Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода  Вализода Абдуқодир Исуф ба ифтихори 25-солагии Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

print

Ҳамдиёрони азиз,

Дар саросари мамлакат ҳамасола Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ таҷлил мегардад.

 Боиси ифтихор аст, ки имсол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишвар 25-солагии ин санаи муборакро  бо шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд.

Ба ин муносибат Шумо, ҳозирини гиромӣ ва кулли мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзодаро табрику таҳният гуфта, сиҳатмандиву комрониҳоро таманно менамоям.

Ҳамдиёрони азиз,

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии халқро нисбат ба ояндаи миллату давлат ифода намуда, ба рушди бонизоми давлат ва зиндагии осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт.

Дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона гардид. Қонуният ҳукмрон ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд омад.Ин санади муҳим ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ, рамзҳои давлатиро муайян ва забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон дошта, ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд.

Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ҷиҳати баланд бардоштани шуури сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат саҳми муассир гузошта, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Барои ҳар фарди Ватан шарафу иқбол аст, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ буда, ба сӯи пешрафту тарақкиёт қадамҳои устувор мегузорад.

Бо мақсади таъмини рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик дар ин давра ба Конститутсия таѓйироти зарурӣ ворид гардид, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардида, рукнҳои давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  таҳкиму тақвият ёфт.

Маҳз таъмини талаботи Конститутсия сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуда, халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ободиву созандагиро пеша намуданд. Дар ин радиф шаҳри Турсунзода низ ҳамчун шаҳри дӯстиву бародарии халқҳо тараққӣ намуда, ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи мамлакат табдил гардид. Сокинони шаҳри мо бо меҳнати софдилона ҷиҳати рушди самтҳои муҳталифи мамлакат саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Бо мақсади пешвози арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди беш аз 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, 123 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад

Ҳамдиёрони гиромӣ,

Боиси ифтихори ҳар як фарди Ватан аст, ки мо соҳиби  давлати комилҳуқуқ ва Конститутсияи мардумӣ буда, дар фазои осуда, суботи комили сиёсӣ ва ҳамдилӣ зиндагонӣ мекунем. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо вазифадорем, ки риояи ҳатмии Конститутсияро таъмин намоем, зеро волоияти қонун, шарти муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром ба Конститутсия – эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон арзёбӣ мегардад.

Боварии комил дорам, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода минбаъд низ меҳнати софдилона карда, ҷиҳати татбиқи Конститутсия ва пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат  саҳми муносиби худро мегузоранд.

Бо ибрози таманниёти нек бори дигар кулли ҳамдиёронро ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ, фирӯзиву хонаободӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

 Ид муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *