Таърихи шаҳр

Нишондиҳандаҳои

асосии иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода ба ҳолати  январи соли 2023

1. Масоҳати шаҳри Турсунзода 1175,4 км мураббаъ.

2. Маркази маъмурӣ, шаҳри Турсунзода.

3. Миқдори ҷамоатҳои деҳот – 9.

4. Шаҳр – 1.

5. Деҳаҳо – 128.

6. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 128 муассиса, аз ҷумла:

муассисаҳои миёнаи умумӣ -77;

– муассисаи асосӣ – 29;

– муассисаи ибтидоӣ -15.

7. Муассисаҳои типи нав

– гимназия ва литсейҳо – 7

8. Муассисаи таҳсилоти иловагӣ -1 адад.

9. Маркази таълимии касбтайёркунӣ -1 адад.

10. Муассисаҳои томактабӣ – 13 адад.

11. Шумораи хонандагон – 69246 нафар (аз он духтарон 33594 нафар).

12. Миқдори корхонаҳои саноатӣ – 65 адад.

13. Миқдори муасиссаҳо ва ташкилотҳои бучавӣ – 148 адад.

14. Миқдори чамъияти дорои маъсулияти маҳдуд – 300 адад.

15. Бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳии айридавлатӣ -16 адад.

16. Миқдори ХД инфиродӣ -2455 адад.

17. Шумораи миёнаи кормандони кироя 53684 нафар.

18. Шумораи нафақахӯрон – 24945 нафар

19. .Музди миёнаи меҳнат – 1463,1сомонӣ.

20. Иттиҳодияҳои исломӣ: 108 адад, иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ: 2.

АҲОЛӢ

Миқдори аҳолӣ  дар 01.01. 2023 325400нафар.
Аҳолии деҳот 261958 нафар.
Аҳолии шаҳр 63442 нафар.

ТАВСИФИ ҶУҒРОФИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Маълумоти таърихӣ. Шаҳри Турсунзода таърихи бештар аз 2500-сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди шаҳри имрӯзаи Турсунзода ҷойгир аст.

Вожаи «Регар»-ро ба се калимаю ибораи исми хос: «Регарддарё», «Корхонаи рехтагарӣ» ва «Масҷиди Ҳоҷа Орифи Ревгарӣ» мансуб донистан мумкин аст.

Соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Худмуҳтори Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ноҳияи Қарато ва баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ноҳияи Шаҳринав ташкил ёфт.

19 январи соли 1935 ноҳияи Шаҳринав ба ду ноҳия: Шаҳринав ва Регар тақсим шуд ва маркази ноҳияи нав шаҳраки Регар (Ҳисори Поён, дар 3 км самти арбии шаҳри ҳозираи Турсунзода) интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1936 ноҳияи Регар ба 2 ноҳия: Регар ва Пахтаобод ҷудо шуд (сарҳади ноҳияҳо дарёи Ширкент буд). 19 январи соли 1940 маркази ноҳия аз шаҳраки Регар ба истгоҳи қатораи «Регар» (ҷойи ҳозираи шаҳр) кӯчонида шуд ва 7 декабри соли 1952 бо қарори Президуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба маркази ноҳия – Регар мақоми шаҳрро доданд. 7 августи соли 1959  ноҳияи Пахтобод ва ҷамоати деҳоти Қаратои ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Регар ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба ифтихори шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода 6 декабри соли 1979  ноҳияи Регар номи шаҳри Турсунзодаро гирифт.

Шаҳри Турсунзода рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Ташаббускорону сарварони шаҳр баҳри ободии ин гӯшаи диёрамон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Корҳои ободонӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мушоҳида карда мешаванд.

Тавсифи ҷурофии шаҳр. Шаҳри Турсунзода дар қисми ҷанубу арбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни арзҳои 38-39 дараҷаи шимолӣ ва дар байни тӯли 68-69 дараҷаи шарқӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати  умумии он 1,2 ҳазор километри мураббаъ буда, аҳолии он ба ҳолати 1 январи соли 2023 зиёда аз 325,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Зичии аҳолӣ бошад, дар 1 км²  233,1 нафар рост меояд.

Шаҳри Турсунзода ба водии Ҳисор дохил шуда, дар қисми шимолиаш қаторкӯҳҳои Маҷитлӣ ва дар қисми ҷанубиаш қаторкӯҳҳои Бобото қомат афрохтааст.

Релефи қисми марказии шаҳр аз водии васеи ҳамвор, қисми ҷанубӣ ва шимолиаш аз  теппаҳо ва кӯҳҳо иборат мебошад. Шаҳр аз тарафи шимолу шарқ бо ноҳияи Шаҳринав, аз ҷануб ба арб бо ноҳияҳои Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз қаламрави шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Дарёи Қаратоғ шаҳри Турсунзодаро аз ноҳияи Шаҳринав дар деҳаи Батош ҷудо менамояд.

Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода аз канданиҳои фоиданок кони ангиштсанг (кони Тошқӯтан ва кони Анавак) мавҷуд аст. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 10 нуқтаи коркарди сангу шағал, кони гилхоки Регар – 1 ва Налбег, нуқтаи қуму шағали Ширкент 3 (тобеи КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик»), коркарди хоки Ширкент 1 ва Ширкент 2 (тобеи ҶДММ «Нигора»), ҶДММ «Шарор», ҶДММ «Шаал ва қуми Регар», ҶДММ «Регу шағали Янгибоғ», ҶДММ «Фаррухҷон» фаъолият доранд.

Аҳолӣ ва вазъи демографӣ. Шаҳри Турсунзода дорои як маркази маъмурӣ ва 9 деҳот мебошад: деҳоти Қаратоғ, деҳоти Работ, деҳоти Навобод, деҳоти Пахтаобод, деҳоти Регар, деҳоти 10 солагии Истиқлолият, деҳоти Т.Тӯйчиев, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов ва деҳоти Сешанбе.

Дар шаҳри Турсунзода 65 корхонаи саноатӣ, 148 муассиса ва ташкилотҳои буҷавӣ, 304 адад ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти  гуногун, 16 филиали бонкҳо, 1937 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 10 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ фаъолият менамоянд. Дар қаламравии шаҳр 142 муассисаҳои таълимӣ, аз он муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 128 адад (77- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29-муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 15-муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, 1 литсеи президентӣ, 1 литсеи хонандагони болаёқат, 2 гимназияҳо ва 1 литсей-интернат), 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Илова бар он 1 адад маркази таълимии касбтайёркунӣ, 4 коллеҷҳо (коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи металлургӣ ва коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ) ва 1 литсеи касбии техникӣ, 117 адад  муассисаҳои табобатӣ, аз он 24 адад муассисаҳои хусусии клиникӣ  фаъолият доранд, ки ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд.

САНОАТ

Соҳаи саноати шаҳри Турсунзода яке аз ҷузъҳои таркибии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои 1991-2022 соҳаи саноат ба пешравиҳо ноил гаштааст. Ба  истеҳсолоти саноатии шаҳри Турсунзода истеҳсоли алюминии аввалия, алюминии муҳркардашуда, сим ва масолеҳи кабелӣ,  масолеҳи сохтмонӣ ( хишти ороишӣ, дару тирезаҳои оҳану пластикӣ, сангҳои ороишӣ, эмулсия, қубурҳои пластикӣ, сементблок), коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (истеҳсоли орд ва маҳсулоти макаронӣ), истеҳсоли доруворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ дохил мешаванд.

КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» яке аз корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта,  аз моҳи марти соли 1975 фаъолият менамояд. Иқтидори умумии лоиҳавии корхона, дар соли ба кор шурӯъ намудан, дар як сол 517 ҳазор тонна алюминийро ташкил медод. Корхона аз 10 иморати электролизӣ, сехи рехтагарӣ, ки коркарди пурраи филизро таъмин менамояд иборат буда, ҳамчунин дар он як қатор хадамот, қитъаҳои ёрирасон, ки кори сехҳоро таъмин менамояд, фаъолият мекунанд.  Дар корхона  алюминийи хом, алюминийи аввалия, анодҳои хом, анодҳои пухта ва анодҳои васлшуда истеҳсол карда мешаванд. Корхона дар муддати  42 сол ба пешравиҳо ноил гардидааст, аз ҷумла бо зиёда аз 30 корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ менамояд. Маҳсулоти корхона асосан ба шаш давлати хориҷӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Туркия, Тайван ва Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад.

Корхонаи фаръии давлатии «Алюминсохтмон»  соли 2009 дар назди КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таъсис ёфтааст. Ширкат ба истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ (хишти сохтмонӣ, хишти оташбардор, мартел, асфалт, бетон, қум, шағал), созаҳои филизӣ, маводи алюминий ва корҳои сохтмонию васлгарӣ  машғул аст.

ҶСП «Ноқили Турсунзода» корхонаи истеҳсоли ноқилҳои лучу рӯйпушида ва борҷома буда,  аз соли 2002  бо номи ҶСШП «Регар кабел» ва аз соли 2013 инҷониб бо номи ҶСП «Ноқили Турсунзода»

фаъолият менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхона сол то сол афзуда истодааст.

Корхонаи истеҳсоли дорувории«Вежа-фарма»  18 сентябри соли 2016 ифтитоҳ гардид. Иқтидори корхона 2,9 млн. литр дору дар як сол мебошад. Мутобиқи нақшаи пешакӣ корхона зиёда аз 20 намуди маводҳои дорувориро истеҳсол карда, беш аз 400 ҷойи корӣ ташкил намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин менамояд.

ҶДММ «Нигора» корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, яъне хишти пухтаи сохтмонӣ мебошад.

ҶДММ «Утаган КА» корхонаи коркарди пахта буда,  соли 2010 ба фаъолият  шурӯъ намудааст. Корхона ба коркарди нахи пахта, чигит, линт, улюк ва пари пахта машғул мебошад.

ҶДММ «Дорвин – пласт» соли 2005 ташкил шуда, ба истеҳсоли дару тирезаҳои оҳанию пластикӣ ва витражҳои алюминӣ машғул аст.

ҶДММ «Сомон–Турон–Инвест» корхонаи истеҳсоли орд, сабӯс, макарон ва дигар намуди маводҳои макаронӣ мебошад. Иқтидори корхона коркарди 20 ҳазор тонна гандум ва 1200 тонна макарон дар як сол аст.

Корхонаи муштараки ширбарории ҶДММ «ТҶ МОЛ» ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул мебошад.

Ҷамъияти матлуботи ба номи «В.Вафоев»  ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, консерва  ва  ҳасибӣ машғул мебошад.

 ҶДММ «Саркор 2015» соли 2015 фаъолияташро оғоз намуда, ба истеҳсоли тиреза ва қубурҳои пластикӣ машғул мебошад.

КИШОВАРЗӢ

Иқлими шаҳри Турсунзода ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Дар шаҳри Турсунзода соҳаи пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ангурпарварӣ, занбури асалпарварӣ ва чорводорӣ рушд ёфтааст.

Чорводорӣ

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода ба ҳисоб меравад. Шароити иқлими шаҳр барои парвариши ҳайвоноти шохдор ва паррандагон мусоидат мекунад.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Масоҳати умумии заминҳои ҷангали шаҳри Турсунзода 1174,13 гектарро ташкил медиҳад.

Аз масоҳати умумии заминҳо: ҷангал 944 га., заминҳои кишоварзӣ 5,8 га., ниҳолҳои бисёрсола 2,0 га., чарогоҳ 55 га. ва дигар заминҳоро 167,33 га. ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Турсунзода хоҷагии ҷангали Қаратоғ ва боғи табии таърихии «Ширкент» фаъолият менамояд.

Боғи табиӣ – таърихии «Ширкент» бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1993 №462 бо мақсади нигоҳ доштани генафонди беҳамтои олами ҳайвоноту наботот, инчунин нигоҳ доштани изҳои динозаврҳо ва ташкили туризми экологӣ дар майдони 3000 га. ташкил карда шудааст.

СОХТМОН

Дар шаҳри Турсунзода  беш аз 20  корхонаи сохтмонӣ фаъолият дошта,  ба сохтмони биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ, мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ машғуланд.

Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 398 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шудааст.

НАҚЛИЁТ

Хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашӣ ва боркашонии шаҳр ба мардум тавассути соҳибкорон амалӣ мешавад. Дар шаҳр корхонаи нақлиёти ҶДММ «Ҳоҷи Файзуллохон», ҶДММ “Регарнақлиёт”, ҶДММ «Фирӯз» фаъолият менамоянд.

ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Дар шаҳри Турсунзода филиалҳои    БДА №15 «Амонатбонк», ҶСК «Ориёнбонк», Ҷ Бонки «Эсхата», ҶСК   ҶСК «Соҳибкорбонк», ҶСП «Спитаменбонк»,  ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон», Бонки байналмилалии Тоҷикистон, “Коммерсбонк”, ташкилотҳои қарздиҳии хурди ҶДММ ТАКХ «Арванд» ҶСП ТАКХ  «Имон–интернейшнл»,  ҶДММ ТАКХ «Ҳумо», ва ғайраҳо фаъолият доранд. Аз ҷониби онҳо  ба соҳибкорон ва аҳолӣ барои рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ (аз он растанипарварӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ), хизматрасонӣ ва тиҷорат қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дода мешаванд.

МАОРИФ

Дар шаҳри Турсунзода 142 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд. Дар  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шумораи хонандагон беш аз 69246 нафарро  ташкил менамоянд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  дар соли 2022 аз 128 мактаб иборат  буда, аз он 77- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 29 – муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, 15-муассисаҳои таҳсилоти  ибтидоӣ, 1 литсеи президентӣ, 1 литсеи хонандагони болаёқат, 2 гимназияҳо ва 1 хонаи кӯдакон ташкил менамоянд.  Дар шаҳр 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Илова бар он 1 адад маркази таълимии касбтайёркунӣ, 5 коллеҷу литсей (коллеҷи омӯзгорӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи металлургӣ ва коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ) ва 1 литсеи касбии металлургӣ амал менамоянд.

Соҳаи тандурустӣ. Дар шаҳри Турсунзода  117   муассисаҳои табобатӣ,  аз он 24  муассисаҳои хусусии клиникӣ (аз он 8 клиникаҳои хусусии бистарикунонӣ ва 16 клиникаҳои хусусии ташхисию табобатӣ) фаъолият доранд, ки ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонанд.  Аз ҷумла беморхонаи марказии шаҳр, беморхонаи шаҳрии №2, беморхонаи қисми тиббию санитарии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо дармонгоҳ, Маркази мубориза бо бемории сил бо беморхона, Маркази бемориҳои пӯсту таносул бо беморхона, Маркази саломатии шаҳр, Маркази шаҳрии «Стоматология»,  28 марказҳои саломатии деҳот, 50 хонаҳои саломатӣ, Маркази мубориза бар зидди ВНМО,  Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази иммунизатсиякунӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона,  Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологӣ ва 2 нуқтаи тиббӣ мебошад.

Дар Шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Хонаи фарҳанги марказӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 3 хонаи фарҳанги деҳотӣ дар маҷмуъ 47 муассисаҳои фарҳангӣ, инчунин муассисаи давлатии мактаби кӯдаконаи санъат, боғи фарҳанг ва фароғатӣ, ансамбли касбии «Шашмақом», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ» ва ансамбли «Фалак» фаъолият менамоянд.

 Варзиш. Дар шаҳри Турсунзода  як варзишгоҳи сатҳи байналмилалӣ, як Маҷмааи варзишӣ-Самандар ХХ1, 57 толори варзишӣ, 85 майдончаи варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ ва ду мактаби варзишӣ фаъолият доранд.

Клуби футболи «Регар – ТадАЗ» яке аз дастаҳои номвари кишвар буда, қаҳрамони чандинкаратаи мусобиқоти футболи Тоҷикистон аст. Дар сабқатҳои ҷоми давлатҳои ИДМ ва бозиҳои Осиё иштирок намудааст.

Шаҳри Турсунзода дар ҳошияи таърих

Мувофиқи маълумоти муаррихи номӣ В. А. Ранов дар водии Ҳисор  одамон 40 ҳазор сол муқаддам сукунат доштаанд. Дар деҳаи Яхоби соҳили дарёчаи Харкуши дараи Ширкент, дар давраи мезеолит ва неолит, ки 10-15 ҳазор солро дар бар мегирад, одамони ҷамъияти ибтидоӣ умр ба сар бурдаанд.

Аз шаҳри Турсунзода даҳмаи одамони давраи биринҷӣ «Тандирйул» кашф карда шуд, ки  он давраҳои ҳазораи II-и милодиро дар бар мегирад. Дар ин ҷо зиёда аз 20 қабр ёфт шуд, ки ҳамаи онҳо он қадар чуқур нестанд, баъзе онҳо лаҳад ҳам доранд.Теппаи гӯрҳо бо тӯдаи сангпораҳо ишорат шудааст. Мурдаро дар гӯр паҳлӯнокӣ пойҳояшро қад карда мехобонидаанд. Аз ин гӯрҳо зарфҳои сершумор, шаддаҳои сангию биринҷӣ ёфт шудаанд. Аз ду гӯр ҳайкалчаҳои гилин ба даст омадаанд, ки ҳамто надоранд.

Олотҳои меҳнат, ханҷарҳо ва сафолпораҳо, ки аз мавзеъи соҳили дарёчаи Харкуши назди Пашмикӯҳна ёфт шудааст.

Яке аз ин ҳайкалчаҳо  нисбатан кам зарар дидааст  ва баландиаш қариб 37 см буда, марди ришдореро тасвир макунад, ки пойҳояшро дароз карда нишастааст.

Дар асрҳои VII-V-и пеш аз мелод шаҳри имрӯзаи Турсунзода як қисми марзи вилояти Бохтар буд. Бохтар ноҳияи имрӯзаи водии Ҳисор ва вилояти Хатлонро низ дар бар мегирифт. Дар водии Ҳисори имрӯза шаҳрҳои калон Чағониён (назди Деҳнав), Аҳорун ваШумон (дар ҷанубии Кофарниҳон) воқеъ гардида буданд.Аз асри II-и мелодӣ, дар давоми 1500 сол бо номи «Роҳи абрешим» ҳамчун рагу пайванди тиҷорат аз ҳудуди шаҳри мо низ мегузашт, ки он замон ин мавзеъАҳорун ном дошт, дарёи Қаратоқро бошад, Камруд мегуфтанд.

Подшоҳии Кушониён асрҳои I-III мелодиро дар бар мегирифт. Димнаи харобаҳои давраи Кушониён дар соҳили рости дараи Қаратоқ, дар байни сарҳади шаҳри

Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав воқест, ки он 350 гектар масоҳат дошта, то 1 км бо хишти хом мураббаъшакл девор шудааст. Аз ин ҷо тангаҳои филизии аҳди Евкраид, Вимаи Кадфиз, Канишка ва дигар ёдгориҳои меъморӣ, сафолпораҳо, ҳайкалчаҳои гилин ёфт шудаанд.

Оид ба вилоятҳои водии Ҳисор муаррихону сайёҳони асримиёнагӣ дар хотираю асарҳояшон сатрҳои хонданибоберо ба мерос гузоштаанд. Сайёҳи чинӣ (хитоӣ) Сюан Сзан (600-664) солҳои 629-45 ба Осиёи Миёна ва Ҳиндустон сафар кардааст. Баъди ба ватанаш баргаштан  таассуроти худро дар китобаш «Да Тан си юй сзан» («Хотироти Мағрибзамин») соли 648 нашр кунонидааст. Ӯ таъкид кардааст, ки «Шумон» (пойтахти Ҳисори шодмон)масоҳати бузургро дар бар гирифта, дар ҷануб то Кофарниҳон тӯл мекашад. Он бо Сзюй – Яэ – Янна (Қубодиён) ҳамсарҳад буд.

Сарчашмаҳои таърихӣ «Футуҳ–ул-булдон» («Фатҳи кишварҳо»)-и Балазурӣ (соли 869 таълиф шудааст), – «Ашкол-ул-олам»-и Ҷайҳонӣ  (файласуф, ҳаётшинос ва ҷуғрофиядони тоҷики асри X, солҳои 914-922 вазири дарбори Сомониён буд)- «Ҳудуд-ул-олам мин-ал Машриқ ил-ал Мағриб» (яке аз китобҳои қадимтарини ҷуғрофист, ки соли 983 муаллифи номаълуме навиштааст, ки дар хусуси ду шоҳигарии Ҳисор –яке Аҳорун ва дигаре Шумон маълумот медиҳад), «Китоб – ул масолик-л- мамолик»-и  ибни Ҳурдодбеҳ асри IX (онро соли 963 вазири Сомониён Балъамӣ  ба забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) тарҷима намуда,ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст) ва дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба касабаҳои водии Ҳисор ҳикоят мекунанд.

Ибни Хурдодбеҳ (820-913) ҷуғрофиядон ва сайёҳи араб, аслан аз Эрон яке аз тарҷимонҳои китоби «География»-и олими Юнон Клавдеус Птоломей, солҳои (846-47) дар китоби дар боло номбар шудааш  овардааст, ки «Масофаи байни Ҳамоварон ва Шумон 5 фарсах аст». Ин иқтибос аз он шаҳодат медиҳад, ки  шаҳри афсонавии Ҳамоварон, ки дар «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ баён гаштааст мавзеъи имрӯзаи соҳили чапи дарёи Қаратоқ, таҳҷои имрӯзаи димнаи Шаҳринавро дар бар мегирад. Инро далел он аст, ки  5 фарсах баробари 30 км аст ва он ба масофаи байни қалъаи Ҳисор ва Шаҳринав рост меояд.

Соли 1995 шарқшиноси номӣ  Ғолиб Ғоибов дар китоби наваш «Таърихи Ҳисор ва Чағониёну Душанбе» маълумотҳои гирдовардаи хешро  оид ба вилоятҳои водии Ҳисор ҷой дода, як нусхаи дастхатҳои онро ба «Хазинаи 27500 – солагии шаҳри Ҳисор» пешниҳод намудааст. Ин кори хайри олими шарқшинос аз таърихи 1300 – солаи шаҳри Ҳисор маълумот медиҳад.

Ғолиб Ғоибов дар асари наваш, ки дар боло ном бурдем навиштааст:

«… Дар ин сарзамин, ки имрӯз бо номи водии Ҳисор маъруф аст се  вилояти таърихӣ мавҷуд буд: Шумон, Аҳорун ва Чағониён».

Бояд гуфт, ки дар асрҳои VIII–X– Чағониён номи шаҳр ва дар айни замон номи як вилояти калони Таҳористон будааст. Ин вилоят дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Аҳорун, дар шимол тақрибан то ағбаи Анзоб ва дар шарқ  бошад, то дарёи Кофарниҳон, ки начандон дуртар  аз он қалъаи Шодмон воқеъ аст, тӯл мекашид. Дар шарқ он бо Аҳорун, дар шимол бо вилояти Суғд, дар ҷануб бошад то Қубодиёну Термиз ҳамсарҳад буд. Ба тарзи дигар гӯем, Чағониён дар асрҳои VI-IXминтақаҳои ҳозираи Сурхандарё – Деҳнаву Сариосиё ва Бойсунро дар бар мегирифт.

