Иҷтимоиёт Нуқтаи назар

ШАҲРИ АЗИЗАМ ҲУСНИ ДИГАР ГИРИФТА…

print
Шаҳри Турсунзода сол аз сол рушд меёбаду обод мешавад ва яке аз шаҳрҳои мутараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар давоми се моҳи соли  равон куллан тағйир ёфтааст. Инро сабабе ҳаст. Чун марди меҳантдӯст Вализода Абдуқодири Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр таъин шуда, фаъолияташро тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Пешвои миллат аз корҳои ободонӣ оғоз кард. Бо таъкиду супоришҳои ӯ аҳли меҳнату хонашинҳо, онҳое, ки дар дил меҳри Ватан доранд ва кабудизоркуниву ободкориҳоро дӯст медоранд, ба ҳашару шанбегиҳо баромада дар мавзеъҳои шаҳр гулҳои рангоранг ва дарахтони сояафкану манзаравӣ шинонданд. Таваҷҷуҳ зоҳир намуданд ба ин нуктаи Муроҷиатномаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф: «Тозаву озода, гулпӯшу ҳамешасабз нигоҳ доштани роҳу пайраҳа, гулгаштҳо, боғу варзишгоҳҳо барои ҳар яки мо қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, баёнгари фарҳанг ва масъулияти баланди шаҳрдорӣ мебошад».

Ҷавобан ба ин Муроҷиатнома омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мо низ ба шанбегиҳо иштирок карда, дар ободу зебо гардондани гӯшаву канори шаҳри азизамон саҳм гузошта истодаанд. Воқеан гузаронидани ҳашару шанбегиҳо муҳитро зебову хуррам мегардонад. Дар ободонии кӯчаву хиёбонҳо ташаббускориҳои роҳбарияти шаҳр хеле назаррасанд.

Чанд мисол меорем. Як қисми кӯчаҳои П.Тоҷиев ва М.Турсунзода -атрофи Бозори марказӣ ва ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» дар ҳукми бетартибӣ ё худ ба ҷойи савдои савдогарон табдил ёфта буд. Роҳҳои мошингарди ин самти кӯчаҳо низ бо нақлиётҳои мусофиркаш пур буданд. Оид ба ҳаракати онҳо бетартибиҳо ҷой доштанд. Барои пиёдагардҳо монеа эҷод мекарданд. Хуллас, дар ин самт на тартиб буду на назорат. Аз ин мардум изҳори нигаронӣ доштанд. Имрӯз бошад, ин «манзараҳо» барҳам хӯрдаанд. Албатта бо кӯшиш шаҳрдорон. Одамон акнун дар кӯчаву хиёбонҳои номбаршуда озодона ҳаракат мекунанд. Нақлиётҳо низ.

Мо аз он фахр мекунем, ки роҳбари шаҳрамон Вализода Абдуқодири Исуф таваҷҷуҳи ҳамдиёронамро барои боз ҳам шукуфон намудани шаҳру деҳотамон ҷалб менамояд. Дар ин бора ба ӯ аҳсант мегӯем. Ва ҳар бор ин суханони бузургворро ба хотир меорем: ватандӯст оне, ки Ватан обод мекунад.

Фарзона ФАЙЗИЕВА, омӯзгори фанни забон ва адабиёти

тоҷики МТМУ №7-и шаҳри Турсунзода.

One Reply to “ШАҲРИ АЗИЗАМ ҲУСНИ ДИГАР ГИРИФТА…

  1. ИЗТИРОБ
    Вақте ки кӯчаҳои пуродаму сернақлиёти Мирзо Турсунзодаву Парпӣ Тоҷиев (атрофи Бозори марказӣ, бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Файзуллохон» ва назди Муҷассамаи Мирзо Турсунзода)-и шаҳрамон ба тартиб омад, мардум аз ин шод шуд. Баробари ин ба таъмири ҷӯйборҳои атроф ва роҳҳои пиёдагард кор шуруъ гардид. Дар канори роҳҳо гулдонҳо гузошта, дар онҳо гул шинонданд. Ва кӯчаҳоро зеб доданд. Ин манзараҳо роҳгузаронро кайфияте мебахшанд.
    Барои офаридани ин манзараҳо гуруҳи одамон заҳмат кашиданд. Аз ин ободкориашон на танҳо онҳо, балки нафароне, ки аз назди гулдонҳо мегузаранд, масрур мешаванд. Аммо баъзеҳо, ки аблаҳаш ном мебарем, ба корҳои ободонӣ истиснод меоранд. Ба ҷойи машғули ободгарӣ шудан даст мезананд ба табоҳкорӣ.
    Нигаред ба ин акс. Ким – кадом аблаҳе бо нақлиёташ гулдонро шикастааст. Албата ронанда «кӯр» набуд, бино буд. Ва шояд қасдан ба ин амали номатлуб даст задааст. Худро «қаҳрамон» ҳам пиндоштагист.
    Ин қабилҳо садқаи манзараҳои зебои шаҳрамон шаванд! Ва мо шаҳрдоронро лозим меояд, ки садди роҳи ин гуна аблаҳон шавем. Нагузорем, ки аз ҷониби онҳо ба манзараҳои зебои шаҳрамон осебе расад. Бале, чунин бояд кард…
    А. КӮҲЗОД.

Добавить комментарий для Маъруф Отменить ответ

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *