Фарҳанг

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ШАШМАҚОМ

Шашмақом аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Имрӯз ба муносибати Рӯзи Шашмақом дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода базми мақомасароӣ баргузор шуд. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия ҳунармандон ва мухлисони ин санъати асилро муборакбодӣ намуда, паёми […]

Таҷлил

ФЕСТИВАЛИ ИЛМИВУ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода дар доираи моҳномаи ҷавонон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фестивали илмиву фарҳангӣ баргузор шуд. Ҳамоиш таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, иштироки  намояндагони прокуратура, суд, иштирокчии Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷавонони фаъол  баргузор гардид. Зимни баргузории қисми илмӣ ба ҷавонон ёддоштҳои […]

Хабарҳо

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз зимни баргузории маҷлиси васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд, аз ҷониби раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам муаррифӣ карда шуданд Аз ҷумла, дар асоси фармоиши вазорату кумитаҳои дахлдор ва дар мувофиқа бо раиси шаҳри Турсунзода кадрҳои зерин: -Умарова Саодат ба вазифаи мудири шуъбаи умумӣ, назорат […]

Хабарҳо Ҳисоботҳо

МАҚСАД : ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТ ҶИҲАТИ ПЕШРАФТ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати Акрамзода Парвиз Акрам ва иштироки муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, масъулини корхонаву ташкилот ва дигар фаъолон маҷлиси васеъ баргузор шуд. Дар ибтидо аз ҷараёни корҳои анҷомёфта, инчунин натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва иҷрои Барномаву стратегия ва консепсиҳои соҳавӣ муовини […]

Хабарҳо

БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД…

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТИ СЕЛ ДАР ДЕҲАИ ФАЙЗБАХШ Баъд аз боришоти зиёди шаби 5 май, ки дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият офати табиӣ рух дода, бо омадани сел роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои сел ба […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ 77 –УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз зери парчами сулҳу дӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар баробари тамоми мардуми сулҳдӯсти сайёра 77-солагии Рӯзи Ғалабаи бузургро ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн гирифта, аз корнамоиҳои фарзандони миллати тоҷик, ки дар майдонҳои ин ҷанги фоҷиабортарини […]

Хабарҳо

ҚАДРШИНОСИИ ДИЛОВАРОНИ ВАТАН

Дар арафаи 77-солагии Рӯзи Ғалаба аз ҷониби ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Турсунзода ба собиқадорони ҶБВ ва меҳнаткашони ақибгоҳ кӯмаки моддӣ расонида шуд. Диловарони майдони ҶБВ ва корзори ақибгоҳ барои имрӯзу фардои гулафшони Ватан дасти дуои нек бардоштанд. и

Хабарҳо

БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ СЕЛ

Дар натиҷаи боришоти зиёди шаби гузашта дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият об аз маҷрои каналу заҳбурҳо ва селбурҳо баромада, роҳу заминҳои кишт ва манзилҳои истиқоматии сокинонро обу лой зер намуд, ки баландии он аз 50 то 70 см-ро ташкил медиҳад. Хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар шаҳр таҳти роҳбарии раиси шаҳр […]

Таҷлил Хабарҳо

БА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ АБАДЗИНДА

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати ҳифзи хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои Аврупо миллати тоҷик дар майдонҳои ҷанг далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст. Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан […]

Хабарҳо

ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

Ба истиқболи  77 – солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Турсунзода бо мукофотпулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд. Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ҷиҳати расонидани табрикот ва мукофотпулии муҳтарам Пешвои […]