Дар асрҳои минбаъда, яъне то асри XI Чағониён бо сабаби болоравии нуфузаш дар давраи Сомониён хеле васею пурқувват гашта, заминҳои водии Ҳисорро то сарҳади Вашгирд фаро мегирифт. Вилояти Шумон ва Аҳорун ҳанӯз дар давраи Сомониҳо  (асри X) ба Чағониён ҳамроҳ карда шуда буданд.Сайёҳ, муаррих ва ҷуғрофидони араб  Муқаддасӣ (946-1000), ки ба мамолики шарқ, ки борҳо сафар карда, соли 985 асари «Аҳсан-ут- тақосим дар маърифати иқлимҳо»-ро таълиф намуда, ба хонадони Сомониён тӯҳфа кардааст, оид ба Чағониён, ки асри X чунин нигоштааст: «Чағониён ноҳияи ниҳоят обод буда, серфайзу баракат аст. Пойтахташ низ ҳамин ном дорад…. Ин ноҳия то ба заминҳои Термиз  мерасад. Дар он сарҳад (байни Чағониёну Термиз) қавме бо номи кумичӣ ва турки ганҷина умр ба сар мебаранд. Дар он 16 ҳазор деҳа буда, аз он метавонад 10 ҳазор марди ҷангӣ  бо чорвои савораю нафақааш барояд… нон дар он арзон, гӯшт бисёр ва об фаровон аст. Растании онаҷиб аст, чорво дар он гум мешавад. Дарзангӣ  (Дараи зангӣ) хуш аст ва дар наздикии Ҷайҳун (Аму) воқеъ аст. Тамоми аҳли он  пашминабоф буда, либосҳо тайёр мекунанд. Тамоми шаҳрҳои Чағониён хушу ободанд. Ал-Муқаддасӣ аз шаҳрҳои зерини Чағониён ёд кардааст: Дарзандагӣ, Босанд, Сангдара  Биҳом (Ниҳом), Зиннур (Зевар), Регдашт, Қубодиён, Андиён (Андигон), Дастаҷирд, Ҳабо ва Буроб».Сабаби ба ин рӯйхат дохил шудани Андигону Қубодиён он аст, ки дар асри X бо сабаби боло рафтани нуфузи сиёсии Абӯалӣ ҳокими Чағониён минтақаҳои мазкур ба қаламрави қудрати ӯ дохил шуда буданд. Дарзандагӣ дар наздикии деҳаи Ҷалоир, 62 км дуртар аз Термиз дар соҳили рости Сурхандарё, 1,5км дуртар Хишткӯпрук воқеъ гашта буд. Харобиҳои он ҳоло 20 гектарро дар бар мегирад. Давраи ҷӯшу хурӯши ҳаётдар он ба асрҳои IX-XII рост меояд.

Ртваладзе Э.В. ва Исҳоқов И. Ҳ. Дарзангиро ба харобиҳои Гармалитеппа, ки 7-8 км ба сӯи шимолу шарқӣ дар соҳили чапи Сурхондарё воқеъ гаштааст, монанд кардаанд. Масоҳати теппа дар ҷои харобаҳо 80×60  км ва баландиаш 3 метрро ташкил медиҳад. Дар асрҳои VI-XII вуҷуд доштааст. Ба ақидаи Э.В. Ртваладзе  шаҳрҳои дигар чунин мавқеъ доштаанд: Босанд дар ҷои Бойсуни имрӯза воқеъ гашта будааст. Сафолпораҳои дар Бойсун ёфтшуда ба асрҳои VI- XII тааллуқ доранд:

Қалъаи Регар дар асрҳои XVII-XVIII

Сангардак дар ҷои деҳаи Юрчии имрӯза, дар он мавзее, ки қабл аз омадани Ҳукумати Шӯро қалъаи бек вуҷуд дошт, воқеъ будааст. Харобаҳои қадима дар ҷои Юрчӣ асрҳои VI- XII мансубанд. 20 км дуртар заробаҳои Будраг (ё Бедраҷ) мавҷуданд; Қумғонон ба харобаҳои Ҷартактеппа, ки 4 км дуртар аз Деҳнав ба сӯи шимолу шарқ  воқеъ гаштаанд, монанд аст.Буроб, ки як маҳалла буд ва (20-24 км) дуртар аз шаҳри Чағониён мавқеъ дошт, ба харобиҳои Чимқурғонтеппа монанд мебошад. Ҳаҷми он 350 ба 200 метрро дар бар мегирад. Зинну дар ҷои харобаҳои Оққӯрғонтеппа, ки 3 км дуртар аз Деҳнав ба сӯи шимолу шарқ воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Масоҳати он 140×60 метрро ташкил медиҳад;

Регдашт дар ҷои харобиҳои Гузортеппа дар соҳили чапи дарёчаи Қарасу, 2 км аз Узун ба сӯи шимолу ғарб воқеъ гардида буд. Масоҳати он 40×40 метр буда, маводи аз он ёфтшуда ба асрҳоиIV-Vва XII-XIII таалуқ дорад; Навандак воқеъ дар ҷои харобаҳои Навандактеппа ё Кофирқаъла мебошад. Харобаҳо аз шаҳраки Узун дар масофаи 3 км ба сӯи шимолу шарқ дар заминҳои хоҷагии ҳозира «Наврӯз» ҷойгиранд. Харобиҳоион масоҳати  450 x 450 метрро  дар бар гирифта, маводи аз он ёфт шуда ба асрҳои миёна таалуқ доранд.

Ҷуғрофидонҳои арабизабон ба монанди ибни Ҳавкал, ал Истахрӣ, ал-Муқаддасӣоид ба Чағониёну Шумон ва шаҳрҳою масофаи байни онҳо маълумот дошта бошанд ҳам, оид ба

Аҳорун чизе намеоваранд. Фақат ибни Ҳурдодбеҳ ва Қудома ибни Ҷаъфар   (асри x дар асл адабиётшинос) зимниовардани рӯйхати хироҷи ноҳияи Хуросон, Аҳорунро зикр намудаанд. Вале аҷибаш дар он аст, ки ҳангоми тавсифи роҳи байни Шумону Чағониён худи ҳамин муаллифон дар бораи Аҳорун ягон ишорате ҳам намекунанд. «Вилояти Аҳорун ва шаҳри марказии онро дар минтақаи Қаротоқи имрӯза дар води зархези диёри Қаротоқ бояд ҷуст»- навиштаМ.М.Дяконов. Шояд харобиҳое, ки отряди археологӣ дар назди деҳаи Шаҳринав тадқиқ намуд. Аҳоруни бостонӣ бошад?»- мепурсад ӯ. Вале ҷустуҷӯҳои баъдина нишон додаанд, ки харобаҳои кӯҳнашаҳри Шаҳринав, ки 350 гектарро ишғол мекунад, ба давраи  антиқӣ  мансубанд.

Қалъаи Қаротоқ дар асрҳои XV-XIX

Бостоншиноси дигаре. В.Зеймал дар соҳили рости дарёи Ширкент, дар наздикиҳои Пахтаобод харобаҳои бо номи Ӯзбеконтеппаро, ки 10 гектарро ишғол мекунад, омӯхта ба хулосае омад, ки шояд ҳамин Ӯзбеконтеппа харобаҳои маркази Аҳорун бошад…

Боз эҳтимол меравад, ки ҷое ки  Ӯзбеконтеппа воқеъ гардида буд, яке аз шаҳрҳои Аҳорун бояд бошад. Масоҳати хурди шаҳр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки он маркази Аҳорун шуда наметавонад ва мебоист марказ дар наздикиҳои Чағониён бошад. Ҳанӯз пеш аз омадани арабҳо вазъияти дохилии Аҳорун бисёр бад буд.

Ҳанӯз то анҷоми пазируфтани ин аҳвол ва то омадани Қутайба ибни Муслим ба Чағониён мувофиқи маълумоти ат-Табарӣ, арабҳо чандин бори дигар ба Аҳорун ҳуҷум оварда буданд. Ҳатто муаскари (лагерӣ) ҷанговарони сарлашкари араб ал-Муҳаллаб дар соли 81 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба 700 мелодӣ) дар  Аҳорун будааст. Баъд аз сари ӯ писараш  ал-Муфаззал  дар соли 85-ҳиҷрӣ (704 милодӣ) ба Аҳорун ва Шумон ҳуҷум овард. Ӯ ғолиб омада ғанимати бисёр ба даст овард ва онро дар байни аскаронаш тақсим кард. Зеро ӯ байтуллмол (хазина, анбор) надошт. Ҳуҷумиохирини арабҳо ба Шумон, ки соли 91 ҳиҷрӣ (709 милодӣ) сурат гирифтааст, ба шикасти ниҳоии Шумон расонид».

Аз иқтибосҳои дар боло овардашуда хулосае баровардан мумкин аст, ки марзи ҳудуди шаҳри имрӯзаи Турсунзода дар асрҳои миёна яке аз мулкҳои ноҳияи Ҳисор–Аҳорун  будааст.

Яке аз ёдгориҳои таърихии шаҳри Турсунзода–ХоҷаНақшрон дорои санъати меъмории мансуб ба асри X-XI мебошад. Ин силсилаи меъморӣ аз ду мақбара иборат аст, ки масофаи онҳо 11 метр мебошад. Мақбара аз таҳкурсӣ то шифт бо хишти пухта сохта шудааст дар бунёди мақбара хиштҳои махсуси  сайқалёфта, бо нақшу нигори мураккабу назаррабо ба кор бурда шудаанд. Тоқи даруни мақбара моҳирона кошинкорӣ карда шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки давлати Сомониён нахустдавлати асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон (875-999) ба вуҷуд омада буд. Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи пурқуввати Ғазнавиёну Қарахониён пайдо гардидаанд…Тадқиқотҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки Чағониён ба ҳайати давлати Ғазнавиён надаромада будааст, зеро дар солҳои 1026-1067 дар Ҷағониён тангаҳое сикка зада мешуданд, ки дар онҳо номҳои подшоҳони қарахонӣ, халифа ё амири маҳаллӣ закр гардида буданд. Ин вазъ то давраи ҳукмронии Иброҳим ибни Насри Қарахонӣ давом кард. Дере нагузашта Салчуқиён пурқувват гардида  ғазнавиёнро шикаст доданд. Маликшоҳи Салчуқӣ соли 1089 Бухорою Самарқандро забт карда, то Урганҷи Фарғона пеш рафт ва Мовароуннаҳрроаз дасти қарахониҳо асосан рабуд…

Дар нимаи дуюми асри XII давлати Ғӯриён (дар Афғонистони имрӯза) рӯ ба тараққӣ ниҳод. Давлати онҳо масоҳати калонро фаро мегирифт. Ғазнӣ аз соли 1173 ба ҳайати давлати ғуриҳо даромад. Онҳо баъзе вилоятҳои рости Омуро ба монанди Чағониёну Вахш низ таҳти тасарруфи худдароварданд.Ҳамзамон бо Ғуриён дар ғарби Мовароуннаҳр давлати муқтадири Хоразмшоҳиён арзи вуҷуд намуд. Ва чӣ тавре, ки дар он замонҳо роиҷ буд,рақобати байни ин ду давлати муқтадир  ба ҷангҳо оварда расонид. Дар натиҷаи ин задухӯрдМуҳаммад Хоразмшоҳ дар соли 1206 бар рақиби ғурии худ Ғиёсиддин Маҳмуд ғолиб омад. Солҳои минбаъда то ҳуҷуми мағулҳоМуҳаммади Хоразмшоҳ бо қарохониҳо дар ҳолати мубориза қарор дошт. Дар соли 1215 Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳудуди дар Мовароуннаҳр будаи давлати ғуриёнро ба қаламрави давлати худ ҳамроҳ кард. Азбаски Хатлону Шумону Чағониён замоне ҷузъи давлати Ғуриён буданд, акнун ба қаламрави давлати Хоразмшоҳиён дохил гардиданд. Замони ҳуҷуми Чингизхон дастаи муғул ин ду вилоятро бо ҳуҷуми худ зеру забар карда буд, баъд аз ин дар давоми зиёда аз сад сол номи Шумону Чағониён аз саҳфаи таърих сутуда шуд. Пас аз тасарруфи ин вилоятҳо баъзе қабилаҳои муғулҳо оҳиста-оҳиста  дар ин ҷойҳо ва умуман Тоҷикистони Ҷанубӣ маскун гаштаанд. Номи Шумон, ки пеш низ дар ин сарчашмаҳо камёд мегардид ва ба ҷои он бештар аз номи Чағониён, ки дар зери ин ном ҳарду вилоятро дар назар доштанд, истифода мешуд, дар ин давраи пуршӯр умуман аз байн рафт. Ҷои Шумонро номи Ҳисори Шодмон ё умуман Ҳисор гирифт, ки онро бори аввал Шарафиддин Алии Яздӣ дар «Зафарнома»-и худ овардааст.

