Сиёсат

ҚОТИЛӢ ДАР ХУНИ  ТОҶИК НЕСТ!

print

Эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нуфузи Тоҷикистони биҳиштосоро дар ҷаҳон баланд бардошт. Ҳазорҳо сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон ташриф оварданд ва оварда истодаанд. Бо дидани мавзеҳои зебои кишвар ба куҳҳои осмонбӯсу ёдгориҳои таърихӣ, чашмаву рӯдҳои орому шӯх ва табиати мафтункунанда мафтун гаштаанду мегарданд. Бахусус аз  меҳмоннавозии мардуми мо ба ваҷд меоянд.

Мутаассифона, баъзе бадзотҳо бо ном тоҷик, аниқтараш аъзои ҲНИ ё наҳзатиён, ки террористу ватанфурӯшанд, ин ободии мулки мо ва таЪрифи сайёҳони хориҷиро чашми дидан надоранд. Ҳамчун зархарид бо супоришу дастурӣ хоҷагони дар хориҷа паноҳ ёфтаашон барои ноором кардани вазъи сиёсӣ ва халалдор сохтани нуфузи Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ кӯшиш мекунанд. Вале ниятҳои нопоки Кабириҳои малъун амалӣ намешаванд ва нахоҳанд шуд. Чунки миллати сулҳпарвару ваҳдатофари тоҷик заҳри душманони миллатро дар солҳои ҷангӣ шаҳрвандӣ, ки бо айби онҳо сар зад, чашида буд. Ҳанӯз он солҳо дарк намуд, ки ифротгароиву нифоқандозӣ ва оташи ҷанги бемаънии шаҳрвандиро афрӯзанда аъзоёни ҲНИТ ва хоҷагони онҳо ҳастанд. Албатта хисороти ин ҷанг ва теъдоди зиёди фавтидагони бегуноҳ ба мо маълум аст.

Имрӯз оламиён ба сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки бо талошҳову ҷонбозиҳои фарзанди шуҷои миллат, Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон пойдор гаштааст, ҳавас мекунанд. Дар дил орзу мепарваранд, ки аққалан боре ин сарзамини биҳиштосоро бубинанд. Мо аз ин ифтихор дорем.

Аммо ҳар сари вақт наҳзатиён чун каждуми таги бӯрё ба пояи давлати соҳибистиқлоли мо неш задан мехоҳанд. Лек, ба ин нияти нопокашон намерасанд. Ба ҳар ҳол ба террор даст мезананд ва дастгир мешаванд аз ҷониби сохторҳои қудратии кишвар…

Воқеаи даҳшатноке, ки рӯзи 29 июли соли равон дар роҳи Данғара – Душанбе рух дод, мардуми сарзамини тоҷикро сахт мутаассир сохт. Яъне фоҷеаи чор нафар сайёҳони ғӯрамарги хориҷӣ: ду нафар амрикоӣ як нафарӣ аз Швейтсарияву Голландия. Инчунин ду нафар сайёҳон ҷароҳат бардоштанд. Як нафар сайёҳӣ франсуз, ки аз шариконаш қафо монда буд, ҷон ба саломат бурд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Р. Раҳимзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ 4 нафар террористон маҳв гардида, се нафар гумонбаршудагон дастгир шудаанд… Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи тарҳрезишуда, яъне ҳамон наҳзатиён – хоҷагон, ки дар хориҷа бо сарварии Муҳидин Кабирӣ паноҳ мебаранд, террористоне, ки ҳанӯз “аз даҳонашон бӯйи шири модар меояд”, ҷинояти сахт содир кардаанд. Инчунин тавассути ВАО огаҳӣ ёфтем, ки боз ду сокини шаҳри Кӯлоб ва як сокини ноҳияи Ҷайхун ҳамчун гумонбари ин ҷинояти вазнину нангин дастгир шудаанд.

Ин террористон – зархаридони хориҷӣ бо амали разилонаашон ба оромиву амнияти кишварамон халал ворид кардан мехостанд. Аммо онҳо бехабар аз он буданд, ки ба зудӣ дастгир шуда, ба ҷазо кашида мешаванд. Ҳатто ба хотир наоварданд, ки тоҷик қотил набуда, балки меҳмоннавоз аст. Инро сайёҳони хориҷӣ низ хуб медонанд.

Ман ҳамчун як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон ба ин кирдори бадзотҳо лаънату нафрат мехонам ва ҷинояти вазнини онҳоро мисли дигар ҳамватанон маҳкум мекунам. Онҳо мисли каждум бадгуҳаранду монданашон айб аст… Ба қавли Мавлоно Ҷомӣ:

Каждум аз баҳри он, ки бадгуҳар аст,

Монданаш айбу куштанаш ҳунар аст. 

Фахрия ТАҒОЕВА,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *