Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия ва шароити мусоид барои таҳсил дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунёд ва ба истифодадиҳии беш аз 160 синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад. Ин иқдоми муҳим дар деҳоти Қаратоғ низ муташаккилона ба роҳ монда […]
Маориф
СУҲБАТ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ МТМУ№38
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни боздид аз шароити таҳсил дар МТМУ№38 бо хатмкунандагони муассисаи мазкур суҳбат баргузор намуд. Раиси шаҳр иброз дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат ҷиҳати омӯзиши илму фан ва касбу ҳунар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳар як ҷаавонро мебояд ҷиҳати андӯхтани илму фан кӯшиш […]
ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Бо ташаббуси мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорону саховатмандони маҳаллӣ дар назди МТМУ №45 бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, ҷалби насли наврас ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ толори варзишӣ сохта, мариди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти мазкур муовини раиси шаҳри Турсунзода Собирзода Ғ.М. иштирок намуда, барои […]
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ УСМОНЗОДА УСМОНАЛӢ АЗ ҶАРАЁНИ БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ ва иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Бунёди авруосиёии пойдорӣ ва рушд (ЕФСР), инчунин роҳбарияти шаҳр ва масъулини амалисозии лоиҳаи мазкур дар майдони сохтмон машварати корӣ доир гардид. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз […]
ОҒОЗИ КОРҲО ДАР САМТИ БУНЁДИ МАКТАБ АЗ ҶОНИБИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Гурӯҳи кории амалишавии лоиҳаи сохтмони муассисаи таълимӣ бо забони русӣ – фармоишгари лоиҳа Фонди аврупоии рушд ва тараққиёт аз майдони сохтмон ва оғози корҳои амалигардида дидан намуд. Раиси шаҳри Ту рсунзода Акрамзода П.А. қайд намуд, ки ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ майдон омода гардида, ҳуҷҷатгузориҳо, бунёди роҳу пулҳо муташаккилона идома доранд. Тибқи нақша моҳи апрели соли […]
БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. зимни баргузории қабули сайёри шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Қатароғ, инчунин бо рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ ва фаъолияти Маркази инкишофи кӯдак дар назди МТМУ№37 шинс шуд. Тибқи маълумоти директори муассиса Раҷабов Ашуралӣ 70 фоизи корҳои сохтмонӣ дар толори варзишӣ ба анҷом расида, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии […]
ОҒОЗИ БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ВА ТАЪМИРИ МАКТАБ
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, дастгирии соҳибкорону фаъолон имрӯз дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регар ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ ва таъмири бинои МТМУ № 68 ба корҳои созанда оғоз бахшида шуд. Зимни мулоқот бо раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. фаъолони деҳа иброз доштанд, ки майдончаи варзишӣ ва таъмири муассисаи таълимӣ дар доираи […]
БУНЁДИ МАКТАБ -БА ПЕШВОЗИ ҶАШНВОРА
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави муассисаи таълимии №49 воқеъ дар деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов шинос шуд. Сохтмони иншооти мазкур дар доираи Нақшаи чорибиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нурматов Ӯрунбой ба нақша гирифта шудааст. […]
ИДОМАИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ БОҒИ ИРАМ
Дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои созанда, хусусан дар самти маориф бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва биноҳои нави таълимӣ муташаккилона идома дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов дар назди МТМУ 25 мавқеъ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навободи […]
ТАҲСИЛ ДАР БИНОҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ
Хонандагони муассисаи таълимии №29, деҳаи Обшорон ва муассисаи таълимии №69 – и деҳаи Зиёраттути ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода соли нави таҳсилро дар биноҳои нави таълимӣ оғоз намуданд. Ба ин муносибат иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар баргузории чорабинии Рӯзи дониш ширкат варзида, иброз дошт, ки Ҳукумати кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои […]