Таҷлил

ТАНТАНАИ   РӮЗИ МОДАР

Имрӯз дар кохи “Дӯстӣ”-и  шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Нахуст раиси шаҳр Абдуқодир Вализода модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки агар баҳор арӯс ва олиҳаи ҳусни сол маънидод шавад, пас Зан – Модар рамзи покӣ, озодагию назокат  ва меҳрубонию садоқат ба ҳисоб меравад. […]

Таҷлил

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-КАФИЛИ ЗИНДАГОНИИ ОСОИШТА

Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон ва фаъолони шаҳр бахшида ба 26-солагии Рӯзи Қувваҳи мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд. Дар ибтидо аз ҷониби Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва […]

Таҷлил

МАВЗӮИ ҲУНАР ВА ҲУНАРМАНДӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Тибқи қарори иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО солҳои 2018-2019 400-умин солгарди таваллуди шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ҷашн гирифта мешавад.  Бахшида ба таҷлили 400-умин солгарди таваллуди шоир Сайидои Насафӣ тӯли солҳои 2018-2019 баргузории барномаҳои гуногун, аз ҷумла, конфронсу семинарҳо, намоишгоҳҳо, суҳбату ҳамоиш ва барномаҳои ҳунарӣ ҷараён мегиранд. Хусусан ба ифтихори шоир дар саросари […]

Таҷлил Хабарҳо

ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Имрӯз сокинони шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол   гирифтанд. Ба ифтихори ин нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқ ва таҷассумгари озодиву Истиқлол бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинони шаҳр роҳпаймоии идона баргузор шуд. Бо иштироки раиси шаҳри […]

Таҷлил Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АБДУҚОДИР ВАЛИЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ҳамдиёрони азиз, Имрӯз мо дар қатори тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем. Боиси сарфарозӣ аст, ки дар Ватани маҳбуби мо чанде қабл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони зиёди хориҷӣ агрегати якуми […]

Таҷлил

Табрикоти раиси шаҳри Турсунзода  Вализода Абдуқодир Исуф ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Ҳамдиёрони азиз, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо қабул гардида, ба рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Дар асоси моддаи якуми Конститутсия  –  Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон […]

Таҷлил

ЗИ ИСТИҚЛОЛ МУНАВВАР МУЛКИ АҶДОДӢ

Санаи таърихии 9 сентябр торафт наздик  мешавад. 27 сол қабл дар ин рӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин воқеа дар ҳаёти сиёсии мардуми Тоҷикистон муҳиму фараҳбахш дониста шуд. Бо соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар роҳи истиқлол бо мақсади баланд бардоштани иқтисодиёт, некӯаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошт. Аз ҳама муҳим, […]

Таҷлил Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

  Ба муносибати 73-солагии Рӯзи Ғалаба ба 10 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Турсунзода мукофотпулии якдафъаина супорида шуд. Дар арафаи Рӯзи Ғалаба сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф собиқадорони ҶБВ-ро аз шаҳри Турсунзода аз номи Президенти Ҷумҳурии […]

Иҷтимоиёт Таҷлил Фарҳанг Хабарҳо

ЁДИ ШОИРИ ШАҲИР

Ёди ту, эй шоири ширинкалом, Рӯи дунёро мунаввар мекунад. Бемуҳобо шеъри нобу дилкашат, Ҷумла дилҳоро мусаххар мекунад. (Абдуқаҳҳори Қосим) Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоѓи ноҳияи Ҳисор дар оилаи дуредгар таваллуд шудааст. Соли 1930 дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошкандро ба итмом расонида, ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» […]