Акрамзода Парвиз Акрам
Аз 8 июни соли 2020 дар мансаби раиси шаҳри Турсунзода кор мекунад.
*Соли таваллуд 24 марти соли 1980
*Ҷои таваллуд ноҳияи Шаҳринав
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ *соли 2003 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (рӯзона) ва соли 2013 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм кардааст.
*Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон, идоракунии давлатӣ
*Унвони илмӣ надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, туркӣ, ӯзбекӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум), Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода
*Аъзои кадом ҳизб аст – Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – дорандаи медали “Хизмати шоиста”
*Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1999-2003 | Мутахассиси дараҷаи аввали Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2003-2004 | Сармутахассис – муҳосиби Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсолию тиҷоратии дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – 90», шаҳри Душанбе |
Солҳои 2004-2005 | Сармутахассиси корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» – и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2005-2014 | Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон – Турон – Инвест», шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2014-2015 | Муовини раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2015-2018 | Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода |
Солҳои 2018-2020 | Раиси ноҳияи Ховалинг, вилоятиХатлон |
Аз июни соли 2020 | Раиси шаҳри Турсунзода |