳои пойтахт ба таври замонавӣ таъмир ва чароғон шуданд. Боғҳои фароғатии шаҳр ободу зубо гашта, ба маҳали истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт мубаддал гаштанд. Қариб дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр майдончаҳои варзишӣ бунёд ёфта, варзиш оммавӣ гардид. Дар ду – се соли охир таҳти роҳбарии ин абармард дар шаҳри Душанбе садҳо биноҳои истиқоматии баландошёна, иншооти гуногуни саноативу иҷтимоӣ бунёд ёфта, буҷети пойтахт ғанӣ гардид. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ пойтахтамон ба гулистон табдил ёфт.

Ёд дорам, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як машварати кориашон хитобан ба кормандони шаҳрдории Душанбе гуфта буданд: “Ҳар яки мо сарбози ин Ватан ҳастем ва ҳар ҷое, ки раҳбари кишвар зарур бидонанд, бояд бо дасту дили пок хидматгузори мардум ва кишвари азизи хеш бошем”. Дар ҳақиқат ҳам ба ин гуфтаҳояшон содиқ бимонданд ва бидуни шакку шубҳа  дар мақоми нав низ ба мисли сарбози Ватан содиқона хидмат хоҳанд кард.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум чунин таъкид ва роҳнамоӣ намуданд: “Бовар дорам, ки шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ салоҳияту ваколат, донишу маҳорат ва нерӯи худро дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ равона месозед, дар таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон, пешрафту ободии Ватани азизамон ва ба сатҳи шоиста расонидани зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон ҳиссаи арзанда мегузоред.

Роҳбарияти нави Маҷлиси миллӣ — Раис ва муовинони ин мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, ки мардум ба онҳо бовар кардааст, дар ин ҷода масъулияти даҳчанд доранд ва вазифадоранд, ки дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, махсусан, дар ободии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе пешсафу ташаббускор бошанд”.

Ба Раиси тозаинитхоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тамоми аъзои палатаи болоии Парламенти кишвар дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташон барору комёбӣ таманно менамоем.

Саидқул БОБОЗОДА,

собиқадори маориф,

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *