Хабарҳо

МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН
хабар медиҳад:

print

2-юми декабри соли 2017, соати 19-у 10-дақиқа, дар минтақаи  дидбонгоҳи сарҳадии №2-и «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шурообод» (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин) убури мусаллаҳонаи ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ гардид. 

Марзшиканони мусаллаҳ дар ҷавоб ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми силоҳи доштаашон оташ кушоданд. Дар натиҷа, Сардори отряд  полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар рафти амалиёт қаҳрамонона ҳалок гардид. Чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Бо оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуданд, ба боқимондаи онҳо муяссар шуд, ки ба хоки Афғонистон паноҳ баранд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Аз тарафи қувваҳои иловагии кӯмакрасон,  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба қочоқчиёни  боқимонда идома доранд.

Хотираи  афсари шуҷоъ – Сардори отряди сарҳадии «Шурообод» Аҳтамов Хайриддин Талбакович дар қалбу ёдҳои мо якумра боқӣ хоҳад монд.   

Сарҳадчиёни ҳангоми боздошти қочоқчиён маҷрӯҳшуда бистарӣ гардидаанд, хизматрасонии зарурии тиббии онҳо таъмин карда шудааст, вазъи саломатиашон миёнаи муътадил мебошад.

МРҶ КДАМ ҶТ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *