Хабарҳо

Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо

print
Роғунеро, ки шумо афсона мепиндоштед,
Аз гумони хеш тухми кинаро мекоштед,
Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,
Қасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.

Бинед акнун, парчами бахту саодат шуд баланд,
Обрӯи миллати тоҷику давлат шуд баланд,
То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,
Нахли пурбору пурармони ҳақиқат шуд баланд.

Сар ба зонӯ, зонӯи андеша монеду дигар,
Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.
То ба кай бар қалби поки Тоҷикистон нештар?
То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?

Хостори нури имонед? Роғун аст нур!
Хостори бозӯи сабред? Роғун аст зӯр!
Хостгори нангу номусед? Роғун нест дур!
Хостгори ганҷи ирфонед? Роғун аст пур!

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,
Ояти шукронаи тоҷик доим дар лаб аст.
Пешвои мо чи хуш дар ҷодаи нурофарӣ,
Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *