САФАРИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Дар доираи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея, ки ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз 40 нафар иштирокчиёни ин ҳамоиши иқтисодӣ имрӯз ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Меҳмононро раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам пазироӣ ва бо як қатор корхонаҳои саноатӣ ва имкониятҳои иқтисодии шаҳр шинос намуданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ иштирокчиёни Форум дар осорхонаи ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” бо маҳсулот ва имкониятҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.
Зимни боздид аз корхонаи “Алюмин Проф” доир ба фаъолияти меҳнатӣ ва намудҳои маҳсулоти истеҳсолии корхона маълумот пешниҳод гардид.
Аз ҷониби роҳбарият ва мутахассисони корхонаи маҳсулоти хӯрокаи ҶДММ “Сардор 2008” ба соҳибкорону сармоягузорони Корея намудҳо, ҷараёни истеҳсоли маҳсулот ва таҷҳизоту технологияи корхона маълумот манзур карда шуд.
Поделиться