Аҳолӣ Изҳороти расмӣ Иҷтимоиёт Сиёсат Хабарҳо

МУРОҶИАТИ ИТТИҲОДИ ТОҶИКОНИ ҚАЗОКИСТОН БА КИШВАРҲО ВА СОХТОРҲОИ АВРУПО РОҶЕЪ БА МУСОҲИБАИ РАИСИ ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ М.КАБИРӣ БО ХАБАРНИГОРИ “НЕЗАВИСИМАЯ ГАЗЕТА”

print

Иттиҳоди тоҷикони Қазоқистон мусоҳибаи раиси хизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабирӣ дар рӯзномаи “Независимая газета” (мусоҳиб Андрей Саренко, 05.06.2018), ки дар иртибот бо гузориши ғаразноки таҳқиромез, вазъи сиёсии минтакахои Осиёи Миёна, хоса Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима кардааст, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум намуда, қотеъона изҳор медорад, ки чунин амалҳои моҷароҷӯ ва иғвоангези М.Кабирӣ ба таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кисми бахши муҳоҷирати меҳнатии Чумҳурии Ќазоќистонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиханд, метавонад халал ворид намояд. 

Муносибати дӯстона байни Ҷумҳурии Ќазоќистон ва Ҷумҳурии Тољикистон дар сиёсати хориҷии сарони давлатҳои ин кишвар мавқеи асосӣ дорад, ки байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ роҳандозӣ гардидааст ва ин бевосита ба таҳкими некуаҳволии мардуми ин ду сарзамин ҷаҳиши қавӣ мебахшад. Муносибати нек ва ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон мавқеи асосӣ дорад. Вобаста ба дастовардхои ҳарду кишвар сахми сарони ҳар ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Абишевич Назарбоев бузург аст, ки дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрчонибаи кишвархоямон нақши муҳим доранд. 
Мо тоҷикони муҳоҷир ва муқими Қазоққистон, инчунин тоҷиктаборон, сатҳи ноилшудаи ҳамгироии байни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва намегузорем, ки ин дӯстӣ ва бародарии моро чунин душманони миллати тоҷик, ба мисли М. Кабирӣ, халалдор созанд.

Дар робита ба изҳороти раиси ҳизбе, ки террористӣ ва экстремистӣ буда, миллати тоҷикро ба вартаи ҳалокат мебарад, гуфтанӣ ҳастем, ки ҳизби наҳзат ба сари халқи тоҷик кулфати зиёдро бор кардааст. Ҳамин ҳизб буд, ки соли 1992 ҷанги хонумонсӯзи бародариро оғоз кард ва мо тоҷикон иҷборан муҳоҷир шуда, ба Қазоқистон омадем ва имрӯз гарчанде зиндагиамон дар ин кишвар бо роҳату осуда ва осоишта аст, лекин дур аз Ватан ва хешу ақрабои худ ҳастем.   Миллати тоҷик бояд он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиабори солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо хазор нафар аҳолии осоиштаи Тоҷикистон шуда буданд, харгиз фаромӯш намесозад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки рушди ҷомеа ва давлат, факат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати милли амалӣ шуда метавонад.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки суботу оромӣ ва вахдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз чумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Бо максади таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти мафҳуми “шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ” бисёр муҳим мебошад.
            Аз ин ру, мо ҷомеаи тоҷикони Қазоқистон, мусоҳибаи ғаразнок ва таҳқиромези раиси ҳизби террористии наҳзати исломӣ М.Кабириро, ки дар рӯзномаи “Независимая газета” (мусохиб Андрей Саренко,03.06.2018) чоп шуда, миллати тоҷикро боз ба сӯи навмедӣ, фақр, бенавоӣ, нооромӣ ва бесуботӣ даъват менамояд, бо нишони эътироз ва нигаронии шадид маҳкум мекунем. 

Шакарбек Норматов – Роҳбари Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъияти ва марказҳои фарҳангии тоҷикони Қазоқистон “КохиНур”

Саидмурод Шарипов- Президенти Ассотсиатсияи маркази фарҳангии тоҷикон “Сомониён”

Қарохон Солехов – Роҳбари маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Алмато «Сафар»
Шоназаров Умар – Роҳбари ҷамъияти фарҳангии тоҷикони вилояти Ақмола «Санги Кабуд»

Исмоилов Акбарҷон – роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Остона «Астана-Сомониён»

Амиршоев Анваршоҳ – роҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Қазоқистони шимолӣ «Сомониён-Север»  

Ҳусейн Гулов –роҳбари ҷамъияти тоҷикони Павлодар «Ситораи Сомон» 
Аминов Юсуф

Иноятулло Валиев

Насриддинов Абдунаби

Акобир Рашидов

Сулаймон Рашидов

Ёкуб Абдуллоев

МусаябСаймахмадов

Валиев Фатхулло

Додихудо Салихов  

Бердиев Иноятулло

Озар Ашуров

Абубакр Давлатов

Сияхаков Ҳасан.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *