Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати Акрамзода Парвиз Акрам ва иштироки муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулини корхонаву ташкилот ва дигар фаъолон маҷлиси васеъ баргузор шуд. Дар ибтидо аз ҷараёни корҳои анҷомёфта, инчунин натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва иҷрои Барномаву стратегия ва консепсиҳои соҳавӣ муовини […]
Хабарҳо
БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД…
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ СЕЛ ДАР ДЕҲАИ ФАЙЗБАХШ Баъд аз боришоти зиёди шаби 5 май, ки дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият офати табиӣ рух дода, бо омадани сел роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои сел ба […]
ҚАДРШИНОСИИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН
Дар арафаи 77-солагии Рӯзи Ғалаба аз ҷониби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода ба собиқадорони ҶБВ ва меҳнаткашони ақибгоҳ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Диловарони майдони ҶБВ ва корзори ақибгоҳ барои имрӯзу фардои гулафшони Ватан дасти дуои нек бардоштанд. и
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ СЕЛ
Дар натиҷаи боришоти зиёди шаби гузашта дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият об аз маҷрои каналу заҳбурҳо ва селбурҳо баромада, роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, ки баландии он аз 50 то 70 см-ро ташкил медиҳад. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр […]
БА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ АБАДЗИНДА
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати ҳифзи хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои Аврупо миллати тоҷик дар майдонҳои ҷанг далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст. Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан […]
ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ
Ба истиқболи 77 – солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд. Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам Пешвои […]
ТУРСУНЗОДА – ДИЁРИ АНГУРИ БОЛАЗЗАТ ВА ШАҲРИ САНОАТӢ
Таҳти унвони ТУРСУНЗОДА – ДИЁРИ АНГУРИ БОЛАЗЗАТ ВА ШАҲРИ САНОАТӢ дар ҳамкорӣ бо Ширкати байнидавлатии симо ва садои “МИР” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои саноат, кишоварзӣ ва фарҳангу сайёҳии шаҳри Турсунзода филми мустанад ба навор гирифта шуд, ки онро пешниҳоди ҳамдиёрон мегардонем. Инҷо тамошо кунед https://www.youtube.com/watch?v=4yrCZykrxYg&t=71s YOUTUBE.COM Турсунзаде – родина самого вкусного винограда и индустриальный […]
САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои созанда гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дод. Дар ибтидо раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам гурӯҳи кориро бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос намуд. Дар гармхонаҳои Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиев ва ба номи Ҷӯра […]
ЭҲСОНИ СОМОНИЁН”-ДАСТГИРИ НИЁЗМАНДОН
ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ “ЭҲСОНИ СОМОНИЁН” аз ҷониби токпарвари машҳур Неъмат Усмонов таъсис гардида, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамарӯза беш аз 60 нафар маъюбу ниёзманд ва шахсони бепарасторро бо хӯроки гарм таъмин намуда, инчунин дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ кӯмакҳои моддӣ мерасонад. Имрӯзҳо низ ба муносибати моҳи мубораки Рамазон ин иқдоми нек ҷараён […]
ХИЗМАТ БА МОДАР-ВАТАН ШАРАФУ ИФТИХОР АСТ
Дар шаҳри Турсунзода ба муносибати сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва падару модарони наваскарон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни суханронӣ иброз дошт, ки “хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии […]