Хабарҳо

БАРДОШТҲО ВА АНДЕШАҲО АЗ ПАЁМ

print

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд, ки дар он натиҷаҳои кору пайкори кулли сохторҳои ҳукумат мавриди таҳлил қарор ёфта, нақшаву дурнамои фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқ тарҳрезӣ ва вазифагузорӣ мешавад. Соли 2018 низ Сарвари давлат ба фаъолияти мақомоту сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ дақиқназарона баҳо дода, дар назди ҳар як вазорату идора ва мақомотҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Бинобар ҳамин Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меҳвари фаъолияти ҳар як корхонаву ташкилот ва муассисаю хоҷагӣ шуморидан мумкин аст ва ҳар яки мо масъулем, ки кору фаъолияти худро дар асоси ин ҳуҷҷати оинатабор ба роҳ андозем. Паём ҳар як хизматчии давлатиро муваззаф менамояд, ки муроҷиати Сарвари давлатро дар хусуси он, ки мо бояд ба халқ содиқона хизмат намоем, на халқ барои мо, ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем ва ҷабидаи Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ низ ҳамин аст.

Таҳлилҳои соҳаи иқтисод нишон медиҳанд, ки дар шароити вазнини бӯҳрони молиявӣ, ки қисмати бузурги сайёраро печонидааст,  танҳо бо амалӣ намудани тадбирҳо дар соҳаи кишоварзӣ Тоҷикистонро ба давлати куллан тараққикарда табдил додан номумкин аст. Бинобар ҳамин пеш аз ҳама ба соҳаи саноат диққати ҷиддӣ дода, Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ мубаддал кардан лозим аст.

Имрӯзҳо бо ба кор даромадани агрегати аввали НБО Роғун Тоҷикистон метавонад, ки корхонаҳои саноатии худро гардон ва коркарди ниҳоии ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ҳаҷми молҳои содиротиро афзун намояд. Яъне ба хориҷи кишвар на ашёи хом, балки маҳсулоти тайёрро барорад. Ба ин васила ҳазорҳо ҷойҳои кори нав ташкил шуда, сатҳи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон коҳиш  меёбад. Дар ин замина хавфи ворид гаштани фарҳанги бегона ба фазои Тоҷикистон паст гашта, мардуми шарифи мо аз бисёр падидаҳои номатлуб эмин мегарданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала низ таваҷҷуҳи хоса зикр намуда, дар Паёми навбатӣ рушди соҳаи саноати Тоҷикистонро ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат эълон доштанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи иҷтимоиёт яке аз соҳаҳои калидии хоҷагии халқ ба ҳисоб рафта, некӯаҳволии халқ дар ҳамин соҳа инъикос мегардад. Соҳаи тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии мардум дар Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсусро касб намудааст. Ба ин самтҳо диққати махсус зоҳир намудани Сарвари давлат беасос нест. Зеро саломатии мардум агар сарвати асосии давлат бошад, саводнокии халқи он меҳвари асосии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Соҳиб будан ба мутахассисони кордон, олимони соҳаҳои гуногун ва умуман мардуми босавод ин зерсутуни давлати пойдор ва мамлакати мутараққӣ аст. Албатта сохта ба истифода дода шудани муассисаҳои таълимии гуногуни ҳозиразамон ба пешрафти илму маърифати халқ таккони ҷиддӣ бахшидааст, лекин сифати таълиму тарбия дар муассисоти таълимӣ масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат ин нуқта  асоси воқеӣ дорад ва аз ҳамин сабаб дар Паём мавқеи муҳимро ишғол  намудааст. Сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ бояд ба талаботҳои дунёи пуртазоди имрӯза ҷавобгӯй бошад. Зеро пешрафт ва ояндаи дурахшони кишвар  кадрҳои босавод ва кордон вобастагии калон дорад.

Нигоҳи ғамхоронаи Президенти кишвар ба масъалаи маъюбон, ятимон, барҷомондагон, ниёзмандон ва умуман қисми эҳтиёҷманди аҳолӣ моро низ бояд бетараф нагузорад. Ҷамъияте, ки дар он эҳтиёҷмандон аз ғамхориву мурувват дар канор мондаанд, ҷомеаи комил ба ҳисоб намеравад. Дар ин самт дастуру супориш ва ҳидояти Сарвари давлат на ба таври иҷборӣ, балқи аз ҷониби ҳар як фарди баору номуси мамлакат сидқан бояд амалӣ карда шаванд.

Имрӯзҳо мо ифтихор аз он менамоем, ки  роҳбари хирадманду сиёсатмадори дурандеш  дар маснади Президентро  дорем ва ин эътиқоду эътироф бесабаб нест. Зеро чуноне ки аз Паёми имсола бар меояд, масъалае нест, ки Садри муаззами мо оид ба он андешаронӣ надошта бошад. Шояд баъзеҳо фикр дар он доштанд, ки соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буду бигзашт. Лекин бо овардани далелҳо роҳбари давлат собит намуданд, ки ин раванд набояд як солро дар бар бигирад. Дар як сол ноил шудан ба сатҳи баланди раванди сайёҳӣ ва  соҳибкасб  шудани қисмати беши аҳолӣ ғайриимкон аст.  Аслан қисмати зиёди аҳолии Тоҷикистон дар деҳот умр ба сар мебаранд ва рушди ҳунарҳои мардумӣ низ асосан аз деҳот вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз Сарвари давлат иброз доштанд, ки на як сол, балки солҳои 2019 – 2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шаванд.  Дар ин самт таъмин намудани деҳот бо оби ошомиданӣ, сохта ба истифода додани корхонаҳои хизмати маишӣ, сохтмони роҳҳои ба талаботҳо ҷавобгӯй ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки айни замон тамоми дунёро мавҷи бархӯрдҳо барои тақсимоти нави ҳудудҳо, соҳиб гаштан ба захираҳои моддӣ ва афзун намудани нуфузи сиёсӣ аз ҷониби бархе аз кишварҳо фаро гирифтааст. Тоҷикистон низ ҳамчун воҳиди давлатии ягона ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ новобаста аз сиёсати сулҳҷӯёнаи худ аз ин қазия дар канор буда наметавонад. Зеро вобаста ба мавқеи географии худ, ки дар сади Осиёи марказӣ ҷойгир аст, Тоҷикистон ҳамчун сипар дигар давлатҳои минтақаро низ аз хатарҳои ҷойдошта ҳифз менамояд. Бинобар ҳамин доштани артиши пуриқтидор ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз барои кишвари мо амри воқеист ва ин тадбир на барои пешбурди сиёсати ҷангҷӯёна, балки ҳамчун омили нигоҳдоранда рӯи кор омадааст. Гарчанде  ки дар Ватан оромию осоиштагӣ пойдор аст ва мардум дар фазои сулҳу ваҳдат зиндагӣ мекунанд, аз масоили амнияти миллӣ набояд ғофил буд. Аз ин лиҳоз боз ҳам пурзӯр намудани Артиши миллӣ, махсусан қисмҳои низомии сарҳадӣ аз масъулини Вазорати мадофиа ва дигар мақомотҳои дахлдор  кӯшиши дучандро талаб менамояд. Дар ин самт мо набояд танҳо ба қувваи қисмҳои низомӣ, балки ба зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ такя карда тавонем.  Моро лозим аст, ки дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсии аҳолӣ, зиракии сиёсии онҳо корҳои мушаххасро ба анҷом расонем ва ба таври фаҳмо бо мардум оид ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯҳои муфид дошта бошем.

Дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ мо бояд пеш аз ҳама оини муқаддаси аҷдодонамон, суннатҳои аслии хеш, фарҳагу маънавиёти оламгири тоҷикро ҳифз намоем. Ҷомеаро аз ворид шудани фарҳанги бегона ва ғайришарқиёна эмин нигоҳ дорем ва ба наслҳои оянда Ватани орому осоишта, пешрафтаю мутараққиро мерос гузорем.

 НЕГМАТУЛЛОЕВА УМЕДА

РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАХТАОБОД

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *