Хабарҳо

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”

print

27.09.2018 14:07, шаҳри Турсунзода

Рӯзи 27-уми сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.

Тавре маълум гашт, айни замон аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ба иттилои масъулин, то ин дам аллакай 3 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъовариву ба бозорҳои дохилу хориҷ интиқол дода шудааст.

Иброз гардид, ки “Боғи Сомон” яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, ҳамин тавр дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.

Тавре маълум гашт, Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст.Ба меҳмонони оли қадр иттилоъ доданд, ки айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед” парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бой корӣ ва шароити мусоид буда, ҳамасола то 500 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешавад.

Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдом имконияти нигоҳдории маҳсулотро ба тарзи чашмрас боло мебарад. Акнун дар маҷмӯъ хоҷагии мазкур имконият пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.

Сохтмони ин сардхона се сол қабл бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардида буд ва дар ин муддат бо назардошти талабот бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар ин иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.

Ҳамчунин аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд.

Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки аксари ин навъи маҳсулот содиротӣ буда, дар баробари бозорҳои дохилӣ, ҳамасола ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад.

Дар ин ҷо ба Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии ҳамсоя Ӯзбекистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон prezident.tj

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *