Хабарҳо

НАТИҶАГИРӢ АЗ СОЛИ 2018

print

Дар толори маҷлисҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати  раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодир Исуф доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019 маҷлиси васеъ баргузор шуд. Дар кори маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ муовинони соҳавӣ, роҳбарони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, имомхатибон ва намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз ҳисобти иҷрокунандаи вазифаи муовини якуми раиси шаҳр  Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ вобаста ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2018 шунида шуд.

 Аз ҷумла таъкид гардид, ки соли 2018 барои мардуми меҳнатӯсти шаҳри Турсунзода соли бобарор буда, дар ин давра ҷашнҳои милливу давлатӣ дар руҳияи баланди ватандорӣ таҷлил гардид.

        Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат саҳифаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардида, ин омил ба вусъат ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва сиёсати хориҷии кишвар замина гузошт. Рӯзҳои 27 ва 29 сентябри соли 2018 ташрифи муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Белоруссия дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ баргузор гардид. Инчунин роҳбарони корхонаву ташкилотҳо аз давлатҳои  Япония, Кореа Руссия ва Ӯзбекистон ташриф оварда, бори дигар шаҳри Турсунзодаро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

  Дар идома рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳрро мавридли таҳлил қарор дода Собирзода Ғ. Иброз дошт, ки       Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 2 млрд. 376 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 фоиз зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоиз иҷро гардида, 149,6 миллион сомонӣ ворид шуд. Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷетро Нозироти андоз –101,0 фоиз ва Нозироти андозсупорандагони азим – 105,3 фоиз иҷро намуд.

Қисми хароҷоти буҷет 98,1 фоиз иҷро гардида, 120,3 миллион сомонӣ хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маблағгузорӣ шуд.

Инчунин илова шуд, ки ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ва дастгирии бевоситаи муҳтарам раиси шаҳр буд, ки буҷети шаҳр барзиёд иҷро гардида, қарздории музди меҳнати соли 2017 дар ҳаҷми 11,1 млн. сомонӣ бартараф, музди меҳнат ва нафақа пурра пардохт гардад.

Дар ин раванд фаъолияти соҳаи саноат, сохтмон, энергетикаро таҳлил намуда, Собирзода Ғ таъкид дошт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 826,4 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,6 млн. сомонӣ (15%) зиёд аст.

Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар ҳаҷми 404,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 млн. сомонӣ (1,2%) зиёд мебошад. Истеҳсоли алюминийи аввалия бо вазни қиёсӣ 95,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми  7,3 ҳазор тонна кам мебошад.

Хамчунин таъкид гардид, ки дар шаҳри Турсунзода вобаста ба иҷрои Амри Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода бунёд ва барқарорсозии беш аз 252 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 52 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз тарафи соҳибкорони шаҳр бунёди боз 58 иншоотии нав ҷиҳати илова намудан ба нақшаи чорабиниҳо пешниҳод гардид.  Дар ин давра 16,2 км таъмири мукаммал ва зиёда аз 78 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардида, 2 кӯпруки мошингузар мавриди истифодабарӣ  қарор дода шуд.

Натиҷаи фаъолияти энергетикҳои шаҳрро тавзеҳ дода Собирзода Ғ таъкид дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 238,6 млн. кВ/соат қувваи барқ қабул гардида, талафоти нерӯи барқ 13, 5 фоизро ташкил намуд, ки нисбати соли 2017 мутаносибан 0,6 фоиз кам мебошад.

Бояд қайд намуд, ки талафоти қувваи барқ дар ҷамъбасти нӯҳ моҳи соли ҷорӣ  13,1 фоизро дар бар мегирифт. Аз ин лиҳоз ин нишондиҳанда қонеъкунканда набуда, масъулини соҳаро мебояд вобаста ба пешгирии талафоти нерӯи барқ чораҳои дахлдор андешанд.

Дар ин радиф вобаста ба  фаъолияти Шуъбаи манзилию коммуналию хоҷагидорӣ, Муассисаи манзилию коммуналӣ  ҳисобот пешниҳод гардида, ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва корҳои ободонӣ дастру супоришҳо дода шуд.

Дар соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 597,8 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, нисбат ба соли 2017 – 67,2 млн. сомонӣ зиёд аст. Аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 470,3  млн. сомонӣ ва маҳсулоти чорводорӣ 127,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Зимни таҳлили соҳаи кишоварзӣтаъкид гардид, ки  дурнамои пешбинишуда истеҳсоли гӯшт, пилла, гандум ва пахта таъмин нагардиданд. Аз ин лиҳоз масъулини соҳаи кишоварзӣ дстур гирифтанд, ки  бо истифодаи оқилонаи замин дурнамои соҳаро дар соли 2019 иҷро намоянд.

Дар идомаи ҳисобот фаъолияти шуъбаи маориф, тандурустӣ кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сабти ҳолати шасноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳот мавриди таҳлил қарор гирифта, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Баъд аз таҳлили фаъолияти соҳаҳо Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ ба сухан баромада, натиҷаҳои фаъолияти шаҳрро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки зимни ироаи Паёми навбатии Президенти мамлакат солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, хадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ-саноатикунии мамлакат баён гардид.

-Дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат масъулини шаҳрро тақозо менамояд, ки ҷиҳати саноатикунонии мамлакат фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрро вусъат дода, бо мақсади рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд,-таъкид дошт, Ватанзода М.

Дар хотима ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо барои соли 2019 бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корхонаву ташкилот ва идорау муассисаҳои шаҳр вазифадор шуда, вобаста ба ин қарори дахлдор қабул гардид.

 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *