Варзиш Иқтисодиёт Иҷтимоиёт Сиёсат Таҷлил Фарҳанг

ИТТИЛОИЯ АЗ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМ

print

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Сиҷоуддин Саломзода  санаи 27  декабри соли равон  баргузор шуд. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, хоҷагиҳо, васоити ахбори омма ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Рӯзномаи иҷлосия аз бисту ду масъала иборат буда, дар он масъалаҳои вобаста ба  натиҷаи интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии «Эфиронос» №15 ва «Лоҳутӣ» №17, ҳисоботи комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ  оид ба масъалаҳои иқтисод, буҷет, андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаи ворид намудани тағйирот ба Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзодаро вобаста ба  Низомномаи Комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи тағйир додани номи баъзе деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Турсунзода ва ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар соли 2017 ва як қатор масоили марбут ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.         

 

Зимни ҳисобот раиси шаҳри Турсунзода қайд намуд, ки  муваффақияту пешравиҳои кори вакилони мардумӣ пеш аз ҳама вобаста ба муносибати ҷиддӣ ба ваколату уҳдадориҳои худ дар назди интихобкунандагон маҳсуб меёбад. Маҳз кори софдилонаву содиқонаи вакил боиси рафъи мушкилиҳои ҷойдошта дар маҳалҳо, баланд гардидани сатҳи нек

ӯаҳволии мардум ва таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мебошад.

Дар анҷоми иҷлосия вобаста ба масъалаҳои рӯзнома вакилон қарорҳои дахлдор қабул намуданд. 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *