Таҷлил

МАВЗӮИ ҲУНАР ВА ҲУНАРМАНДӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ САЙИДОИ НАСАФӢ

print

Тибқи қарори иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО солҳои 2018-2019 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешавад.  Бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Сайидои Насафӣ тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ ҷараён мегиранд. Хусусан ба ифтихори шоир дар саросари Тоҷикистони азиз ҳамоишҳои адабӣ баргузор ва афкору мероси адабии мутафаккир мавриди таҳлил ва тарғиб қарор дорад. 

Сайидои Насафӣ аз барҷастатарин симоҳои адабиёти қарни 17 ва 18 мелодӣ буда, бо мероси пурқимату арзишманди адабӣ ва афкори баланди инсонӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақом ва манзалати шоиста дорад. Сайидо дар Насаф ё Қаршии кунунӣ зода шуда, дар шаҳри Бухоро таълим гирифта,  зиндагонӣ кардаст.

Сайидо Насафӣ аз худ осори баландмазмуну рангини фаровон мерос гузаштааст, ки аз ҷумлаи дурдонаҳои таърихи адабиёти тоҷик ба хисоб мераванд. Мероси адабии шоир, ки ба шакли куллиёт ва девони ашъор фароҳам омада, то замони мо расидааст , аз ғазалиёт, касидаву маснавихо,мухаммасу мусаддас, рубоиёту китъахо, асари тамсилии “Бахориёт”, «Шаҳрошуб” иборат буда, 8500 байтро дар бар мегирад. 

Ҳарчанд шоир дар офаридани ғазал, қасида, маснавӣ, мусаддас, мухаммас, рубоӣ ва қитъа низ маҳорати баланд ва табъи нозук дошт, вале, асари тамсилии “Баҳориёт” ва “Шаҳрошӯб”  шуҳрати суханварии Сайидоро боз ҳам афзун намуданд. Хусусан дар асари  “Шаҳрошӯб”   шоир касбу ҳунарро талқин, аҳли ҳунару косибонро тараннум ва тарғибу ташвиқ намудааст. Дар асари мазкур шоир доир ба  212 намуди ҳунар, ки дар замон  ӯ дар Бухорои амирӣ мавҷуд буданд, ситоиш намуда, ба  ҳар як касбу ҳунар  шеъру таронаҳоро эҷод кардааст. Ин гуфтор гувоҳ бар он аст, ки замони Сайидо  давраи сабзиши шаҳрсозӣ ва тараққии саноати ҳунармандӣ ба ҳисоб мерафт.

Шоир ҳунарҳои даврони худро ситоиш ва омӯзиши онҳоро  таъкид намуда, дар ин радиф суханро сарҳалқаи ҳунарҳо медонад ва иброз медорад, ки   ҳар касе суханро эҳтиром дорад, соҳиби эҳтироми баланд мебошад.

                      Сайидоро ба сар намоён ҷо намудам хонаро,

   Сар ба пояш мениҳам ҳар кас сухан мепарварад.

           Чун он замонҳо кашмокашиҳо ва ҷангҳои бемаънӣ дар миёни хонигариҳор авҷ гирифта буд, Сайидо кишвари худро дар дасти ҳунару ҳунармандон дидан мехоҳад, зеро  аз ҷангу ҷидол дилмонда шуда,  ягона  пешравии кишварашро дар дасти ҳунармандон медид.

 Шоир тарғиби ҳунарро дар ашъори худ  хеле барҷаста нишон дода, ба   тарғиби илму ҳунар диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ӯ инсонро ҳамеша  дар такопӯи зиндагӣ дида,  одамонро даъват менамояд, ки  чун осиё  зи пайи обу дона бошанд.

Рӯзӣ  насиби кас ба нишастан намешавад.

                            Бояд чу осиё зи паси обу дона рафт.

Аз назари Сайидо ҳунармандӣ ва эҷодкорӣ аз беҳтарин хусусиятҳои боифтихори инсон аст. Шоир таъкид менамояд, ки ҳунар мушкилоти одамиро  осон мекунад:

                   Сайидо, марди ҳунарманд аз тараддуд фориғ аст,

Даст агар дар кор машғул аст по осуда аст.

Боғбонӣ аз зумраи ҳунарҳои созанда буда, шахсе, ки  ба ин ҳунар майл дорад, ҳеҷ  гоҳ  ба касе муҳтоҷ намемонад.

                             Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар.

                             Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад,

                             Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан

                             Наҷунбад  Кӯҳкан гар бар сари ӯ бесутун афтор.

Шоир баракати ҳунарро дар талошу кӯшиш мебинад ва иншо намудааст, ки  шахси ҳунарманд ризқи худро аз ҳар ҷое, ки меҳнат кунад, пайдо менамояд,

Ҷӯи шир ояд бурун аз кӯҳ баҳри куҳкан,

                            Рӯзии худ мекунад соҳибҳунар ҳосил зи санг.

Сайидо беҳунариро дар ҷомеа як мушкилоти вазнин медонад ва барои беҳунарон  дар зиндагӣ ҷойеро додан намехоҳад.

                            Паймонае, ки бода надорад шикастанист,

Даст, ки нест масдари эҷод бастанист.

Шоир заргариро аз ҳунарҳои созанда дониста, ба ин навъи ҳунар эҳтиром  доштани худро таъкид месозад, ва сифати заргарро чунин қаламдод менамояд:

                            Ҳар, ки як дам ҳамдами он дилбари заргар шавад,

                            Санг гирад лаъл гардад, хок гирад зар шавад.

         Шоир меъмориро аз зумраи ҳунарҳои волои замони худ дониста, таъкид месозад, ки шаҳр аз ҳунари меъмор ранг мегирад ва ҳусни зебо  пайдо мекунад:  

Шӯхи меъморам ба олам тарҳи нав андохта,

Аз пайи таъмир ҳарҷо рафт чун боз сохта.

Ҳатто гилкор ба назари шоир дар ободии шаҳр саҳмгузор аст ва тарғиби ин ҳунарро дар “Шаҳрошуб”  ба роҳ монда, мефармояд:

Бо моҳи гилкори  худ гуфтам: “туро ёрӣ кунам,

Ҳар куҷо вайронае дорӣ ту гилкорӣ кунам”

 Шоир яке аз аввалинҳоест, ки дар адабиёти тоҷик ҳунар ва ҳунармандиро тарғиб  ва  мавқеи арзандаи гурӯҳҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа таъкид намуда, иттифоқ ва ҳамбастагии онҳоро хостор аст. Зеро табақаи ҳунармандон ҳамчун бахшандаи ризқи мардум бояд дар ҷомеа соҳиби эҳтиром бошанд. Ӯ бо ин иқдом ба ҳаёти воқеии аҳли заҳмат наздик шуда, дар симои халқи ҳунарманд як қувваи созанда ва бунёдкорро ба мушоҳида мегирад.

Ҳунар ва ҳунармандӣ ва тарғиби он имрӯз ҳам дорои бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ мебошад ва дастгирии ин табақаҳои ҷомеа боиси пешравии зиндагӣ хоҳад шуд.

Аз шиносоӣ бо ашъори Сайидои Насафи хулоса баровардан мумкин аст, ки шоир ҳунар ва ҳунармандиро дар эҷодиёташ, васф намуда  таъкид медорад, ки касбу ҳунар инсонро аз мушкилоти зиндагӣ раҳоӣ мебахшад.

Шеърҳои адиб ифтихори ҳунармандонро аз касби худ баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи насли наврас, дар руҳияи омӯзиши касбу ҳунар мусоидат менамояд.

Муҳайё Холтураева,

нозири шуъбаи маорифи

шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *