Таҷлил Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

print

Ҳамдиёрони азиз,

Имрӯз мо дар қатори тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем.

Боиси сарфарозӣ аст, ки дар Ватани маҳбуби мо чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони зиёди хориҷӣ агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар фазои тантанавӣ мавриди фаъолият қарор гирифта, аввалин нерӯи нурофари худро ба халқи шарафманди мамлакат ҳадя намуд.

Ҳамзамон дар ин рӯзи фараҳбахш 26-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери парчами ваҳдату ҳамдилӣ ва сулҳу субот таҷлил гардид.

Ба ифтихори идҳои фархунда ва гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро самимона табрику муборакбод гуфта, сарбаландиву иқбол ва комёбиҳоро таманно менамоем.

Ҳамдиёрони азиз!

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвар, рамзи ҳувият, ягонагии халқҳои як сарзамин, ифтихору нанг ва шарафи ҳар мамлакат арзёбӣ гардида, инъикосгари симои сиёсии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Халқи сарбаланди тоҷик таърихи ҳазорсолаи парчамдорӣ дошта, бо шарофати Истиқлолият Парчами давлатӣ ҳамчун таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ифодагари иқболу Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ҳувияти миллӣ аз нав дар фазои Ватан парафшон гардид.      

Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ дар давраи ҳассоси таърихӣ  қабул гардида, ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Давлати тозаистиқлоли мо бо шарофати сиёсатии хирадмандонаи Сарвари давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошт.

Мардуми меҳнатдӯсти Тоҷикистон дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид гардида, сиёсати созандаву бунёдкоронаро татбиқ ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ меҳнати пурсамар менамоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Парчами давлатӣ омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ маҳсуб гардида, ҳар яки моро ба арҷгузории суннатҳои неки  ниёгон ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият  ҳидоят  менамояд.   

Соҳибихтиёрии давлат ва ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани Тоҷикистонро Парчами давлатӣ муаррифӣ намуда, дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ афрохта шудааст, ки ба ҳар фарди  Ватан рӯҳбаландӣ мебахшад.

Хусусан зимни баргузории чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷаҳонӣ баланд афрохта шудани Парчами давлатии Тоҷикистон ба ҳар як шахси ватандӯст эҳсоси гуворо бахшида, ғурури Ватандориву соҳибдавлатиро афзун мегардонад.

Ҳамдиёрони азиз!

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ беҳтарин василаи тарбияи насли наврас ба ҳисоб рафта,   бо ин мақсад соли 2011 Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарини ҷаҳон афрохта шуд, ки боиси  ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. 

Бо сарбаландӣ изҳор менамоем, ки дар бунёди ин рамзи иқболу садоқат мардуми созандаи шаҳри Турсунзода низ саҳми муносиб гузоштаанд.

Ҳамзамон сокинони  шарафманди шаҳри мо баҳри ободии Ватани азиз софдилона меҳнат  намуда, ҷавонони мо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд мебардоранд.

Ҳамдиёрони арҷманд,

         Муҳтарам Пешвои миллат нерӯи иттиҳодбахш ва созандаи Парчами давлатиро баланд арзёбӣ намуда  фармудаанд:

“Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллӣ ва баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.”

Боварии комил дорем, ки сокинони шаҳри азизамон зери Парчами давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкориро идома  бахшида, дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллатро дар амал  татбиқ ва ҷашнҳои фархундаи Ватан аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.

Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар кулли ҳамдиёронро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, сиҳативу сарбаландӣ ва ба Ватани азизамон шукуфоиву пешрафтро таманно дорем.

Бигзор Парчами мо дар фазои ободу озоди кишвари азизамон ҳамеша парафшон бошад.

Табрикоти

Раиси шаҳри Турсунзода   Абдуқодир Вализода

ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

 Саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *