ВОХӮРИ БО ФАЪОЛОНИ ДЕҲОТИ ҚАРАТОҒ

Имрӯз мулоқоти раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо раисони кумитаи маҳалла ва як қатор фаъолони ҷамоати деҳоти Қаратоғ доир гардид.
Раиси шаҳр барои корҳои созанда ҷиҳати рушди маҳал ба фаъолон изҳори сипос намуда, ҷиҳати бо сифат ва сари вақт сохта ба истифода додани иншооти нақшавии ҷашнӣ дастур дод.
Зимнан раиси шаҳр дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаи неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат ороста, таъкид дошт, ки баргузории ҷашнвора дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки корҳои созандаро вусъат дода, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намоем.
Тибқи маълумоти раиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ Қодирзода Усмоналӣ ба муносибати ҷашнвора дар деоти Қаратоғ 31 иншоот ба нақша гирифта шуда, 21 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯзҳо дар 10 иншооти дигар корҳоисозанда муташаккилон идома дошта , дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.