Баъди марги Чингизхон давлатҳои мазкурва умуман Мовароуннаҳр ба тасарруфи писари ӯ Чағатой дохил шуданд. Дар давраи зиндагии Чағатой ва пас аз фавташ хешу таборон ва амирони ӯ дар он давлатчаҳо ҳукмронӣ мекарданд. Давоми даҳсолаи охир, яъне то ба тахти подшоҳӣ нишастани амир Темур (1370) ҷангу ҷидол ва нооромӣ  дар водии Ҳисор идома дошт. Зеро дар даҳсолаи мазкур зиддияту ҷангҳо байни ду дӯсти қадима–амир Ҳусайну амир Темур, ки яке дар Шолисарою дигаре дар Кеш (Шаҳрисабз)ҳукмронӣ доштанд, давом ёфт. Ҳокимони Ҳисору Хатлон бошанд, гоҳе аз амир Ҳусайн ва гоҳе аз амир Темур ҷонибдорӣ мекарданд. Фақат баъд аз кушта шудани амир Ҳусайн вазъи ҲисоруХатлон каме ба эътидол омад. Ин вазъи нисбатан ором дар Ҳисору Чағониён то замони фавти амир Темур, соли 1405 давом кард. Маҳмуд ибни Амир Валӣ оид ба Сағониён (Ҳисору Деҳнав)чунин менависад: «Сағониён мамлакати бузург аст», аз мамолики Мовароуннаҳр  аз иқлими чаҳорум панҷум ва дар шимоли Тирмизу ҷануби Кешу Самарқанд афтода. Ва аксари анҳор (наҳрҳо), ки ба Ҷайҳун мапайванданду маъзами (аксари) ишорат баъд дар байни Ҷайҳун карда шуда, аз ин вилоят берун меравад ва онро Чағониён низ мегӯянд. Ва акнун ба Ҳисор иштиҳор (шӯҳрат) дорад, ба воситаи он, ки дорулмулкаш (пойтахташ) Ҳисори Шодмон аст ва он Ҳисорест (қалъаест) дар ғояти эҳком (мустаҳкамӣ) ва истеҳком бар фазои баланди олӣ. Ва баъзе онро ба Таҳмурсаис Девбанд нисбат доданд. Ва баъзе осор чунон ба вузӯъ мепайвандад, ки он баландӣ аз маълумот (сохтаи) девону чиниён хоҳад буд. Билҷумла, вилояти мазкур аз машоҳири вилояти он ҳудуд асту тавобеъ ба музофоту қӯро (қарияҳо, деҳаҳо) ва қасаботи (шаҳрчаҳо, марказҳои ноҳияҳо) бисёру бушумор дорад ва аз аъозими (бузургарини амъолаш, ноҳияҳояш) Деҳнав аст, ки дар қадим Чағониён мегуфтанд.

Чанде аз қаламкашон номи Регарро бо номи яке аз ашхоси ҷараёни «Нақшбандӣ»-и Хоҷа Орифӣ Ревгарӣ меноманд, ки он ба асри XVI мутаалиқ аст.

Ҳудуди имрӯзаи шаҳр то охири асри XVIII бо номи «Ҳисори поён» маъмул буд. Дар миёнаи асрҳоиXVI–XVIII дар самти ҷанубии дарёи Ширкент наздикии деҳаи имрӯзаи Зарбдори шаҳр, наздикии шаҳраки Пахтаобод Қалъаи Регар мавқеъ дошт.

Истилоҳи «Регар»дар асл реггарон аст. Садсолаҳо пеш сокинони он бо рег сару кор доштанд ва пешаи онҳо кулолгарӣ буд. Инро шаҳодат он аст, ки бозёфтҳои археологӣ аз замони антиқа муайян сохтаанд.

Муҳаққиқи ҷӯянда, катибашиноси мумтоз Аҳрори Мухтор оид ба Ҳокимони Ҳисор татқиқотҳои шоёни илмӣ гузаронидааст, махсусан номбар шудани номи ҳокимони нимаи дуюми асри XV то ибтидои асриXXдар китобаш «Ҳокимони Ҳисор»ҷолиби диққат аст.

Ӯ дар ин асараш номҳои ҳокимони Ҳисор дар асри XV–XVI Қамбаралибек, Султон Маҳмуд, Бойсунғур Мирзо, Маҳдӣ Султон, Ӯзбек Султон, Килич Қаро Султон, Темур Аҳмад Султон, Муҳаммадёр; ҳокимони асри XVI-XVIII Халуқаби мирохур, Хишика  атолиқ, Раҳимхон, Муҳаммад Аминбӣ, Муҳаммадалӣ Каттабек валади Улуғбек, Дӯстмуҳаммадбегӣ, Қароошғолӣ, Каримбегбий, Бобо парвоначӣ, Давлатбий Кенагас, Муҳаммадёр, Ӯткан додхоҳ, Дарвешқушбегӣ, Муҳаммадин юз, Сиддиқбек, Донёл атолиқ, Алеберди тоз (аввалин ҳокими асри XIX)Сӯфибии девонбегӣ, Абдукаримбий, Яъқуббек, Раҳмонқул парвоначӣ, Саидбий атолиқ юз, Сӯфибий, Салим дастурхончӣ, Абдулмӯъминхон, (1871-1886), Остонақулбек, (1886-1906), Шоҳимардон (Иноқҷон-1907 дар заминҷунбии Қаратоқ ҳалок гашт), Муродҷон (Мирмурод) ва Абдулмӯъмин чучқа (1907-1911), Авлиёқул парвоначӣ (1911-1915) Хоҷақулибекбий девонабегӣ (1915-1917)аз бемории вабо ҳалок гашт) ва Авлиёқулбек (1917-1920) номбар карда шудааст.

Зикр бояд кард, ки ҳокимони зикргардида  қарнҳои гуногун ҷилави давлатдориро дар вилояти Ҳисор, ки шаҳри мо як қисмати он ба шумор мерафт, ба даст гирифта буданд. Дар байни ин ҳокимон  танҳо Абдукаримбий зодаи деҳаи Қаротоқ буду Остонақул қушбегӣ яке аз ҳокимони нисбати мардум дилсӯз ва аҳли фарҳанг дар ҳошияи таърих нақш гузоштааст.

Ҳанӯз соли 1911 Заҳируддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) арбоби давлатӣ, лашкаркаш, воқеанигор ва шоир ба 500 сар шутури корвониаш тавассути дараи Қаратоқ ба Мастчоҳ сафар кард, дар хотираҳояш ва харитаи сафараш дарёи Қаротоқро (Камрӯд) ёдоварӣ намудааст.

Дар соли 1915 аҳолии бекигарии Ҳисор 210 ҳазор нафарро ташкил менамуд, аз он ҷумла дар амлокдории Қаротоқ 7500 нафар, дар ҳудуди шаҳри Қаротоқ 5100 нафар зиндагӣ мекарданд.

Дар соли 1923 шумораи аҳолии Қаратоқ 4750 нафар, Регар 1040 нафар, Даюб 2507 нафар, дар Неъматбача 1700 нафар аҳоли зиндагӣ мекарданд.

Аз ибтидои асри XIX сар карда то солҳои 20-уми асри XX, марзи шаҳр, ки дар водии Ҳисор мавқеъ дорад, диққати сайёҳон, набототшиносон, археологҳо ва олимони соҳаҳои гуногуни мамолики Аврупо, Амрико ва Русияро ба худ ҷалб намуда буд, онҳо дар хотираю эҷодашон оид ба зироаткорӣ касбу корва вазъи сиёсию иҷтимоии ин сарзамини зархез дар осорашон мерос гузоштаанд.

Аз он ҷумла лейтенанти англис  Остиндак (1831), сайёҳи рус И. А. Масв (1857), шарқшиноси рус Г. Е. Грум Грижимайло (солҳои 70-ум) Л. Ф Костенко, сайёҳи фаронсавӣ Г. Бунвалот (1886), полковники штаби генералии  подшоҳии Русия Галкин (1889), Стеткеевич (1889), набототшинос олимони В. Веберг (1903), Ф.К. Красилеиков (1908), археологи амрикоӣ Р. Помпелӣ, капитани штаби геннералии Русия Покотило, Д. Н. логофт (1913), сайёҳи англис Рикмерс Риклара (1913), шарқшиноси рус М. С. Андреев (1916) ва даҳҳо нафари дигар барои омӯзиши ин водӣ омада буданд.

Шаҳри Турсунзода таърихи бештар аз 2500 сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Турсунзода ҷойгир аст.

Ёдгориҳои меъморӣ

1. Мақбараи Хоҷа Нақшрон – деҳоти Т. Туйчиев

2. Мақбараи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа – деҳоти Қаротоқ

3. Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Солеҳ – деҳоти Қаротоқ

4. Масҷиди Хоҷа Рӯшноӣ – деҳоти Қаротоқ

5. Мазори катибадори Муҳаммадибий – деҳоти Қаротоқ

6. Мазори Шайх Эшони Шоҳмансури Самарқандӣ – деҳоти Қаротоқ

7. Мақбараи Баҳовуддини Балогардон – деҳоти Навобод

Ёдгориҳои археологӣ

1. Қултеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

2. Тӯятуттеппа – деҳаи Чириштеппа, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

3. Оққӯрғонқалъа – деҳаи Оққӯрғон, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

4. Чучуқайтеппа – деҳаи Оққӯрғон,  деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

5. Долонсойтеппа – деҳаи Долонсой, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

6. Мингдонатеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

7. Арабтеппа – деҳаи Заркамар, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

8. Мазортеппа – деҳаи Ғайрат, деҳоти Ҷӯра Раҳмонов

9. Қулоқлитеппа – деҳаи Қулоқли-теппа, деҳоти 1-Май

10. Теппа – деҳаи Янгиобод, деҳоти 1-Май

11. Қӯрғончаи охир – деҳаи Шайх Музаффар, деҳоти 1-Май

12. Теппа – деҳаи Тошобод, деҳоти Навобод

13. Чиртактеппа – деҳоти Навобод

14. Закоттеппа – деҳоти Навобод

15. Кофиртеппа – деҳоти Навобод

16. Гулчайтеппа – деҳоти Навобод

17. Қаротеппа -, деҳоти Навобод

18. Каттатеппа – деҳоти Навобод

19. Кимзарартеппа -, деҳоти Навобод

20. Балогардонтеппа -, деҳоти Навобод

21. Қурбонкӯсатеппа -, деҳоти 10-солагии Истиқлолият

22. Оқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият

23. Гултеппа-ддеҳоти 10-солагии Истиқлолият

24. Гулзилзилатеппа –  деҳоти 10-солагии Истиқлолият

25. Заргартеппа – деҳаи Шарқ, деҳоти 10-солагииИстиқлолият

26. Чинортеппа – деҳаи Чинор, деҳоти 10-солагии Истиқлолият

27. Қизилхишттеппа – деҳаи Лоҳутӣ, деҳоти 10-солагии Истиқлолият

28. Чоргултеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият

29. Ҷарқишлоқтеппа – деҳоти 10-солагии Истиқлолият

30. Қӯштеппа – деҳоти 10-солагииИстиқлолият

31. Ӯзбеконтеппа -, деҳоти 10-солагии Истиқлолият

32. Коррези Тешуктош – деҳаи Қаратоқ, деҳоти Қаратоқ

33. Ғаровтеппа – деҳаи Ғарав, деҳоти Ғарав

34. Қӯрғонтеппа – деҳоти Регар

35. Пашмикӯҳна – қисмати шимолии дарёи Ширкент

36. Тандирйӯл – наздикии ҳудуди деҳоти Пахтаобод

37. Дутеппа – 61-62 км роҳи Душанбе – Деҳнав

ЗИЁРАТГОҲҲО

Дар шаҳри Турсунзода якчанд ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо мавҷуд ҳастанд.

Зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа.Дар оромгоҳи «Мазори эшон»-и деҳаи Қаратоқ қабри калоне ба шакли сағонахона дар алоҳидагӣ ҷойгир аст. Дарозӣ ва бари қабр 2,6 х 1,4 метр аст. Сағонаи номбаршуда, аз Қалъаи Қаротоқ дар масофаи 215 метр дур ҷойгир аст.

Катибаи «Санги бузургвор». Дар деҳаи бостонии Қаратоқ

ягона катибае, ки аз муҳоҷиршавии мардумони самарқандӣ дар асри XVIII-XIXгувоҳӣ медиҳад, ки ин катибаи рӯи «Санги сандуқ» ё «Санги бузургвор» мебошад. Катибаи дар рӯи санг сабт гашта, соли 1112-и ҳиҷрӣ мебошад.

Ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон. Мақбараи Хоҷа Нақшрон дар асрҳои XII-XIII сохта шуда, дар ҷамоати Т.Туйчиев майи шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст.

Пашмикӯҳна. Ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистонро аз давраҳои қадим роҳи таърихӣ – Шоҳроҳи Абрешим пайваст менамуд. Ҳамин буд, ки Тоҷикистон мавқеи асосиро дар маданият ва тиҷорати байналқалқӣ байни Ҳиндустон, Афғонистон, Хитой, Суғд, Таҳористон муаррифӣ менамуд.

Дар қисмати шимолии парки Ширкент қишлоқ бо номи Пашми Кӯҳна вуҷуд дорад, ки хеҷ кадом аз истиқоматкунандагони он аз кадом давра вуҷуд доштани маҳалро ёд надоранд. қишлоқи на он қадар калон, бо шумораи ҳафт нафар оила дар як мавзеи зеботарини табиат, дар рӯ ба рӯи дарё, харсангҳои сурхчатоб доман паҳн кардааст.

ЁДГОРИҲОИ ТАБИӢ.

Бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави боғи   таърихӣ-табии Ширкент аз 40 адад зиёд аст, ки онҳо ба категорияҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ дохил мешаванд. Ба категорияҳои геологӣ бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи қадим дошта, дар гузашта дар ин ҷо мавҷуд будани динозаврҳоро нишон медиҳад. То кунун изи динозаврҳо дар ҳудуди боғ боқӣ мондаанд.. Миқдори умумии изи динозаврҳо аз 400 зиёд аст. Тақрибан таърихи ин динозаварҳо ба 96-156 миллион сол қабл баробар аст.

Боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар масофаи 70 километр аз шаҳри Душанбе, соли 1993 боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар мавзеи зебоманзари дараи Ширкент, бо мақсади нигоҳдории ёдгориҳои қадимаи динозаврҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир ва арчазорҳои ҳамешасабзи қаторкӯҳҳои Ҳисор таъсис дода шудааст.

Дар қуллаи силсилакӯҳи Маҷетлӣ якчанд пиряхҳои хурду калон мавҷуд аст, ки роҳ ба сӯи онҳо аз дараи Ҳазархона ба воситаи монеаҳои Ширкент, аз харсангҳои сурхчатоби пурқувват иборат, меравад.

Воситаҳои ахбори умум 

Ҳафтаномаи «Диёри Турсунзода»  Аз моҳи марти соли 1935 нашр мегардад. Аз соли 1935 то соли 1940 бо ҳуруфоти лотинии ӯзбекӣ ва қисман ҳуруфоти кирилии русӣ рӯзнома ба табъ мерасид. Аз ибтидои солҳои 40-ум то имрӯз бо ҳуруфоти кирилии русӣ ба табъ мерасад.

Рӯзнома бо номҳои “Ленин юли” то нимаи дуюми солҳои 80-ум, “Халқ минбари”, то охири солҳои 80-ум “, “Регар” то соли 2004 ва аз соли 2004 то айни замон “Диёри Турсунзода ба табъ мерасад. Аз ибтидо то имрӯз дар ҳайси сармуҳаррир шахсони зерин фаъолият кардаанд:

Улуғназар Аҳмадов, Тоҷиддин Тухтаматов, усмон Нишонов, Хӯҷааҳмад Хидиралиев, Тӯйчӣ Ханҷаров, Шамсиддин Ҳоҷиматов, Абдумурод Бӯриев, Сафаралӣ Мансуров, Норқул Рабиев, Фирӯза Муминова фаъолият кардаанд.

Дар ин солҳо ҷиҳати пешрафти соҳа мухбирон ва кормандони зерин саҳмгузорӣ намудаанд: Шамсиддин Ҳоҷиматов. Ашурмат Буттаев, Мирзо Келдиёров, Набиҷон Муҳаммадиев, Эргашалӣ Маҳмудов, Комилҷон Хушназаров, Азиза Шоимардонова, Фирӯза Муминова, Алимардон Шоимардонов, Мамаёқуб Тоҳиров, Акрам Икромӣ, Абдуҷлил Ғафуров, Хӯҷааҳмад Хидиралиев, Ҳомидалӣ Обидхӯҷаев, Иброҳим Юлдошев, Гулрухсор Юсуфова, Абдурауф Муъминов, Махфират Солиева, Фирӯз Холиқов, Алишер Мирзоев, Азиза Исматова, Ҳабибулло Дӯстов, Саида Умарқулова ва дигарон.

Ширкати телевизион ва радиои «Регар»-и шаҳри Турсунзода

Аз 31-уми марти  соли 1994 Телевизиони «Регар»-и шаҳри Турсунзода рӯи мавҷ омад.

Солҳои аввали фаъолият Ҳабибулло Мақбулов, Шаҳобиддин Бобоев, Абдумаҷид Бойхонов, Музаффар Мадалиев, Олмахон Саидова Файзалӣ Холов, Камолиддин Бобоев, Хуршед Ҳалимов, Гулнисо Зарипова фаъолияти пурмаҳсул кардаанд.  Дар радифи барномаҳои телевизион ҳамчунин барномаҳои радиои “Садиои Осиё” рӯи мавҷ омад.

Имрӯзҳо Собирҷон Саидов, Дилшод Раҳмонов, Саидакбар Амирзода, Зайнаби Зайниддин, Зафар Ҳасанов, Сайфиддин Иброҳимов ва дигарон ҷиҳати рангину пурмуҳтаво гардидани барномаҳои телевизион эҷод менамоянд.

Ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»

9 июли соли 1976 аввалин шумораи газета бо номи газетаи «Огни Регара» ба дасти хонанда расид. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҳафтанома ном «Алюминийи Тоҷикистон»-ро гирифт. Ҳафтанома соҳавӣ буда, дар 8 саҳифа ва бо се забон(тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ) нашр гардида, бештар ба солҳаи истеҳсолот бахшида шудааст.

Ҳафтаномаи «Ҳидоят»

Ҳафтаномаи мазкур бо замимаи «Адабиёт ва ҷомеа» нашрияи ҳизбӣ буда, кору фаъолияти ҲХДТ ва доираи адабии шаҳрро инъикос менамояд.

Маҷаллаи «Нури Маърифат»

нашрияи соҳаи маориф буда, дар он масоили вобаста ба маориф, эҷодиёти насли наврас, ва таҷрибаи педагии омӯзгорон рӯи нашр меояд.

Маҷаллаи «Тибби Бӯалӣ»

нашрияи соҳаи тандурустӣ буда, дар он  таҷрибаи пешқадами соҳаи тибби шаҳр,  усулҳои табобат, вобаста ба таъриху инкишофи тибби миллӣ ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон маколаҳо интишор мегарданд.

Доираи адабии шаҳри Турсунзода

Шаҳри Турсунзода мавзеи қадимист. Ин шаҳр дар давраҳои гуногуни таърихӣ мулки давлатҳои Осиёи Миёна: Бохтар, Кӯшон,Тахористон, Сосониён, Сомониён, Темуриён, Шайбониён ва монанди  инҳо буд. Дар бобати доираҳои адабии ин давраҳо маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар ҳудуди имрӯзаи шаҳр дар асрҳои XVII – XVIII шаҳри Қаротоқ шӯҳрат пайдо мекунад.Ҳамчун маркази ҳунармандону тоҷирон ном мебаранд. Савдогарони  Эорну Афғонистон, Ҳиндустону Чин ва дигар мамлакатҳо тавассути Қаротоқ ба Бухорову Самарқанд  сафар мекарданд. Ин далел бозгӯ бар он аст, ки ин ҷо чун як гӯшаи водӣ аз даврони қадим макон буду боши одамон, мавзеи зуҳуроти маърифату фарҳанги мардуми ориёӣ будааст.

Сачашмаҳои хаттӣ далолат мекунад, ки Қаратоқ то замони ба вуқуъ омадани зилзилаи соли 1907 яке аз шаҳрҳои сераҳолитарин, маркази ҳунару ҳунармандӣ, тиҷорат, илму маърифат ва фарҳангу адабиёт ба ҳисоб мерафт. Хусусан дар нимаи дуюми асри XIX дар ин ҷо баробари ривоҷи ҳунармандӣ: кулолгарию бофандагӣ, чармгарию оҳангарӣ адабиёту фарҳанг низ дар ҳоли рушд будааст. Дар ин давра як доираи адабӣ фаъолият дошт, ки ба он шоирони он замон Қори Домуллоҳ (Қорӣ Абдуллоҳ), Мирзо Олим, Раҳматбегиҷон, Усто Болтуи Харрот, Мирзо Абдулвоҳид Ғуломӣ, Мирзо Олим ва дигарон шомил буданд. Онҳо шабҳои ҷумъа дар меҳмонхонаҳои якдигар, бонавбат Бедилу Ҳофизхонӣ  мекарданд, шеърҳои худро қироат намуда, маслиҳатҳо мегирифтанд. Ба ин маҳфил шоир Қорӣ Домуллоҳ сарварӣ мекард. Шоирони он замони ҳавзаи адабии Қаротоқ бо адибони доираи адаби Ҳисор: Ирсии Ҳисорӣ, Парии Ҳисорӣ, Ҳасрати Ҳисорӣ, Сайқалии Ҳисорӣ ҳамкории зич доштанд. Онҳо ба маҳфилҳои ҳамдигар ташриф оварда, шеърхонӣ мекарданд. Вале мутаассифона ҳамин ҳамкории муштараки адибони ду ҳавза ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст.

Сарчашмаҳо далолат мекунанд, ки аз солҳои 80-уми қарни XIX ҳавзаи адабии Қаратоқ аз ҳисоби як идда шоирон тавсиа меёбад. Ба ин  доира адибони ғазалсарову баёзнавис Хиҷили Каратоқӣ ( Мулло Тағоймуроди Танбӯрӣ), Нозими Қаротоқӣ, Мафтуни Қаротоқӣ (Мирзо Нӯъмони Каҷбанд), Мирзо  Ғулом, Ҳоҷӣ- Мулло Саид баътар Муллоҷони Саъдуллоҳ ва дигарон мепайванданд. Ҳамаи адибони он замон дар равияи адабиёти классикии тоҷику форс асар эҷод мекарданд, ғазалу рубоӣ, дубайтиву  қасида менавиштанд, аз эҷодиёти шоирони гузашта баёз мураттаб менамуданд.

Хиҷил  дар  баробари  ғазалсарову  мутриби   хушнаво  буданаш  баёзнависи  муваффақ  низ  будааст.  Гузашта аз ин Хиҷил  ҳунарманди номӣ буд. Ҳар шеъре, ки эҷод мекард, ба оҳанг медаровард ва бо танбур   месуруд.

Намунаи ғазали Хиҷил:

Бӯи гул з- он пираҳан  андар машомам ҷо гирифт,

Ҳамчу булбул нолаам з-авҷи фалак боло гирифт.

Як нигоҳ аз чашми ҷоду бас ки оҳу дида буд,

Сар ба савдо дида худро ҷой дар саҳро гирифт.

Кокули хам дар хами мушкини мушкафшони ӯ,

Оламеро қоматаш  бе шӯру  бе ғавғо   гирифт.

Ман чӣ гӯям аз хилофи аҳдҳои он парӣ,

Борҳо  бишкаста аҳд  имрӯзро фардо гирифт.

Рамзи тасвири қадашро  баски наққоши азал,

 Аз ниҳоли тӯбиву  шамшоди гул зебо гирифт.

Номи ширинаш сари ҳар байт аз ҳарфи Ҳиҷил,

Ҳар яке чун дурри гавҳар аз таҳи дарё гирифт.

                                                                ***

Қомати сарви хиромони  ту бар ҷонам занад,

Чини зулфи анбарафшони  ту бар ҷанам занад.

Ғунча аз рашки лабат чун дар ҷигар  печидааст,

Хушназокат лаъли  хандони ту бар ҷонам занад.

Тӯтӣ аз гуфтори  ширини ту менӯшад асал,

Нутқи том аз шакаристони ту бар ҷонам занад.

Аз карам гуфтӣ, ки бахшам бӯсае баҳри Хиҷил,

Деҳ маро акнун, ки эҳсони ту бар ҷонам занад.

        Мирзо Нӯмони Каҷбанд бо тахаллуси  Мафтун шеьр эҷод мекард. Доир ба ҳаёт ва  эҷодиёти шоир  маьлумоти чандон пурра вуҷуд надорад. Танҳо ҳамин далел рӯшан аст, ки Мафтун соли 1883 дар шаҳри Қаротоқ ба дунё омада, дар ҳамин ҷо бар асари бемории қаттоли «вабо» аз дунё гузаштааст. Мирзо Нӯьмони Каҷбанд «Армуғони Мафтун» ном маҷмӯае доштаст, ки як ғазал бо номи «Вазидагӣ» ва як мухаммаси ӯ то замони мо омада расидааст.

Вазидаӣ

Эй  бод! аз чӣ бар сари  кӯяш вазидаӣ,

Афсӯскунон ту ба сӯяш давидаӣ?

Эй хол, дар канори лабаш шиштаӣ хамӯш,

Пушти лабаш чи сахт ба дандон газидаӣ.

Эй ёри меҳрубон, ба Худо медиҳам қасам,

Боре бигӯ, ки аз мани мискин чи дидаӣ?

Мафтун ба фитнаи сари зулфаш фитодаӣ,

Бар кунҷи ғам нишастаю  рангат паридаӣ.

                                                                ***

Наққоши азал партави ҳуснаш, ки бино кард,

Меҳраш ба дили ҳаёти ин  ғамзада ҷо кард.

Пирӣ написандид, ки мӯҳтоҷи асо кард,

Майли хами абрӯи туам пушт дуто кард,

Дар шаҳр  чу моҳи навам ангушт ҷудо кард.

Нозими Қаратоқӣ

Нозими Қаратоқӣ низ шоири ғазалсаро буд. Дар бобати таьрихи таваллуд ва вафоти ӯ маьлумоти саҳеҳ нест. Баьзе касони ҳолдон ӯро ҳамзамони шоир Хиҷил мегӯянд, баъзеи дигар андеша доранд, ки Нозим аз намояндагони охири асри XVIII ва ибтидои қарни XIX- и доираи адабии Қаратоғ мебошад. Танҳо ҳамин далел равшан аст, ки  писараш Ҳоҷӣ Бобокалон ном дошта, набераашро Ҳоҷӣ Баҳриддини Қаратоғӣ мегӯянд. Дар сарчашмаҳо номи Нозими Қаратоқӣ ҳамчун шоир ишора шудааст, вале аз эҷодиёти ӯ то замони мо танҳо ғазале ба мерос мондаасту халос. Гумон меравад, ки маҳсули эҷоди Нозим дар зилзилаи соли 1907-и Қаратоғ аз байн рафтааст.

Нозим аз ту

Як нигоҳ аз тую бар хок тапидан аз ман,

Як сухан аз тую бо гӯш шунидан аз ман.

Дилбарӣ аз тую меҳр аз тую тамкин аз ту,

Интизори сари роҳи ту нишастан аз ман.

Ҳар тараф ҷилвакунон зуд гузаштан аз ту,

Аз қафои ту ба ҳар кӯча давидан аз ман.

Аз раҳи дур фиристодани пайғом аз ту,

Ҳамчу мурғе ба ҳавои   ту паридан аз ман.

Дил ба тороҷи алам бурдани Нозим аз ту,

Ситаму ҷабру ҷафои ту кашидан аз ман.

Абдусаттор Мирзоғулом

Дар бораи ӯ маълумоти  дақиқ вуҷуд надорад. Гумон меравад, ки номбурда охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX зиндагӣ кардааст. Дар сарчашмаҳо узви маҳфили адабии Қорӣ Домулло будани ӯ ёдрас мешавад. Ӯ марди соҳибистеъдод ва дилбохтаи шеъру шоирӣ буд, шеър эҷод мекард. Вале бо сабабҳо номаълум аз ӯ девони шеър боқӣ намондааст. Таълифоти ба меросмондааш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  Абдусаттори Мирзоғулом дар равияи шоирони классикӣ ғазал эҷод мекардааст. Аз мероси адабии ӯ ғасале пешниҳод мешавад:

Ошиқи    бечораро

Ман куҷо хоҳам барам ҷону дили садпораро,

Мениҳам бар хоки пои ӯ сари овораро.

Мондаам бечора дар саҳрои дил  бо  бори ғам,

Аз висолаш то даво созам тани бечораро.

Ошиқон бисёрҳо аз оташи ғам сӯхтанд,

Кас надида  ҳамчунон як маҳваши гулкораро.

Пир шуд умрам, надидам илтифот аз маҳвашон,

Раҳм барное накарда  ошиқи бечораро.

Эй Ғуломӣ, муддао аз кӯи ҷонон мушкил аст,

Кас ба осонӣ наёфт ин роҳи ноҳамвораро.

Ҳоҷӣ Мулло Саиди Қаротоқӣ

(1857- 1951)

Мулло Саид яке аз мардони аҳли адаб ва иштирокчии доимии маҳфили Қорӣ Домуллоҳ буд. Вале мардум ӯро на ҳамчун шоир, балки табиби мардумии мумтоз, дар саросари водии Ҳисор ва берун аз он мешинохтанд. Номбурда дар тӯли умраш се маротиба пои пиёда сафари ҳаҷи Акбар кардааст. Гарчанде Ҳоҷӣ Мулло  Саиди  Қаротоқӣ  табиби муваффақ буд, вале аз 16 фарзандаш танҳо як нафараш – Усмоналӣ  умри дароз дидааст. Боқӣ фарзандон дар хурдсоливу ҷавониашон  ба мурод нарасида, аз олам чашм пӯшидаанд. Марсияҳое, ки барои фавти духтари ҷигарбандаш аз номи худ ва домодаш эҷод кардааст, аз истеъдоди шоирӣ доштани Ҳоҷӣ Мулло Саид гувоҳӣ медиҳад.

Марсия

Моҳи  ман  имрӯз  тарки  зиндагонӣ  карду  рафт,

Бо  ҳама  хешу  табораш  меҳмонӣ  карду  рафт.

Моҳи  ман  имрӯз  тарки  хонаи  мо  карду  рафт,

Ёр  саргардону  ҳайрон  бе  сару  по  карду  рафт,

Ёри  ман  имрӯз  гардид  аз  шариконаш  ҷудо,

 Зиндагиро  тарк  карду  рафт  бо  амри  Худо.

Моҳи  ман  аз  хонаю  модар  набинмудаст  ароз,

Рафт  акнуну  наояд  аз  раҳи  дуру  дароз.

Моҳи  ман  то  рӯзи  маҳшар  қасди  меҳмонӣ  кунад,

Қасд  аз  рӯзи  азал  дар  хонавайронӣ  кунад.

Ёри  ман  имрӯз  шуд  аз  хонаву  ёрон  ҷудо,

Гашт  дар  зери  замин  яксон  бо  хоки  сиё.

Моҳи  ман  имрӯз  боғаш  дар  дилу  ҷонам  задаст,

Оташи  тезе  ба  ҷону  мулку  айвонаш  задаст.

Моҳи  ман  имрӯз  шуд  аз  хонаву  дар  ноумед,

Дарду  доғи  мотамаш  он  модари  зораш  кашид.

Муллоҷони Саъдуллоҳ

(тахаллусаш Исмат), (1903-1978)

Мулоҷони Саъдуллоҳ 26-уми декабри соли 1903 дар гузари Обдузди шаҳри Қаротоқ дар оилаи устои оҳангар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар дусолагӣ аз падар ятим мемонад ва модараш Хадича ба тарбияи фарзандаш машғул мешавад. Аз синни 5-солагӣ ба ӯ кам-кам навиштану хонданро бо забони арабӣ меомӯзад. Дар сини 6-солагиаш ӯро ба мактаби кӯҳна месупоранд. Ӯ ба зудӣ хондану навиштанро аз худ мекунад ва ҳамсабақҳояш ба ӯ тахаллуси «Муллоҷон»-ро медиҳанд. Соли 1912 модари Муллоҷон низ аз дунё чашм мепӯшад. Муллоҷон дар назди усто Ғафур шогирд истода, касби бофандагиро меомӯзад ва ба пешаи бофандагӣ мепардозад. Муллоҷони Саъдуллоҳ аз моҳи феврали соли 1921 ба Кумитаи инқилобӣ аъзо гашта, баъди чанд муддат ба Кумитаи Бехатарии корҳои фавқулодда мегузарад. Мавсуф дар вазифаҳои тарҷимони шуъбаи муҳофизатӣ, ҷонишини сардори шуъбаи озуқаи вилоятӣ, Сардори шуъбаи муҳофизатӣ, сардори шуъбаи ОГПУ, сардори шуъбаи махсуси дивизияи 8-уми савора, котиби масъули кумитаи иҷроияи Ҳисор, комиссари халқии савдои Тоҷикистон, комиссари халқии судии Тоҷикистон, прокурори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон, сардори шуъбаи хӯроквории лоиҳакашии Руссия, раиси Лоиҳакашии Давлатии Тоҷикистон, ва дигар вазифаҳои муҳими давлатӣ фаъолият намудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи орденҳои «Ситораи сурх» ва «Ленин» мебошад.

Ӯ дар баробари адои вазифаҳои давлатӣ ба шеъру шоирӣ низ шавқу рағбати зиёд доштааст. Муллоҷон бештар бар ғазали шоирони классики форсу тоҷик назирасароӣ кардааст. Аксарияти шеърҳояш дар байни солҳои панҷоҳуму шастум навишта шудаанд, вале танҳо соли 1960 ҳамаи ғазалҳояш дар ду дафтар тозанавис гардидаанд.

Муллоҷони Саъдуллоҳ 8-уми январи соли 1978 дар сини 75-солагӣ аз бемории сактаи дил оламро падруд гуфтааст.

Намунае аз эҷодиёт:

Парвона хоҳам шуд

Санам, доғи дилам бурд аз рухаш афсона хоҳам шуд,

Надорам тоқати ҳаҷраш  яқин девона хоҳам шуд.

Аз он рӯзе, ки ин дилбар ба ман  то ошно гардид,

Ба он ёрони пешин, алғараз бегона хоҳам шуд.

Маро дар синаам дил нест, рӯзу шаб талабгорам,

Ки бо ин ёри дилбурда ба кай ҳамхона хоҳам шуд.

Агар шавқи ҷамоли ӯ дили моро кунад  равшан,

Ба гирди шамъи рӯи он парӣ  парвона хоҳам шуд.

Дар ин кӯҳу биёбон гаштаам чун зори дидораш,

Ҷунуни ишқ бар сар, бар дари майхона хоҳам шуд.

Чу умри Исмати зорат ба ҳиҷрони ту охир шуд,

Ба ту эй гулпарӣ дар он ҷаҳон ҳамхона хоҳам шуд.

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаротоқи ноҳияи Ҳисор дар оилаи дуредгар таваллуд шудааст.

Соли 1930 дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва баъди муддате ба вазифаи роҳбари қисми адабии театри мусиқавии драмавии Ленинобод ба номи Пушкин кор мекунад. Соли 1935 ба кори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузашта, вазифаи мудири шуъбаи ташкилии оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро адо менамояд. Соли 1939 раиси правления интихоб мегардад. Соли 1942 ба Главлит ва соли 1943 ба Управленияи санъати республика сардорӣ мекунад. Аз соли 1946 то рӯзи фавт раиси Иттифоқи нависандагон буд.

Соли 1951 академик интихоб шуд.

Фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода аз соли 1929 оғоз меёбад. Аввалҳо дар соҳаи наср қувваозмоӣ карда, дар саҳифаҳои матбуот бештар бо очерку ҳикояҳо баромад мекунад, ки баъзе намунаҳои ин қабил асарҳои насрии ӯ дар маҷмӯаи «Байрақи зафар» (1932) гирд оварда шудаанд. Тасвири воқеаҳои айёми инқилоб, ҷангҳои ҳамватанӣ ва муборизаҳои синфӣ, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши комсомол ва комёбиҳои сохтмони рӯзгори нав мавзӯи асосии очерку ҳикоя ва нахустин шеърҳои ӯ қарор гирифта буданд.

Соли 1935 яке аз асарҳои калони манзуми ӯ «Манзараҳои Хуҷанд» («Ба эҷодкорон») дар журнали «БАС» чоп мешавад, ки дар он меҳнати садоқатмандона ва бунёдкорона тавсиф ёфтааст.

Достонҳои «Офтоби мамлакат» (1936), «Хазон ва баҳор» (1937) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд.

Соли 1939 маҷмӯаи дигари Мирзо Турсунзода бо унвони «Шеърҳо» аз чоп мебарояд, ки асарҳои дар васфи Ватан ва нашъунамои он («Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо»), доир ба воқеаҳои байналхалқӣ («Аз оташ ҳазар кун», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия») ва ғайра навиштаи шоирро дар бар гирифтааст. Як силсила шеър ва манзумаҳои ӯ ба гузашта ва имрӯзаи кишвари тоҷик, кашфи сарватҳои он, бинокорӣ ва иншоотҳои бузурги республика бахшида шудаанд: «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» (1940) ва амсоли онҳо.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавқеи марказӣ ишғол менамояд. Шеърҳои ватандӯстонаи ӯ «Хайр, модари азиз», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) дар солҳои ҷанг хеле шӯҳрат ёфта, мақбули хонандагон гардида буданд. Дар достони «Писари Ватан» (1942) ғояи дӯстии халқҳо ифода ёфтааст. Достони «Арӯс аз Москва» (1945) низ ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.

Соли 1947 асарҳои мунтахаби шоир «Тӯҳфаи ҷавонӣ» нашр мегардад.

Эҷодкорона аз худ кардани анъанаи назми халқӣ ва классики тоҷик, баҳра бурдан аз комёбиҳои адибони халқҳои бародар ва омӯхтани таҷрибаи устодони назми рус боиси такмили маҳорат ва маданияти шоирии Мирзо Турсунзода гардид. Эҳсоси набзии замон, дарёфтани мавзӯъҳои тоза ва ифодаи фикрҳои бикр, забони фасеҳу равон, тасвироти рангин ва оҳанги нарми лирикӣ сабки мухсуси ӯро дар шеъри имрӯз фароҳам овардааст. Зуҳуроти барҷастаи ин хама фазилатҳои эҷодиёти шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947) мебошад, ки аз таассуроти сафари ӯ ба мамлакати Ҳинд ба вуҷуд омадааст. Соли 1948 барои қисми якуми ин силсилаи шеърҳо: «Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас» ба дарёфти Ҷоизаи адабии давлатии шӯравӣ мушарраф мегардад.

Пас аз ин, чанд маҷмӯаи шеърҳо ва китобҳои шоир ба табъ мерасанд, ки дар қатори мавзӯъҳои муҳими дохили мамлакат мавзӯи байналхалқӣ, сулҳу амният ва дӯстии байни халқҳо мавқеи намоёнро ишғол намудааст: «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Мавҷи табрикҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон», «Қиссаи машҳур» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958, бо ҳуруфи арабӣ) ва ғайра.

Достони «Ҳасани аробакаш» (1954) ба масъалаи тадриҷан дар ҷараёни сохтмони ҳаёти нав тағйир ёфтани шуур ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик, дар мубориза бо бақияҳои дунёи кӯҳна ғалаба кардани ҷиҳатҳои нави зиндагӣ бахшида шудааст. Дар силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» (1957) муҳимтарин воқеаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халқҳои Осиё ва Африқо тасвир ёфтааст. Соли 1960 барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» ба шоир ҷоизаи адабии давлатии Ленин дода мешавад. Соли 1961 ин ду асар дар як ҷилд дубора нашр мегардад.

Соли 1960 достони нави ӯ «Ҷони ширин» дар моҳномаи «Шарқи Сурх» чоп мешавад. Ин асар бо тасвироти хеле дилчаспи лирикӣ нигориш ёфтааст. Соли 1963 барои ин асар ба Ҷоизаи адабии давлатии Рӯдакӣ сарфароз мегардад. Ба дарёфти ҷоизаи комсомолии Тоҷикистон низ мушарраф шудааст.

Соли 1964 бо ҳамроҳии Б. Раҳимзода достони «Роҳи нури офтоб» – ро меофарад, ки ба дӯстии халқҳои тоҷик ва рус бахшида шудааст. Шеърҳои дар солҳои охир навиштаи ӯ дар маҷмӯаи «Ҷони ширин» (1965) гирд оварда шудаанд. Достони «Аз Ганг то Кремл» ва силсилаи шеърҳои «Посбони оташ» аз шоҳкориҳои солҳои охири ҳаёти адиб аст.

М. Турсунзода як қатор асарҳои саҳнавӣ таълиф намуда, дар тараққиёти дроми тоҷик низ ҳиссаи пурбаҳо гузоштааст. Аз ҷумла: песаҳои «Ҳукм» (альманахи «Тӯҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драммаи манзуми «Хисрав ва Ширин» (1936, бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ), дроми мусиқавии «Шӯриши Восеъ» (1939, бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ, соли 1941 дар асоси он якумин либреттои тоҷикиро ба вуҷуд меоварданд), либреттоҳои «Тоҳир ва Зуҳро» (1944), «Арӯс» (1945). Соли 1965 студияи «Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияи ӯ филми бадеии «Ҳасани аробакаш» – ро ба вуҷуд меоварад.

Филмҳои ҳунарии «Бо амри дил» ва «Субҳи Ганг» низ аз рӯи филмномаҳои ӯ офарида шудаанд.

Дар соҳаи ҷамъ ва нашри фолклори тоҷик хизмати шоистае кардааст. Яке аз аввалин маҷмӯаҳои эҷодиёти шифоҳии халқ «Намунаи фолклори тоҷик» (1940, 1954, 1957) бо саъй ва иштироки ӯ нашр гардидааст.

Доир ба масъалаҳои адабиёт, драматургия ва театр як силсила мақола ва рисолаҳои адабию танқидӣ ва инчунин дар мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публисистӣ навиштааст.

Асарҳои Пушкин, Шевченко, Некрасов, Ҷамбул, Шота Руставели, Рашидов, Зулфия ва дигаронро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Аз соли 1947 инҷониб ба бисёр кишварҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Америка сафар карда, дар конгресс ва конфренсияҳои байналхалқӣ иштирок намудааст.

Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вакили мардумӣ дар порлумони ҷумҳурӣ ва шӯравӣ, раиси Кумитаи ҳамдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо, узви Кумитаи шӯравии Сулҳ, узви Кумитаи Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, раиси Кумитаи мукофоти адабии давлатии Рӯдакӣ буд.

Бо се ордени Ленин, орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Соли 1961 аввалин маротиба ба ӯ номи Шоири халқии Тоҷикистон дода шуда, аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагон буд.

Моҳи сенябри соли 1977 даргузаштааст.

Ватан

Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,

Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.

Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам,

Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он сӯйи уқёнус бишнидам садои ту.

Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд,

Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту.

Ба вақти бозгаштан чун расидам бар ҳудудат ман,

Зи сар то по шудам мафтуну шайдои намудат ман.

Нишастам дар замини ту, паридам дар ҳавои ту,

Ба овози дурудат ман, ба оҳанги сурудат ман.

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

 

         Бозгашт

Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.

Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он,

Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.

Хешро мебинам акнун боз дар оғӯши ӯ,

Боз мехонам суруди тозае дар гӯши ӯ.

Боз мегирам нафас ман аз ҳавои беғубор,

Боз менӯшам ман об аз чашмаи пурҷӯши ӯ.

Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,

Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.

Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,

Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.

Ман аминам, мерасад ҳар як садои мо ба ӯ,

Ҳар як овози пур аз меҳру вафои мо ба ӯ.

Кӯҳсорон ҳеҷ натвонанд сади раҳ шаванд,

Мебарад бӯйи муаттарро ҳавои мо ба ӯ.

Носирҷон Маъсумӣ

Носирҷон Маъсумӣ 2-юми майи соли 1915 дар деҳаи Қаротоқи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

Соли 1930 курси дусолаи муаллимии Самарқандро хатм карда, шаш сол дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакат муаллим буд.

Соли 1940 рисолаи номзадиро дифоъ кард.

Аз соли 1956 ҷонишини бахши илмии раиси донишгоҳи омӯзгории Душанбе, устоди мактаби ҳизбӣ, аз соли 1959 раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ буд. Соли 1966 узви вобастаи АУ Тоҷикистон интихоб гардид.

Фаъолияти адабиаш аз нимаи дуввуми солҳои сӣ ҳамчун шоир шурӯъ шуд. Шеъру таронаҳои ӯ ҳаёти нав, диловарии мардуми шӯравиро дар ҷанг ва ақибгоҳ тараннум мекарданд.

Сурудҳои «Дӯстдорат гаштаам» ва «Зуд биё» то имрӯз шӯҳрат доранд.

Фаъолияти илмии Н. Маъсумӣ пурсамар аст. Соли 1962 рисолаи пурарзиши ӯ «Адабиёти тоҷик дар асри XVIII ва нимаи авали асри XIX» ба табъ расид. Вай дар масъалаи инкишофи забон, махсусан дар таҳқиқи забони асарҳои устод Айнӣ заҳматҳо кашидааст. Мақолаҳояш дар китоби «Очеркҳо оид ба инкишофи забони адабии тоҷик» (1959) гирд омадаанд. Дар китоби «Фолклори тоҷик» (1952) бори аввал кӯшиши муайян кардани намудҳои адабиёти шифоҳӣ сурат гирифтааст. Солҳои 1962 ва 1966 бо ҳамкории М. Холов «Намунаҳои фолклори Афғонистон» ба нашр расонд

Мақолаҳояш дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти «Туғрал» (1964), М. Турсунзода (1960, 1962), М. Раҳимӣ (1961), Ҳабиб Юсуфӣ ва дигарон пурарзишанд.

Китоби дуҷилдаи ӯ «Асарҳои мунтахаб» (1978, 1980) беҳтарин асарҳои ӯро фароҳам овардааст.

Дар таълифи китобҳои дарсӣ, таҳриру танзими «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ду ҷилд – 1969, 1970), «Луғати русӣ – тоҷикӣ» (1969), мақолоти Энсиклопедияи тоҷик саҳм гирифтааст.

Ходими шоистаи илми Тоҷикистон аст.

Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон буд.

Бо чанд нишон ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Аз соли 1940 узви ИН аст.

16 августи соли 1974 даргузаштааст.

Мустафо Шарқӣ

Мустафо Шарқӣ (Назаров) 11-уми октябри соли 1920 дар деҳаи Қаротоқи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст.

Дар омӯзишгоҳи саноат таҳсил кардааст. Котиби масъули рӯзномаи Норак буд. Соли 1940 ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд. Иштирокчии ҷанг аст, артиллерист буд. Соли 1946 баргашт ва дар нашрияҳои баччагона кор кард.

Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикояҳо барои баччагон «Ҷӯраҳо» (1958), «Ёрдамчии бобо» (19600, «Одам ва шер» (1961), «Кабӯтарони сулҳ» (1964) мебошад. Соли 1965 китоби ҳикоя ва очеркҳояш бо номи «Меҳри модар» аз чоп баромад. Маҷмӯаи «Ҳикояҳо» (1975) ва повести «Таркиши охирин» (1978) ба табъ расид.

Бо нишони ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Аз соли 1961 узви ИН мебошад.

5 октябри соли 1985 даргузаштааст.

Ҳамид  Обидӣ

Ҳамид  Обидӣ  соли  1911 дар гузари Қорихонаи деҳаи  Қаротоқ, водии  Ҳисор дар оилаи  бофанда  ба дунё омадааст. Модараш  Зулайхо, баъди ба анҷом расонидани корҳои  хона  ба  чархресӣ машғул мегашт. Чӣ  тавре  ки холаи  Обидӣ, бибии Нусратой қисса карда буд,  модараш зани хушгуфтор  ва маслиҳатгари занони гузар будааст.

Падараш  Обидбой  ном дошту қашшоқона бо косибӣ  рӯз  мегузаронд. Ӯ  ду  духтару як писар дошт: Бибираҷаб,  Ҳикоятой  ва  Ҳамид. Обидбой  писарашро дар  сини  8-солагиаш  ба  мактаби  кӯҳна  (аниқтараш  ба  мадрасаи Қорихона)  бурд.  Ҳамид  дар  он  ҷо  ду  сол  савод  омӯхт.  Соли  1920 Обидбой   аз  олам  гузашт. Ҳамиди  даҳсола  мактаби  кӯҳнаро  тарк  карда ба  мардикорӣ  машғул  шуд,  то  ки  ба  оила  мадад  расонад.

Ба  бахти  Ҳамид  соли  1921  ба  Қаратоқ  аз  Бухоро  аскарони  сурх  омаданд. Камбағалон  ба  рӯзҳои  саодатманди   озодӣ расида,  орзуҳояшон  ҷомаи  амал  пӯшиданд. Соли  1924  Иброҳим Юсуфӣ, Ҳамидро ба мактаб-интернати Қаротоғ  овард. Ӯ  ҳамроҳи  дигар камбағалони деҳа  монанди Мирзо  Турсунзода,  Камол  Имомов,  Мухтор  Ғуломов ва чанде дигарон дар ин мактаб таҳсил кард. Соли 1925  ба  сафи  комсомол   дохил  шуд,  бори  нохуст ба  Душанбе   рафта  чун  комсомоли  фаъол  ном   баровард. Бинобар   ҳамин , ӯро  Бюрои  ташкили КМ  ЛКСМ  Тоҷикистон    дар қатори  дигар  фаъолон барои  ташкили шохаҳои (ячейкаҳои)  комсомолӣ  ба  Қаротоғ  вобаста  намуд.    Ҳамид Обидӣ  баъди  ду соли  таҳсил  дар  мактаб- интернати Қараатоғ  вазифаи  кашшофиро  адо  намуд.   Аммо  фикри   идомаи таҳсил ӯро  ором намегузошт. Соли 1928 Ҳамид Обидиро ба Донишкадаи  муаллимтайёркунии Тошканд  фиристоданд.  Пас  аз  хатми  донишкада  дар  Қалъаи  Хум  муҳаррири  рӯзномаи  ноҳиявӣ   таъин  шуд.  Баъди  чанд  вақт   боз  ба   Душанбе  омад.

Ҳамид Обидӣ дар давраҳои  гуногун дар  рӯзномаҳои   «Тоҷикистони  сурх»,  «Ҷавонони  Тоҷикистон»,  «Васияти  Ленин»  ва   «Пионери  Тоҷикистон»    чанде  ходиму  муҳаррир  шуда  кор  кард.  Инчунин  котиби  КМ  ЛКСМ  Тоҷикистон   низ  интихоб  шуда  буд.

Дар  баробари  рӯзноманигорӣ,  ӯ  шеър  ҳам  менавишт.  Таҳти  унвони «Қадамҳои  Комсомол»    соли 1932  достони  нахустин  ва  чанд  ҳикояи  ӯ  дар  шакли  маҷмӯа  чоп  шуд.  Соли  1935  ӯро  ба  азогии  Иттифоқи Нависандагони ИҶШС қабул  карданд. Баъди  ин  фаъолияти  адибии  Ҳамид Обидӣ  рӯ ба нумӯъ  ниҳод. Соли  1938  маҷмӯи «Овози  мо» ва «Ҳадя»  ба  чоп  расид. Соли  1939  бо  ҳамкории  А. Усмонов    песаи  «Пионер  дар  сарҳад»  ва  «Ғаюр»-ро  навишт.

Соли  1941  ба  сафи  ҲКИШ   доҳил  гардид.

Ҷанги  хонумонсӯз  сар  шуду  нақшаҳои   эҷодии  Ҳамид Обидӣ  дигар  шуданд. Соли  1942  як  қатор  коркунони  комсомолии  ҷумҳурият  бо  қарори  КМ  ВЛКСМ  ба  курси  коркунони  сиёсии  назди  Шӯрои  ҳарбии  қӯшунҳои  десантии  ҳавоӣ  даъват  шуданд, ки  Ҳамид Обидӣ   низ  дар  он  қатор  буд.

Баъди  хатми  таҳсил  лейтенант Ҳамид Обидӣ дар  муҳорибаҳои  шадиди Украина,  назди  Москва  ва  Камонаки  Курс  иштирок  карда,  силоҳу  қалами  буррои  хешро  бо  мақсади  маҳви  душмани  хунхор  истифода  намуд. Ҳамид  Обидӣ  бо  сари  баланд  аз  ҷанг  баргашт. Аммо  захмҳои  дар  ҷанг  гирифтааш  нагузоштаанд, ки хизмати  халқашро давом диҳад. Ӯ 18-уми марти соли 1948 дар деҳаи  Қадиҷӯйбори  ноҳияи  Шаҳринав  дар  ҳавлии  ҳамширааш  аз  олам чашм пӯшид.

Ҳамид Обидӣ  дар  қатори  мақолаҳояш  ашъори  хондание  ба  мо  мерос  гузоштааст.  Достони  «Ҷавонӣ ва қаҳрамонӣ» – и худро  шоир  ба қаҳрамонҳои  майдони  ҷанг   Александр  Матросов   ва  Ҳодӣ  Кенҷаев  бахшидааст.

Барои  шаҳри  Курск  аз  дилу  ҷон,

Чунин  ҷангид  бар  зидди  фашистон,

Шариконаш  шаҳид  гардида  буданд,

Чу  гул  дар   хуни  худ пӯшида  буданд…

21  сентябри  соли  1943  бо  Укази  Президиуми  Шӯрои  Олии   ИҶШС  ба  Ҳодӣ  Кенҷаев  унвони  Олии  Ватан  –  Қаҳрамони  Иттифоқи  Советӣ  дода  шуд. Ҳамид  Обидӣ  дар  ин  хусус  чунин  навиштааст:

Варо  хонданд:  «Шери  Тоҷикистон!»

Бигуфтанд:  «Зинда  бош,  эй  марди  майдон!»

Ватан  хондаш  варо  фарзанди  ҷонӣ.

Бидодаш  номи  неки  қаҳрамонӣ.

Ҳамид Обидӣ барои  хизматҳои  шоёнаш  дар  назди  халқу  Ватан  бо  медалҳои ҷангӣ, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии  ҶШС  Тоҷикистон  қадр  карда  шудааст.

Доираи адабии охирҳои асри ХХ ва аввали асри ХХ1

Доираи  адабии  насли сеюми  шаҳри Турсунзода  аз  солҳои  80- уми қарни  XX   ибтидо  мегирад.  Аз  ин  давра  шурӯъ  карда  як идда ҷавонони қаламкаши  соҳибистеъдод-рӯзноманигорону  шоирон ва нависандагон ба майдони адабиёт ворид  шуданд, таи  30 – соли  охир  анъанаҳои  неки  доираҳои  адабии Қори Домуллоҳ ва  ҳамзамонони  Мирзо  Турсунзодаро  идома  дода, шеъру достон, ҳикояву  қиссаҳо, рисолаву ёддошт, таронаву  лавҳаҳои лирикии марғуб эҷод кардаанд. Як ҷиҳати  фарқкунандаи ин  замон дар он аст, ки  бисёр  адибони  ӯзбекзабон  ба  доираи  адабии  шаҳр  пайвастанд  ва имрӯз  анъанаҳои  хешутаборӣ  ва дӯстии  ду  халқи бародарро  тақвият  мебахшад.  Ба адибони  тоҷикзабон  насли сеюм  мо  метавонем шоир Абдуқаҳҳори Қосим, Файзалӣ  Шукур, Руҳуллоҳи Ҷӯрабой,  Сотими Ҳисорӣ, Кӯҳсорӣ  (Норқул Рабиев), Шодӣ  Турсун, Турсун Шукур, Шарифаи Аъламзод, Садриддини Ҳидоят, Қудбиддини Ҳидоят, Абдуқодири Соҳибдил, Фирӯз Холиқов, Акрам  Икромӣ, Олимшоҳ Ҷамилзода, Шарофат Турсунзода, Садриддин Ҳидоятов, Собир Содиқов, Фирӯза Мӯминова шоири тоҷикзабон, ки бо забони рӯси эҷод мекунад узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Музаффар Ҳайдаров ва адибони  ӯзбекзабон  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳасанбой Ғоиб, Турғуналӣ  Абдуллоев, Ҳабибулло Дӯст, Абдумаҷид Бойхонов, Ҳофиз   Мирзо, Эркин Шукур, Ҳомид Обидхӯҷаев, Саида Умарқулова, Абдухолиқ  Юсуфов,   ва  дигаронро  метавон ном бурд.